Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонгир Маҷидов дар Олимпиадаи Порис-2024 иштирок мекунад


Ҷаҳонгир Маҷидов
Ҷаҳонгир Маҷидов

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки имсол дар пойтахти Фаронса – Порис - баргузор мешавад, дар риштаи ҷудо дар вазни то 100 кило Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард.

Эргаш Маҳмадбеков, муовини аввали раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ин тасмими Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) мебошад. Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар феҳристи инфиродии олимпӣ дар байни варзишгарони вазнашон то 100 кило бо 1850 имтиёз дар ҷойи 32-юм қарор дорад, соҳиби квотаи қитъавӣ (Continental quota) гардид. Дар ин феҳрист квотаи қитъавии Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ки дар вазни то 60 кило бо 2034 имтиёз дар ҷойи 31-ум аст, бо сабаби ба меъёрҳо мувофиқат накардан бекор шуд.”

Ҷаҳонгир Маҷидови 24-сола давоми чанд моҳи ахир барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг ва Dushanbe Grand Slam 2024 шуда, дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мақоми ҳафтумро касб кардааст.

Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи имсол дар пойтахти Фаронса баргузор мешавад, бо шумули 14 нафар (11 кас бо роҳхати олимпӣ ва 3 нафар аз рӯи квота) иштирок хоҳанд кард.

Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кило ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2024 мушарраф гардиданд.

Қаблан варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 панҷ роҳхат гирифта буданд, ки сетоаш ба риштаи бокс, яктоӣ ба таеквондо ва гуштии озод марбут аст.

Дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифтаанд.

Роҳхати сеюмро Баҳодур Усмонов дар аввалин мусобиқоти ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки моҳи марти имсол дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор шуд, дар вазни то 63,5 кило ба даст овардааст.

Мунира Абдусаломова дар мусобиқоти имсолаи интихобии олимпӣ дар риштаи таеквондо дар қораи Осиё дар вазни беш аз 67 кило, ки моҳи март дар шаҳри Тайани Чин баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 гардид. Ин чаҳорумин роҳхати варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 ба шумор меравад.

Роҳхати панҷумро ба Бозиҳои олимпии соли 2024 Виктор Рассадин дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Истанбули Туркия доир гардид, ба даст овард.

Боз дар ду намуд – шиноварӣ (ду нафар – як марду як зан) ва варзиши сабук (як нафар) аз рӯи квота Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Порис-2024 намояндагӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, дар Олимпиадаи Токио-2020 ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик - Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳарсе дар риштаи бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҳарчор дар риштаи ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишонов (ҳарду дар шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) ноком шуда, бе медал монданд.

Зимнан, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чаҳор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

Ягона медали тиллои Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба гурзандоз Дилшод Назаров мутааллиқ аст. Ӯ соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст.

Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило сазовори медали нуқра гаштааст.

Дар Олимпаиадаи Пекин-20008 Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст.

Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар риштаи бокс миёни занон дар вазни то 60 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштааст.​

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG