Ин бозии гурӯҳи “С” шаби сешанбеи 3-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид. Ҳарду гол дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Муҳаммад Каримӣ дар дақиқаи 55-ум аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро боз кард. Голи дуюми “Сипоҳон”-ро Ҷавод Оғоипур дар дақиқаи 78-ум ба самар расонд.
Бояд гуфт, “Сипоҳон” танҳо барои пирӯзӣ ба майдон омада, талош кард, ки шумораи имтиёзҳояшро ба даҳ расонад, то ба марҳилаи дигар роҳ ёбад. Аммо ғалаба муқобили “Истиқлол” мавқеи “Сипоҳон”-ро дар ҷадвали гурӯҳи “С” тағйир надод. Зеро дар бозии дигари даври шашуми мусобиқот дар гурӯҳи “С” 3-юми декабр тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дастаи “Ал-Ваҳдат”-и Урдунро дар Варзишгоҳи байналмилалии шаҳри Уммон бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии шаш даври мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “С” тими “Шарҷа” бо 13 имтиёз мақоми аввал ва дастаи “Ал-Ваҳдат” бо 11 имтиёз мақоми дуюмро касб карда, ба марҳилаи плей-офф роҳхат гирифтанд. “Сипоҳон” бо 10 имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шуд. “Истиқлол” бидуни имтиёз зинаи охирин – чаҳорумро азони худ кард.
Ба ин тариб, «Истиқлол» нокомтарин дастаи гурӯҳ боқӣ монда, дар ҳамаи шаш бозӣ шикаст хӯрд. Қаблан “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 дар майдони худ аз тими “Шарҷа” бо ҳисоби 0:1, дар даври дуюми мусобиқот дар варзишгоҳи «Фулодшаҳр»-и Исфаҳон аз тими «Сипоҳон» бо ҳисоби 0:4, дар даврҳои сеюму чаҳорум аз тими “Ал-Ваҳдат” дар шаҳрҳои Душанбе ва Аммон бо ҳисоби якхелаи 0:1 ва дар даври панҷум дар сафар аз тими “Шарҷа” бо ҳисоби 1:3 мағлуб гашта буд.
Дар шаш бозӣ «Истиқлол» танҳо як гол ба дарвозаи ҳарифонаш зада, аз дарвозаи худ 12 тӯб сар дод ва дар баробари ин ҳич имтиёзе ба даст наовард, ки ин бадтарин натиҷа дар таърихи иштироки қаҳрамони футболи кишвар дар мусобиқоти бошгоҳии Осиё аст.
Натиҷаи ғайриқаноатбахши “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 боиси нигаронии ҳаводорони футболи тоҷик гардидааст. Бархе аз онҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ истеъфои сармураббии даста Игор Черевченкоро талаб кардаанд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”
Ҷ |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
“Шарҷа” |
6 |
4 |
1 |
1 |
13-8 |
13 |
2 |
“Ал-Ваҳдат” |
6 |
3 |
2 |
1 |
8-7 |
11 |
3 |
“Сипоҳон” |
6 |
3 |
1 |
2 |
12-7 |
10 |
4 |
“Истиқлол” |
6 |
0 |
0 |
6 |
1-12 |
0 |