Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сайёди дигари тоҷик низ раҳо ёфтаанд


Мақомоти қирғиз мегӯянд, ду шаҳрванди дигари Тоҷикистонро, ки дар идораи пулиси Оқ- Чечак нигаҳдорӣ мешуданд, низ озод кардаанд.

Жениш Раззоқов, намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, тафтиши ин ҳодисаро бахши вилоятии кумитаи амният зери назар дошт ва қарор баровардааст, ки бинобар бехатар будани чор тоҷикистонии дастгиршуда онҳоро раҳо кунанд.

«Дар рафти таҳқиқи ҳодиса маълум карда шуд, ки онҳо дар ҳақиқат шикорчӣ будаанд ва нияти вайрон кардани қонунро надоштаанд», -гуфтааст Жениш Раззоқов.

Рӯзи 3 сентябр Шавкат Мамадҷонов, раиси ҷамъияти шикорчиҳои вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфта буд, сарҳадбонҳои қирғиз 2 сайёди тоҷикеро, ки рӯзи 1 сентябр вақти шикор дар минтақаи марзии Оқ-Чечек, дар канори ноҳияи Конибодом дастгир карда буданд, озод намудаанд. Вале мақомоти сарҳадбониву пулиси тоҷику қирғиз дар мавриди бозгардонидани 2 нафари дигари боздоштшуда ҳанӯз музокирот доштанд.

Ҳамакнун бо пахши хабари раҳоии боз д ушаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳамаи 4 шикорчии тоҷик, ки дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон боздошт шуда буданд ба озодӣ баромадаанд.

Бино ба хабари хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, сарҳадбонҳои ин кишвар рӯзи 1 сентябр дар ҳудуди деҳаи Оқ - Чечаки ноҳияи Бодканди Қирғизистон, ҳаммарз бо ноҳияи Конибодом, 4 шаҳрванди Тоҷикистонро вақти шикор бо силоҳ дастгир ва аз онҳо дар маҷмӯъ 5 камони шикорӣ мусодира карданд.

Мақомоти Қирғизистон шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷикро ба убури ғайриқонунии марз ва шикори ғайриқонунӣ айбор мекунанд. Ҳангоми боздошт онҳо бо худ чанд кабки сайдкарда ҳам доштаанд.

Ноҳияи Бодканд яке аз се ноҳияи вилояти Бодканди Қирғизистон бо ноҳияи Исфара ва каме бо ноҳияи Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Деҳаи Оқ – Чечаки ноҳияи Бодканд бо деҳаи Лоҳутӣ, воқеъ дар 25-километрии Конибодом ҳаммарз мебошад.

Шавкат Мамадҷонов, раиси ҷамъияти шикорчиҳои вилояти Суғд ба Озодӣ гуфта буд, дар наздики ин маҳал сайёдони тоҷик низ шикоргоҳе доранд ва барои шикори кабку заргӯш ва бузи кӯҳӣ ба онҷо мераванд. Аммо ба сайд моҳи октябр, ки мавсими тирамоҳии шикор оғоз меёбад, иҷозат дода мешавад. “Мо дар бораи шикоргоҳи Сиёҳкӯҳ, дар наздики Оқ - Чечек қарори расмии ҳукуматамонро дар даст дорем. Аммо қирғизҳо мегӯянд, ки ин замини онҳост. Хатти сарҳад ҳанӯз муайян карда нашудааст ва ягон аломат ҳам гузошта нашудааст,” - афзуд вай.
XS
SM
MD
LG