Полковники милитсия Давлат Назаров, муовини сардори Хадамоти ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 2 апрел дар нишасти «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ» гуфт, то ба ҳол ҳеҷ мавриди пайвастани фарзандони мансабдорони тоҷик ба ҳизбу равияҳои мамнӯъ ба мушоҳида нарасидааст.
Давлат Назаров афзуд, ки ҷавонони тоҷик одатан дар хориҷ аз кишвар ба ин гурӯҳҳо ва ба ҷанги Сурия ҷалб мешаванд ва аз волидон даъват кард, ки талош кунанд аз ҳоли фарзандонашон, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, бохабар бошанд. Вай афзуд, ки “ҳадаф аз ин нишаст ҳам, ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои манмӯъ аст.”
Нишасти ҳамкориҳои ҷавонон бо мақомоти дохилӣ дар мубориза бо ифротгароӣ, бо намоиши филму наворҳо дар мавриди ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия ва ҷараёнҳое мисли Салафия, оғоз ёфт. Ин нишаст дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони ҳама
минтақаҳои кишвар баргузор шуд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар оғози ин нишаст гуфт, ки сол то сол даст задани шаҳрвандон ба ҷиноятҳои террористиву пайвастан ба гурӯҳҳои экстермистӣ, зиёд мешавад.
Ҷаноби Раҳимзода афзуд, “бархе аз ҷавонон таҳти таъсири гурӯҳҳои ифротгаро қарор гирифта, ҳаёти худро дар хатар мегузоранд. Дар давоми 3 соли ахир садҳо нафар аъзоёни гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ошкору муайян ва даҳҳо нафари дигар бо гумони содир намудани чунин ҷиноят, дастгир шудаанд. Агар дар соли 2012 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 33 нафар бо иттиҳоми узвият дар гуррӯҳҳои мамнӯъ ва ҷиноятҳои террористӣ боздошт шуда бошад, ин рақам дар соли 2014 ва 3 моҳи соли ҷорӣ ба 225 нафар барои содир намудани зиёда аз 500 ҷинояти раванди террористӣ ва экстремистидошта, боздошт шудаанд.“
Ба гуфтаи вазири умури дохила, айни ҳол 200 нафар аз шаҳрвандони кишвар дар Сурия қарор доранд ва аксари онҳо афроде ҳастанд, ки дар ҷомеа мавқеи худро гум карда ва саводи кофӣ надоранд. Ҷаноби Раҳимзода аз он нигаронӣ кард, ки бархе аз онҳо оилаҳои худро ба онҷо даъват карда ва ҷони онҳоро дар хатар мегузоранд. Ба гуфтаи вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз ҳама бештар ба гурӯҳҳо ва равияҳои фаъолияташон мамнӯъ, ҷавонони ноҳияҳои Исфара, Истаравшан Панҷакент, Кӯлоб, Қубодиён ва Ваҳдату Ҳисор мепайванданд.
Дар ин ҳамоиш дар баробари намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, бештар аз 400 ҷавон, аз ҷумла донишҷӯён аз манотиқи мухталифи кишвар ҳузур доштанд. Вазири умури дохила ҳам аз ҷавонон даъват кард, ки дар роҳи ташвиқи ҷавонон ба зиндагии осоишта ва пешгирии ҳамсолонашон аз пайвастан ба ҳаргуна гурӯҳҳо саҳм гузоранд.
Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дини Тоҷикисон, ки дар ин ҳамоиш сухан мекард, гуфт, ки ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ мувофиқ ба шариати исломӣ аст. Раиси Кумитаи дин афзуд, миёни мардум духӯрагие вуҷуд дорад, ки ҳамкорӣ кардан бо мақомоти қудратӣ хилофи қавонини шаръист, аммо ба гуфтаи вай, баръакс ин амал “вазифаи динӣ ва шаҳрвандии ҳар нафар аст”.
Ба бовари мақомоти Тоҷикистон, дар ҷангҳои Сурияву Ироқ аз ҷониби гурӯҳи "Давлати Исломӣ" 200 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд, ки имрӯз ҳалокати тақрибан 50 нафари онҳо тасдиқ шудааст.