Абдулалӣ Соҳиб Муҳаммадӣ, мудири кулли роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар мулоқот бо Очилбой Раҳматов, раиси иттиҳодияи роҳи оҳани Узбекистон, дар Теҳрон гуфт, кишвараш коршиносон ва сармоягузорони узбакро ба барномаи тавсеа, таҷҳизонидан ва барқӣ кардани хатҳои роҳи оҳани худ даъват кардааст. Раиси роҳи оҳани Узбакистон низ дар ин дидор густариши ҳамкориҳо ва омодагии кишвараш ба сармоягузорӣ дар шабакаи роҳи оҳани Эронро эълом дошт.
Узбакистон ба Эрон дар ҳоле хостори афзоиши ҳамкориҳо шудаанд, ки сиёсатҳои пешгирифтаи ин ду кишвар дар баробари Тоҷикистон, муқобили ҳам унвон мешаванд. Аз ҷумла, Теҳрон аз тарҳҳои обу энержии Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад ва дар пайи боздошти қатораҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон, Теҳрон таҳдид кард, ки роҳи вагонҳои Узбакистонро хоҳад баст. Тошканд мегуфт, аз роҳи оҳан маводе интиқол дода мешавад, ки барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун зарур аст.
Тошканд мухолифи сохтмони Роғун аст, зеро ҳарос дорад, ки бо татбиқи ин нақша маҷрои об аз Тоҷикистон ба Узбакистон ба маротиб коҳиш хоҳад ёфт. Бархе аз коршиносон бар инанд, ки маҳз фишори Эрон роҳи вагонҳои Тоҷикистонро боз карда буд. Аммо Теҳрон талош накардааст, дар баҳсҳои байни Тоҷикистону Узбакистон нақши миёнаравро ифо намояд.
Худойбердӣ Холиқназаров, муовини аввали раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд: “Тоҷикистону Узбекистон ду кишвари ҳамсоя нисбати кишварҳои дигар ба мисли Эрон, бештару хубтар ошно ҳастанд. Мушкилоте ки мо дар минтақа дорем, ҳанӯз ҳалли худашро пайдо накардааст ва албатта ин масоили энергетикӣ аст ва бовар дорам, ки ин чолишҳо марҳила ба марҳила аз байн меравад. Мушкилот зиёд буд, ҳатто боздошти қатораҳо. Аммо фаъолити комиссияҳое, ки байни ду давлат кор мебаранд, имконият медиҳад, ки ин мушкилот байни худи ҳамсоякишварҳо бидуни кишвари сеюм ҳалли худашро пайдо кунад. Аз ин хотир бояд дунболи кишварҳои дигар нашуд, зеро дар ҳолати талаби кӯмак аз давлатҳои бузургтар, онҳо манфиати худро комилан дифоъ хоҳанд кард .”
Сарвари Ҳотам, ҳуқуқшиноси тоҷик низ ба ин бовар аст, ки Эрон дар ҳалли мушкилот байни Душанбе ва Тошканд нақше дошта наметавонад: “Агар ба таърих нигарем, чанд садсола қабл ҳам бо вуҷуди зиддияти байни давлатҳо ва ё ҳатто дар ҳолати ҷанг, касе аз тарафҳои даргир ба тоҷирон кор намегирифтанд, аммо Узбакистон ки кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон аст, ба иқтисоди ин кишвар зарари моли расонид ва ҳатто аз ин муносибати сарди ҷониби ҳамсоякишвар, корхонаҳои калонтарини Тоҷикистон аз фаъолият бозмонд. Дар ҳоле, ки Узбакистон бо Тоҷикистон муносибати ҳамсоягиро риоя накард, пас кишварҳои сеюм, аз ҷумла Эрон низ наметавонад барои ин ду кишвар фазои дур аз ғаразро таъмин кунад”.
Коршиносон мегӯянд, ҳамкориҳои Эрон бо Тоҷикистон бештар дар бахшҳои иқтисодӣ анҷом шудааст ва ҷумҳурии исломӣ ҳанӯз дар баҳсҳои сиёсии Тоҷикистону Узбакистон ба ҳайси як кишвари миёнҷӣ талош накардааст. Ҳусайн Шерхонӣ, масъули дафтари фарҳангӣ ва матбуотии сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфт, Эрон мехоҳад дар ҳама самтҳо аз Тоҷикистон пуштибонӣ бикунад. Вале мегӯяд ҷаноби Шерхонӣ, равобитӣ беҳтар бо Тоҷикистон маънои онро надорад, ки муносибати Эрон бо кишварҳои дигар сард бошад.
«Сиёсати Эрон ин аст, ки ҳамкориҳояш бо ҳама кишварҳои дунёро дар беҳтарин сатҳ нигоҳ дорад. Вале бо далели он, ки муносибатҳои фарҳангиву забонӣ байни мардумони тоҷику эронӣ наздик ҳаст, робитаи мо бо дӯстони тоҷикамон бештар аз кишварҳои дигар аст. Эрон ҳатто ба хотири он, ки Тоҷикистон дар бунбасти иртиботӣ қарор дорад ва мушкил дар роҳи оҳан эҷод шудааст, ҳамкорӣ мекунад. Ва бо эҳдоси роҳи оҳан тавассути Афғонистон ба Эрон, Тоҷикистон мустақиман бо кишварҳои дигар робита хоҳад дошт. На он тавре ки танҳо молу коло тавассути Узбакистон интиқол ёбад».
Аҳмадшоҳи Комилзода, таҳлилгари масоили минтақаӣ ба ин бовар аст, ки Эрон барои ниёзмандиҳои хеш бо Узбакистон ҳамкорӣ мекунад. Эрон хостори ин аст, ки ба унвони як кишвар равобиташ бо дигар давлатҳоро густурдатар кунад, аммо
Теҳрон намехоҳад, ки дар ин росто ҷойгоҳи Тоҷикистонро низ нодида бигирад. Тоҷикистон барои Эрон як кишвари хеле муҳим аз нигоҳи пайвандҳои фарҳангиву забонӣ ва таърихиву динӣ маҳсуб меёбад:
“Аз ин хотир инро ман наметавонам, бигӯям, ки он ҳамкориҳое, ки миёни Эрон ва Узбакистон ба амал омадааст, ҳадафҳои ҷиддитаре аз ин дошта бошад. Аммо аз ҷониби дигар рӯшан нест, ки дар ҳақиқат Эрон ҳаминхел талоше дорад, ки равобит миёни ин ду кишварро беҳтар кунад. Чун боз ҳамон сиёсати олуда бо ғарази ҳамсоякишвар пеши рӯ меояд ва дуруст аст, ки ӯ метавонад бо ҳар роҳ низ ба Эрон ҳам мухолифат эҷод кунад. Аммо Эрон котеътар аз ӯст, мисле ки дар муносибати бисёр ноҳамвори ҷониби Узбакистон бо Тоҷикиситон рӯи даст гирифта буд”.
То ҳол худи Эрон низ паёме надодааст, ки то куҷо омодааст, ба ҳалли масъалаҳои байни Тошканд ва Душанбе дахолат кунад, аммо равобити вижаи он бо Тоҷикистон ин умедвориро ба миён овардааст, ки Теҳрон дар ин масъала бетараф боқӣ нахоҳад монд.