Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз 27 соли созиши сулҳ. Ҷанг нест, аммо мухолифатҳо боқист


Аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн (ИНОТ) 27 сол гузашт. Мухолифон мегӯянд, ҳукумат Созишномаро вайрон кард. Назари мақомот баръакси ин аст ва онҳо поёни ҷанг ва рушди кишварро самараи Созишномаи сулҳ медонанд.

Созишномаи сулҳ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав имзо шуд. Ҳарчанд ҷанг дар Тоҷикистон поён ёфт, назари ду ҷониб ба санади сулҳ, тарзи иҷрои он ва натиҷаҳояш то ҳол ба ҳам зид аст.

Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов

Профессор Иброҳим Усмонов, мушовири пешини раисҷумҳури Тоҷикистон, чандин бор дар гуфтугӯҳо бо мухолифин ширкат дошт. Ӯ рӯзи 27-уми июн Созишномаи сулҳро иҷрошуда донист.

Зеро ба қавли Усмонов, "созишнома мардуми Тоҷикистонро аз ҷанг, душманӣ ва гуруснагӣ наҷот дод. Сулҳе ба даст омад, ки мардум тавонанд ба чашми якдигар нигоҳ кунанд. Ин натиҷаи меҳнати бисёр душвори ҳар ду ҷониб ва гумон мекунам пеш аз ҳама тарафи ҳукумат буд. Барои он, ки дар ин сулҳ ҳукумат чизи гум мекардагӣ дошт. Мухолифин чизи гум мекардагӣ надоштанд."

Намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ, як бахши Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, ба ин ҳарфҳо розӣ нестанд ва баръакс аз иҷро нашуданаш мегӯянд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзи 27-уми июн гуфт, барои собит кардани он ки Созишномаи сулҳ поймол шудааст, бояд ба мардум нишон дод, ки дар санад чӣ навишта шудааст.

"Тибқи Созишнома раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дигар ҳаққи президент шудан надошт. Ё инки Вазорати дифоъ ба мухолифон дода мешуд, ки нашуд. Ё инки 30 дарсади ҳокимияти иҷроия ба намояндагони мухолифин дода мешуд, ки ҳамагӣ 54 нафар ба ин ё он мақоми давлатӣ таъин гаштанд. Метавон даҳҳо мисоли дигар овард, ки ҳукумати Тоҷикистон ва бахусус Эмомалӣ Раҳмон ин созишномаро поймол кард," -- афзуд Кабирӣ.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Дар Тоҷикистон ҷанг нест, аммо мухолифатҳо мондааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00

Баъди 27 сол аз имзои созишномаи сулҳ, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар қудрат аст. Аз он тарафи созишномаи сулҳ касе дар ҳукумат намонд ва аз майдони сиёсии Тоҷикистон ронда шуданд. Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократ ва аз қумандонҳои мухолифон ҳам аз соли 2005 дар зиндон аст. Раиси феълии Ҳизби наҳзат мегӯяд, мухолифин аз ҳад зиёд ба ҳукумат бовар карданд.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

"Бузуртарин иштибоҳи мухолифин он буд, ки хеле зудбоварӣ нишон доданд. Мухолифин пеш аз онки мутмаин бошанд ва кафолати ҷиддӣ барои вайрон нашудани созишномаро аз касе, бахусус аз ҷомеаи ҷаҳонӣ гиранд, хеле зуд бандҳои созишномаро иҷро карда, худро халъи силоҳ намуданд," -- мегӯяд Муҳиддин Кабирӣ.

Иброҳим Усмонов, ки аз тарафи ҳукумат дар гуфтугӯ бо мухолифин ширкат кардааст, ба интиқоди мухолифин дар бораи нақзи созишномаи сулҳ розӣ нест. Чун ба гуфтаи Усмонов, созишномаи сулҳ барои давраи гузар, яъне барои давраи аз соли 1997 то 2000-ум пешбинӣ шуда буд.

"Моҳияташ ин буд, ки мо ба мардум мегуфтем, мо баробарем, касеро мехоҳед интихоб кунед. Агар ҳамин ҳуқуқро мухолифин истифода бурда натавониста бошанд кӣ гунаҳкор аст?»-мепурсад Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири раиси ҷумҳур.

27-уми май дар тақвими Тоҷикистон ҳамчун "Рӯзи Ваҳдати миллӣ" сабт шудааст ва рӯзи истироҳатист. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон имзои созишномаи сулҳ ва поёни ҷангро асосан натиҷаи кори ҳукумат ва бахусус президент Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Аз нақши тарафи дигар тақрибан чизе гуфта намешавад.

Баръакс, баъд аз соли 2015, расонаҳои давлатӣ талош мекунанд мухолифинро ҳамчун сабабгори сар задани ҷанги шаҳрвандӣ муаррифӣ кунанд. Дар ҳоле, ки Саид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбари вақти мухолифин мегуфт, зиёда аз ҳад гузашт кардааст.

Профессор Мартин Оуэр пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, сулҳ танҳо фазои бетиру туфанг нест, балки ҳолатест, ки касе ҷангро нахоҳад.

XS
SM
MD
LG