Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрониҳои муқими Тоҷикистон: "Эҳсоси бегонагӣ намекунем"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аксари эрониёне, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва теъдоди онҳо наздик ба 5 ҳазор нафар ҳадс зада мешавад, ин ҷоро барои худ кишвари бегона намедонанд.

Онҳо дар риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ҳузур ёфтаанд ва бархе аз эрониён зиёда аз 10 сол аст, ки дар ин кишвар муқим шудаанд.

Сокина Фозилӣ, як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломӣ зиёда аз чаҳор сол аст, дар Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд, дар ин кишвар дӯстони зиёде дорад ва дилаш намехоҳад ба Эрон баргардад: «Вақте донишгоҳро хатм кардам, нахостам ба Эрон баргардам. Ҳоло ҳамин ҷо фаъолият дорам. Шояд доштани дӯстони хуб ва ҳамзабон буд, ки ман ҳоло барномаи сафарро ба Эрон надорам. Дӯстони эронии ман инҷо зиёданд.»

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, шумораи танҳо донишомӯзони эронӣ дар Тоҷикистон аз 3 000 нафар бештар аст. Бо афзудани теъдоди ҷавонони эронӣ дар кишвар издивоҷи байни эрониҳо ва тоҷикон низ дар чанд соли охир афзоиш ёфтааст. Маҳбуба, як зани тоҷик, ки 16 сол пеш бо марди эронӣ оила сохт, мегӯяд, аз зиндагияш розист. Ӯ гуфт, ҳамроҳ бо шавҳараш чанд сол дар Эрон зиндагӣ кард ва ҳоло хонаводаи онҳо ба Тоҷикистон кӯчидааст: «Агар хато накунам, яке аз аввалин занҳое будам, ки бо мардуми дигар кишвар, аз ҷумла Эрон издивоҷ кардам. Ман ягон вақт аз интихоби шавҳарам, ки шаҳрванди кишвари дигар аст, пушаймон набудам.»

Издивоҷи байни тоҷику эрониро хабари ҳафтаи гузашта зери соя қарор дод. Бино бар он, зани тоҷик шавҳари эронии худро ба қатл расондааст. Ин хабар ба диаспораи эрониҳо дар Тоҷикистон таъсири манфӣ гузошт. Аммо масъулони сафоратхонаи Эрон ва эрониёни муқими Душанбе мегӯянд, бо як ё ду мавриди чунин ҳолатҳо наметавон гуфт, ин ҷо мушкили байниқавмие вуҷуд дорад. Ҳамсӯҳбати мо хонуми Сокина мегӯяд, ин як низои хонаводагӣ ва тасодуфи нохуш аст: «Фикр намекунам, ки ин ҳодиса ба раванди издивоҷи шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон таъсире гузошта тавонад. Вақте ин ду нафар хамдигарро нашинохтанд ва оила бунёд карданд, ин ҳодиса рӯй дод.»

Рӯйдоди дигаре, ки низ ҳафтаи гузашта таваҷҷӯҳро ба эрониёни Тоҷикистон ҷалб кард, гуруснашинии як марди эронӣ дар маҳбаси Душанбе буд. Ҷаноби Асғарзода аз вазъи маҳбас ва ғизои он шикоят кардаву даст ба гуруснашиинӣ зад. Аммо сардори маҳбас гуфт, эътисоби шаҳрванди Эрон ба ҳукми додгоҳ бастагӣ дорад, ки ӯро бо иттиҳоми қаллобӣ ба панҷ моҳи зиндон маҳкум кардааст. Ин дар ҳолест, ки ҳоло наздик ба 20 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломӣ дар маҳбасҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд. Аксари онҳо дар кишвар бо тиҷорат машғул будаанд.

Бо вуҷуди ин, ҳузури соҳибкорони эронӣ дар Тоҷикистон назаррас аст. Давлатмурод Ҷумъаев, мудири кулли Конуни рушди соҳибкории Тоҷикистон, мегуяд, феълан эрониён аз беҳтарин коршарикони тоҷирони тоҷик ба шумор мераванд. Вай афзуд, шумораи тоҷирону бизнесменҳои эронӣ дар Тоҷикистон аз чиноӣ ё афғонҳо камтар аст, аммо судашон ба кишвар бештар мерасад: «Ин хуб аст, ки кишвари мо барои сармоягузорони эронӣ писанд аст. Ҳарчанд онҳо аз ҳисоби тиҷорати худ даромади бештаре мегиранд, вале ин ба кишвари мо низ бенатиҷа нест.»

Давлатмурод Ҷумъаев
Давлатмурод Ҷумъаев
Ҳоло дар Тоҷикистон 155 ширкате ҳаст, ки бо сармоягузории шаҳрвандони Эрон фаъолият мекунанд. Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар оғози соли 2012 гуфта буд, эҳтимол, Эрон дар панҷ соли оянда ҳаҷми сармоягузории худро ба Тоҷикистон ба як миллиард евро баробар кунад. Зимнан, Эрон ба унвони шарики иқтисодии Тоҷикистон тайи як даҳсола бо тарҳҳои муҳими худ дар ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон ҳузур дорад. Сохтмони туннели «Истиқлол» (дар гарданаи Анзоб), ки шимоли Тоҷикистонро бо маркази ин кишвар мепайвандад ва бунёди нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», аз тарҳҳои муҳими ин кишвар ба шумор меояд.

Соҳибназарон ба як нукта таваҷҷӯҳ мекунанд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва эрониҳое, ки аз кишварҳои ғарбӣ ба Тоҷикистон омадаанд, дар ин ҷо бо ҳам робитаи хуб доранд ва Душанбе ба як пайвандгоҳи онҳо табдил ёфтааст. Ҳусайни Шерхонӣ, як масъули сафоратхонаи Эрон дар Душанбе, гуфт, шумораи эрониҳои Тоҷикистонро намешавад дақиқ кард, зеро сафорат на ҳамаро барои иқомати дарозмуддат дар Тоҷикистон номнавис мекунанд. «Аслан рафтуомади мардуми эронӣ ба Тоҷикистон кам нест. Агар сайёҳонро назар кунем, шуморашон ҳам сол то сол афзоиш меёбад. Сохибкорони эронӣ низ дар ин кишвар зиёд шудаанд. Ҳар чи қадар равобити ин ду кишвар густариш ёбад, сармоягузорону донишомузони ин давлатҳо ба кишварҳои ҳам сафар мекунанд»,гуфт ӯ.

Дар ҳоле ки зиёда аз 1 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон барои кору даромад ба Русия муҳоҷир мешаванд, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар ду соли охир ҳудуди 500 нафар аз шаҳрвандони Эрон ба ҳайси муҳоҷири корӣ дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд. Абдулло Қодирӣ, як масъули ин хадамот, гуфт, дар давоми ин ду сол 33 нафар аз онҳо барои муроот накардани қоидаҳои иқомат аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.
XS
SM
MD
LG