Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик, албоми таронаҳояшро бо номи “Борон” то як ҳафтаи дигар ба бозор ироа хоҳад кард. Ӯ рӯзи 15 январ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, то ин дам тамоми таронаҳояш дар шакли ҷудогона тариқи дискфурӯшиҳо ба дасти мухлисон мерасиданд ва ҳоло мехоҳад даҳ таронаи навашро дар шакли як албом пешниҳод кунад.
Аммо чаро “Борон”?
Нигина Амонқулова мегӯяд, дар албоми нахустинаш таронаеро бо номи “Борон” сурудааст, ки аз чанд нигоҳ барои худи ӯ ҳам мақбул аст. “Борон худ як калимаи бисёр зебост ва ин суруд низ саропо дар васфи борон аст. Ман дар симои борон меҳру муҳаббати инсониро дар назар дорам ва худам бениҳоят зиёд борон ва ҳавои абриро дӯст дорам,” – афзуд ӯ.
Озодӣ: Аз меҳру муҳаббати инсонҳо гуфтед... Оё имрӯз дар ҷомеаи мо ин мафҳумро рӯшан эҳсос мекунед ва оё мардум ба меҳру муҳаббат ниёзи бештар пайдо кардаанд?
Нигина Амонқулова: “Ба назари ман, солҳои охир меҳру муҳаббати инсонҳо хеле камтар шудааст. Меҳру муҳаббат нисбат ба оила, ватан ва ёру дӯстон. Намедонам, сабабаш чист, вале бисёр кам шудааст. Шояд аз ташвишҳои рӯзгор бошад ва шояд ҳам аз ин ки мардум вақту соати бо якдигар дидор кардану нишастанро надоранд?”
Озодӣ: Шояд аз он ки бештар дар муҳоҷират ҳастанд...
Нигина Амонқулова: “Шояд...”
Озодӣ: Ахиран худи Шумо ҳам дар бораи дуриву муҳоҷират як тарона иҷро кардед. Оё ин мавзӯъ ба худатон дахл дошт ва ё танҳо хостед дар ин бора бисароед?
Нигина Амонқулова: “Ин сурудро як сол пеш бо пешниҳоди Созмони Байналмилалии Муҳоҷират хонда ва клипашро тайи ду моҳи охир сабт кардем. Мазмуну муҳтавои навори ин суруд ва матну оҳангашро низ худашон омода кардаанд. Лекин ба андешаи худам, ин суруди актуалии рӯз аст ва чуноне мебинем, мардум ба он зиёд таваҷҷӯҳ мекунанд.”
Озодӣ: Ба худатон ва зиндагии хонаводагии Шумо ин суруд оё рабте дорад ва оё нафаре аз наздиконатон низ дар муҳоҷират ҳаст?
Нигина Амонқулова: “Бале, ба ман низ ин суруд хеле пайванди мустақим дорад, зеро як бародари ман дар ғарибӣ аст, аммо намегӯям, дар куҷост. Аз ин лиҳоз, ба ман хеле таъсири амиқ дорад, чун дур аз наздикону пайвандон будан таҳаммулнопазир аст.”
Озодӣ: Аз Русия гуфтем. Оё ният надоред, ки барои иҷрои як барномаи ҳунарӣ ба назди муҳоҷирони тоҷик биравед?
Нигина Амонқулова: “Рости гап, ду-се соли охир ҳамватанон ва мухлисон дар Русия хоҳиш доранд, ки як барномаи консертӣ дар онҷо дошта бошам, вале фурсат пайдо намегардад. Аммо имсол ҷиддӣ пайи ин ҳастам ва дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия баргузории барномаҳои эҷодиамро дар назар дорам.”
Озодӣ: Дар ин соле, ки гузашт бисёр кампайдо будед ва дар барномаҳои консертӣ ва телевизионҳои давлатӣ низ зиёд зоҳир намешудед. Ҳатто ин ҳарфҳо буд, ки шумо ба Хуҷанд кӯч бастед...
Нигина Амонқулова: “На, ман ба Хуҷанд кӯч набастаам. Ба назари худам чанд соли охир дар саҳнаҳо ва телевизионҳои давлатӣ бисёр зуҳур кардам ва ин як каме хастакунанда буд. Худам ҳам хаста шудам. Аз ин лиҳоз хостам каме аз саҳна дур бошам ва канорагирӣ кунам. Аммо ҳамеша пайи эҷод ҳастам ва инак бо албоми нав боз пайи хидмати мухлисону шумо ҳастем.”
Озодӣ: То куҷо аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи суруду таронаҳоятон истифода мебаред?
Нигина Амонқулова: “Намедонам, чаро, вале ман аз интернет кам истифода мекунам. Бахусус аз шабакаҳои иҷтимоиву сомонаҳои гуногун. Ман аз ин роҳ ҳеч гоҳ зиндагӣ ва фаъолиятамро таблиғ накардаам.”
Озодӣ: Аммо дар ин шабакаҳо гуфтугузор дар бораи шумо ва зиндагиятон бисёр гарм аст. Оё аз ин баҳсу нуқтаи назарҳо ҳам огоҳӣ доред ва ба ин чӣ мегӯед?
Нигина Амонқулова: “Аз онҳо аслан огаҳӣ пайдо намекунам ва баъзеашонро бо гузашти моҳҳову солҳо мефаҳмам, ки дар бораи ман баъзе гапҳову маълумот нашр мегардад. Пештар бо шунидани ин ҳарфҳо бисёр асабӣ мешудам, вале ҳоло аҳамият ҳам намедиҳам ва барои эҷодам таъсир ҳам надорад. Чунки инҳо ҳамаашон гапу овозаҳои беасос ҳастанд ва бо истифода аз шумо мехоҳам ба мухлисонам расонам, ки ба ин гапу калочаҳо дода нашаванд. Ман ҳамеша пайи эҷоди суруду таронаҳо барояшон ҳастам.”