Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "Ансоруллоҳ" то "Ҷундуллоҳ" - ҳосили муҳоҷирати ҷавонон?


Генерал Шариф Назарзода, сардори раёсати умури дохилии Суғд, шомил шудани ҷавонони ин минтақа ба созмонҳои мамнӯи диниро "ҳосил"-и муҳоҷирати корӣ дар хориҷ, бахусус Русия, донист.

Масъулони раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯянд, аксар ҷавонони ин минтақа дар муҳоҷирати корӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯи динӣ, аз ҷумла "Ансоруллоҳ"-у "Ҷундуллоҳ" ва ҳизби таҳрир пайваста, ҳоло ба як дарди сар табдил шудаанд.

Шариф Назарзода -- сардори раёсати умури дохилии Суғд, ки 16 март дар конфронсе дар Хуҷанд сӯҳбат мекард, гуфт, дар панҷ соли гузашта маъмурони пулис 153 ҷавони то 30-соларо ба иттиҳоми ифротгароӣ боздошт кардаанд, ки ба иттилои ӯ ҳафтод дарсадашон аз муҳоҷирати корӣ баргаштаанд.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи генерали тоҷик, дар панҷ соли охир 13 гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноии террористию экстремистӣ, иборат аз 467, аз ҷумла 311 сокини вилояти Суғд муайян ва боздошт шудаанд. Шариф Назарзода гуфт, 10 нафар аз ин афрод дар ҷараёни амалиёт ба кормандони мақомот муқобилият нишон дода, кушта шудаанд.

Шариф Назарзода
Шариф Назарзода

Ин генерали тоҷик пешниҳод кард, муҳоҷирати кории сокинон ба танзим дароварда шуда, роҳҳои ҷилавгирӣ аз узвияти ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар хориҷ аз кишвар низ андешида шавад. Рафиқ Мамбеталиев, як намояндаи вазорати умури дохилии Қирғизистон, низ дар конфронси Хуҷанд иштирок ва суханронӣ кард. Ӯ гуфт, мушкили гароиши сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз ҷумла дар муҳоҷирати корӣ дар Русия, хоси тамоми кишварҳои Осиёи Миёна аст.

Ба қавли Мамбеталиев, ҳоло беш аз 230 шаҳрванди Қирғизистон дар ҷанги Сурия иштирок доранд ва 22 нафари онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ин кишвар ҷон бохтаанд. Вай ба фаъолияти якҷояи мақомоти Қирғизистону Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз шомил шудани сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав таъкид кард. "Фаъолияти баъзе аз созмонҳои ифротие, ки дар Тоҷикистон бо қарори додгоҳ мамнӯъ аст, барои мисол “Ҷамоати таблиғ” ва “Ансоруллоҳ”, дар Қирғизистон иҷозат аст. Эҳтимол бархе аз раҳбарони ин созмонҳо аз кишвари Шумо дар Қирғизистон панаҳ бурда бошанд,"-таъкид дошт ин намояндаи ВУД-и Қирғизистон.

Дар ҳамоиши рӯзи душанбеи Хуҷанд батакрор гуфта шуд, шомил шудани сокинони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯи динӣ аз камсаводиву сатҳи пасти маърифати динӣ ва ақидавии онҳо сурат мегирад. Дар муқобил саволҳое ҳам барои мақомот матраҳ шуд, ки "оё барои коҳиши сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон чӣ барномаҳоеро рӯи даст доранд?" ваё "ҷавононро чӣ ба сӯи созмонҳои тундгаро мебарад: сатҳи пасти тафаккур ё вазъи бади иҷтимоӣ?" Ин саволҳо аз ҷониби раиси як ҷамоати ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд матраҳ шуда, аммо посухҳо умумӣ буданд.

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили амнияти минтақа, баргузории чунин ҳамоишро барои ҳамоҳанг кардани назари қишрҳои мухталифи ҷомеа муҳим хонд ва гуфт, бояд давлат нагузорад, шаҳрвандонаш дар хориҷ туъмаи нерӯҳои ифротӣ шаванд. Барои ин, пешниҳод кард Мирсаидов, бояд мақомот дар ҳар лаҳза аз муҳоҷирони худ ҳимоят карда, мушкилкушо бошанд, на мушкилофар.

Ҷумъабой Сангинов
Ҷумъабой Сангинов

Дар ин робита Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд гуфт, ба хотири танзими муҳоҷират ва расидагӣ ба мушкили муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз Тоҷикистон то охири соли равон тарҳи нави “Қонун дар бораи муҳоҷират” пешниҳод хоҳад шуд.

Бино ба омори расмӣ, ҳар сол ҳудуди 1 миллион шаҳранди Тоҷикистон, аз ҷумла беш аз 260 ҳазор сокини минтақаи шимоли кишвар ба муҳиҷрати корӣ ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд. Вале бар пояи иттилои манобеи ғайрирасмӣ то 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти рисқу рӯзии худу фарзандон дар Русия қарор доранд ва ин бори аввал нест, ки мақомҳои тоҷик ифротӣ шудани сокинони кишварро ба муҳоҷирати кории онҳо дар Русия рабт медиҳанд.

Моҳи гузашта Рамазон Раҳимзода -- вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, то кунун 200 ҷавони муҳоҷири тоҷик майдонҳои кор дар Русияро ба майдонҳои ҷанг дар Сурия иваз кардаанд. Моҳи ноябри соли гузашта Акрам Амонов -- муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як ҷаласаи парлумон низ гуфта буд, дар шаҳри Маскав минтақае бо номи “Проспект мира” вуҷуд дорад, ки аз онҷо ҷангиёнро ба Сурия мефиристанд.

XS
SM
MD
LG