Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савганди Рӯҳонӣ. Эрону ҷаҳонро дар 4 соли оянда чӣ интизор аст? ВИДЕО


Ҳасани Рӯҳонӣ бори дувум ба ҳайси раиси ҷумҳури Эрон савганд хӯрд ва ба даври дувуми раёсаташ оғоз бахшид. Дар ин маросим, ки баъд аз зӯҳри 5-уми август дар Маҷлиси Ҷумҳурии Исломӣ баргузор шуд, беш аз сад мақоми хориҷӣ, аз ҷумла ҳайати расмии Тоҷикистон иштирок карданд. Рӯҳонӣ дар ин савгандаш ваъда дод, ки Эрон “роҳи ҳамзистӣ ва таомул бо ҷаҳонро” пайгирӣ хоҳад кард.

Дар даври аввали раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ, равобити миёни Тоҷикистону Эрон, ба қавли коршиносон, ба поинтарин сатҳ дар ду даҳаи охир фаромад.

Дар миёни меҳмонони хориҷӣ Федерика Моғеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, низ буд. Ӯ рӯзи ҷумъа вориди Теҳрон шуд ва пеш аз маросими адои савганд бо Ҳасанӣ Рӯҳонӣ мулоқот кард.

Рӯҳонии 68-сола, ки худро сиёсатмадори муътадил мешуморад, моҳи майи имсол бо 57 дарсади раъйи сокинон бори дувум раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, рӯзи 3-юми август дар як маросим интихоби дубораи ӯро тасдиқ кард.

Ҳасан Рӯҳонӣ ба ҳайси раиси ҷумҳур қасам ёд кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00

Маросими адои савганди Ҳасани Рӯҳонӣ дар Маҷлиси Эрон
Маросими адои савганди Ҳасани Рӯҳонӣ дар Маҷлиси Эрон

Ҳасани Рӯҳонӣ бори аввал соли 2013 бо 51 дар сади раъйи сокинон раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуд. Созиши ҳастаии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар соли 2015 яке аз дастовардҳои муҳими ҳукумати Рӯҳонӣ дар чаҳор соли гузаштаи раҳбарии ӯ гуфта мешавад, ки пойи Теҳронро аз банди баъзе таҳримҳо раҳо ва роҳи нафаси иқтисодашро боз кард.

Аммо моҳи гузашта Вашингтон дар робита ба барномаи мушакӣ ва эҳтимоли сармоягузории террористон алайҳи Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ намуд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, борҳо созиши ҳастаӣ бо Эронро “бад” номида ва дар ҷараёни муборизаҳои интихоботиаш дар соли гузашта ваъда дод буд, онро аз байн хоҳад бурд.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи панҷуми август гуфт, ки Эрон аввал шуда ба нақзи ин созиш даст нахоҳад зад. Ӯ гуфт, “Ҷумҳури Исломӣ оғозгари нақзи БАРҶОМ нахоҳад буд, вале дар муқобили идомаёбии бадаҳдиҳои Амрико низ сокит нахоҳад нишаст”.

Алии Хоманаӣ ва Ҳасани Рӯҳонӣ
Алии Хоманаӣ ва Ҳасани Рӯҳонӣ

Дар шабу рӯзи интихоб ва, инак, оғози давраи дувуми раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ нигоҳҳо аз Тоҷикистон низ ба Теҳрон дӯхта шудааст. Дар Тоҷикистон бештар сари ин меандешанд, ки муносибати ду дӯсти замоне қарин чӣ гуна пеш хоҳад рафт? Дар даври аввали раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ, равобити миёни Тоҷикистону Эрон, ба қавли коршиносон, ба поинтарин сатҳ дар ду даҳаи охир фаромад. Дар гузашта Эрон ба панҷгонаи шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон ворид мешуд. Вале таърихчаи равобити миёни Тоҷикистону Эрон дар ду соли охир бештар ба сард шудани равобити ду кишвар ва эҳсоси ранҷиши Душанбе аз Теҳронро намоиш медиҳад.

​Маншаи инро дар меҳмондории Муҳиддин Кабирӣ дар Теҳрон дар моҳи декабри оли 2015 медонанд, ки ду моҳ баъди мамнӯъ ва террористӣ эълон шудани Ҳизби назати исломӣ дар Тоҷикистон иттифоқ афтод. Инчунин, Эрону Тоҷикистон чанд даъвои молӣ, аз ҷумла бар сари пулҳои гумшудаи Бобаки Занҷонӣ ва қарзи Тоҷикистон аз “Сангтӯда-2” доштанд, ки зоҳиран аз худ дар дили ду тараф уқдаҳое боқӣ гузоштааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон
Ҳасани Рӯҳонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон

Бо ин ҳол, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи май дар як нома ба унвонии Ҳасани Рӯҳонӣ навишт, ки Душанбе барои боло бурдани мизони ҳамкорӣ бо Эрон дар даври дувуми раёсати Ҳасан Рӯҳонӣ омодааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "итминон дорам, бо саъю кӯшиши содиқонаи муштарак дар давраи ҷадиди раисии Шумо ҳамшарикии гуногунарсаи кишварҳоямонро таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт".

Аммо раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин кор бо риояи усули "якдигарфаҳмӣ, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар" имконпазир хоҳад буд. Ҳоло маълум нест, ки Эрон бо шурӯи даври дувуми раёсати Рӯҳонӣ ба ин саломи Тоҷикистон чигуна алейк хоҳад гуфт.

XS
SM
MD
LG