Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ёри мусофир"-и Нигина Амонқулова дар бораи муҳоҷират


Овозхони маъруфи тоҷик Нигина Амонқулова тарона ва клипи навашро бо номи "Ёри мусофир" ба бозор баровард, ки ба мавзӯи муҳоҷирати мардон ба Русия бахшида шудааст.

Нигина Амонқулова, овозхони саршиноси тоҷик, тарона ва клипи нави худро бо номи "Ёри мусофир" мунташир карда, ки ба мавзӯи муҳоҷирати мардон ба Русия ва аз ҳампошии оилаҳои тоҷик бахшида шудааст.

Таронаи ба тозагӣ сабтшудаи Амонқулова беш аз 5 дақиқа идома карда, дар клипи он саҳнае аз рӯзгори як зани тоҷик рӯи навор омадааст, ки шавҳараш ба муҳоҷират рафта, парастории оилаи хеш дар Тоҷикистонро фаромӯш мекунад. Аммо бо ин вуҷуд, ҳамсари танҳои ӯ ба тақдир тан надода, барои берун баромадан аз мушкилоти рӯзгор, давраҳои омӯзиши компютерро хатм мекунад ва аз ин роҳ шуғл пайдо карда, зиндагии худ ва фарзандонашро пеш мебарад.

Азамат Ҳусейниён, раҳбари ширкати "Huseniyon Production", ки ин тарона ва клипро сабт кардааст, рӯзи 3 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин навор бо дархости дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон таҳия шудааст. Ӯ афзуд, "чун Нигина дар миёни мардум аз маҳбубият бархӯрдор аст, онҳо тасмим гирифтанд, ки тариқи садои ӯ, мушкили азҳампошии хонаводаҳои муҳоҷиронро пӯшиш диҳанд ва аз сӯи дигар, муҳоҷиронро ба ҳифзи хонаводаҳояшон ташвиқу тарғиб кунанд."

Азамат афзуд, дар ҳоле ки бисёре аз ҳамсарони муҳоҷирон аз сӯи шавҳарҳояшон парасторӣ намешаванд ва дар чорсӯи зиндагӣ бо тифлони хурдсол қарор мегиранд, аммо онҳо тариқи ин клип як роҳи бурунрафт аз ин тангноро барои занон нишон додаанд.

"Дар клип саҳанае ҳаст, ки зан ба шавҳари муҳоҷираш борҳо занг мезанад, аммо шавҳараш муддати дароз посух намедиҳад. Ӯ бо тифлони хурдсол танҳо мемонад, аммо бо ин вуҷуд руҳафтода нашуда компютер меомӯзад. Баъдан дар ин клип мо нишон додем, ки зан ҷойи кор пайдо карда, алакай бо халтаҳои пур ба хона бармегардад," -- шарҳ дод ӯ.

Ин клип баръакси қиссаи воқеӣ, бо саҳнаи ба истилоҳ "ҳеппи энд" анҷом меёбад. Марди муҳоҷир пас аз солҳои саргардонӣ ба хона баргашта оилаи худро барқарор мекунад.

Оҳангу таронаҳои дар мавзӯи ғарибию муҳоҷират дар Тоҷикистон пурхаридору сершунаванда мебошанд. Дар репертуари аксар овозхонони ҷавони Тоҷикистон ҳадди ақалл як суруде пайдо кардан мумкин аст, ки ба мавзӯи ғарибӣ бахшида шуда, дар он ранҷу азоби муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар тасвир мешавад.

Овозхонҳо ба хотири маҳбубият пайдо кардан дар ин мавзӯъ, сурудҳо мехонанд ва дар клипҳои худ, ҳаёти сангини муҳоҷирбачаҳои тоҷикро дар Русия нишон медиҳанд. Таронаи “Эй муҳоҷирбачаи саргардони тоҷик” аз маҳбубтарин таронаҳоест, ки дар мавзӯи муҳоҷират эҷод шудааст ва аксар муҳоҷирон фиттаи ин таронаи Баҳром Ғафуриро ҳангоми ҳиҷрат бо худ мебаранд.

Ба ҷуз аз Баҳром Ғафурӣ дар мавзӯи муҳоҷират овозхон Фарҳоди Милод таронаи "Ба Тоҷикистонам баред" ва Наимҷони Сайдалӣ суруди “Эй бачаи мардикор чӣ ҳол дорие”-ро иҷро карда буданд, ки низ ҳаводорони зиёде пайдо карданд.

Клипи нави Нигина Амонқулова инҷост:

XS
SM
MD
LG