Дар пайи интиқоди Доналд Трапм, раиси ҷумҳури Амрико дар нахустини Саммити кишварҳои арабӣ, исломӣ ва Амрико аз Эрон, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии он кишвар, вокуниш нишон додааст.
Доналд Трамп рӯзи 21-уми май зимни суханронӣ дар нахустин Саммити кишварҳои ҷаҳони арабӣ, исломӣ ва Амрико, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд, Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро барои “ҷиноятҳои гӯшношунид ба зидди башарият” ва Эронро барои мусоидат ба низоъ дар ҷанги шашсолаи дохилии Сурия танқид кард.
Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп Эронро ба сармоягузории терроризм муттаҳам кард ва гуфт, ки ин кишвар сабаби ноамнӣ ва харобӣ дар тамоми Ховари Миёна аст.
Ӯ Эронро ба сармоягузории терроризм муттаҳам карда ва гуфт, ки ин кишвар сабаби ноамнӣ ва харобӣ дар тамоми Ховари Миёна аст. Ба гуфтаи ӯ, мардуми Эрон, ки фарҳангу таърихи бое доранд, сазовори ҳукумати боинсоф ва масъуле ҳастанд. Пеш аз суханронии Доналд Трамп, шоҳи Арабистони Саудӣ, "Эрон пештози терроризм номид".
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи 21-уми май дар сафҳаи "Твиттер"-и худ бо ишора ба интиқодҳои Доналд Трамп бо лаҳни кинояомез навишт, "Эрон, ки ба тозагӣ интихоботи воқеиро пушти сар гузоштааст, тавассути раиси ҷумҳури Амрико, (дар кишваре ки) гаҳвораи демократия ва миёнаравӣ аст, ҳадафи ҳамла қарор гирифт". Вазири умури хориҷии Эрон афзудааст, "ин сиёсати хориҷӣ аст ё фақат дӯшидани 480 миллиард доллари Арабистони Саудӣ?"
Ишораи вазири умури хориҷии Эрон ба "интихоботи тоза", интихоботи президентӣ дар ин кишвар аст. Дар дувоздаҳумин давра аз интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон, ки рӯзи ҷумъаи 19 май баргузор шуд, Ҳасани Рӯҳонӣ бо беш аз 23 миллион раъй ғолиб омад. Ин интихоботи Эрон дар дохил ва хориҷ бо интиқодҳое рӯбарӯ шудааст. Созмонҳои байналмилалӣ бо ишора ба нақши Шӯрои нигаҳбон дар радди салоҳияти шумораи зиёде аз довталабон, ин интихоботро дур аз меъёрҳои як интихоботи шаффоф, хонданд.
Муҳаммадҷавод Зариф чанд соат пеш аз ин, дар як мақола барои вебсайти "Ал-араби ал-ҷадид" дар Лондон гуфта буд, ки "агар раиси ҷумҳури Амрико худро дӯсти ҳукумати Арабистони Саудӣ медонад ва ба шиорҳои интихоботии худ вафодор аст, шояд вориди гуфтугӯ бо онҳо барои пешгирӣ аз оташафрӯзии террористҳо ва такфириҳо дар минтақа, ва такрори 11-уми сентябрҳои дигар дар кишварҳои ғарбӣ шавад."
Арабистони Саудӣ ҳар гуна иртиботи ҳукумати он кишвар бо омилони ҳамлаҳои ёздаҳуми сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро радд кардааст. Эрон ва Арабистони Саудӣ дар бархе аз кашмакашҳо дар Ховари Миёна аз Сурия то Яман, аз ҷонибҳои даргир, пуштибонӣ мекунанд.
Арабистони Саудӣ аз муттаҳидони Амрико аст ва борҳо Эронро ба дахолат дар умури кишварҳои арабӣ, муттаҳам кардааст. Эрон дар ҳоли ҳозир на ба Арабистони Саудӣ робитаҳои дипломатӣ доранд ва на бо Амрико. Ҳукумати Эрон ҳамвора иттиҳомоти дахолат дар умури кишварҳои арабиро рад кардааст.