Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз ба зидди ҳиҷоб дар Олмон ва бо тақозои ғайриоддӣ


Эътирози яке аз занони эронӣ ба зидди ҳиҷоб дар ду соли пеш
Эътирози яке аз занони эронӣ ба зидди ҳиҷоб дар ду соли пеш

Рӯзи 26-уми декабр зани ҷавоне ба номи Видо Муваҳид дар чаҳорроҳае дар хиёбони Инқилоби Исломӣ дар Теҳрон дар болои пояи бетоние рафт ва дар ҳаракати худҷӯше рӯсариашро ба нишони эътироз ба ҳиҷоб сари чӯбе овехту онро алвонҷ дод.

Ҳаракати эътирозии Видо Муваҳид билофосила ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва дар муддати кӯтоҳе занони дигар низ ба он пайвастанд. Барои роҳ надодан ба идомаи эътироз мақомот 29 зану духтарро дастгир карданд.

Додситонии Эрон ин занонро ба “ташвиқи мардум ба ривоҷи фасод аз тариқи кашидани ҳиҷоб” муттаҳам кард. Дастгир кардану ба зиндон андохтани ин занон ба вокуниши густурдае дар дохилу хориҷи Эрон рӯ ба рӯ шуд ва дар Олмон ҳам теъдоде ба эътироз ба ҳиҷоби маҷбурӣ гуруҳе ба номи “Гуруҳи занони муҳоҷири секуляр” (дунявӣ) шакл гирифт.

Аъзои созмони мазкур рӯзи ҷумъа 27-уми декабр ба муносибати дуввумин солгарди ҳаракати эътирозии гуруҳи духтарони хиёбони Инқилоби исломӣ дар Эрон дар маркази шаҳри Франкфурт дар Олмон тазоҳуроте барпо кард. Шаҳнози Мураттаб, сухангӯи ин гуруҳ ба хабарнигори Радиои Фардо дар Олмон гуфт, ҳадаф аз эътирози онҳо эълон кардани ба қавли ӯ, рӯзи ҷаҳонӣ ба зидди ҳиҷоби иҷборӣ аст.

Шаҳнози Мураттаб афзуд: “Бо таваҷҷуҳ ба шароит ва вазъе, ки занон дар кишварҳои исломӣ ва кишварҳое, ки ислом дар қудрат ҳаст ва ҳиҷобро ба занон таҳмил мекунад, мо мехоҳем, рӯзе ба номи “Рӯзи ҷаҳонии зидди ҳиҷоб” эълон шавад.” Ба қавли мусоҳиби Радиои Фардо, ҳиҷоби иҷборӣ “як тикка матое рӯи сар нест, балки як рамзи беҳуқуқии занон ва рамзи исломи сиёсист.”

Шаҳнози Мураттаб сухангӯи “Гуруҳи занони муҳоҷири секуляр” дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Фардо афзуд, ки “Рӯзи ҷаҳонии зидди ҳиҷоб” набояд танҳо шомили Эрон шавад, балки дар тамоми кишварҳое, ки ислом дар қудрат аст.

Ҳамла ба яке аз занони эътирозгар дар Теҳрон
Ҳамла ба яке аз занони эътирозгар дар Теҳрон


Аъзои гуруҳи мазкур дар гузашта ҳам ба зидди ҳиҷоб дар Олмон тазоҳурот баргузор кардаанд. Онҳо чанд моҳ пеш ҳангоми намоишгоҳи “Мӯди исломӣ” дар шаҳри Франкфурт намоишгоҳи акс баргузор карданд, ки муборизаи чиҳилсолаи занони эронӣ ба зидди ҳиҷобро инъикос мекард. Дар Эрон, ки ҷумҳурии исломист, пӯшидани ҳиҷоб ҳатмист ва аз сар гирифтани он ҷиноят ба ҳисоб меравад ва ҷазо дорад.

Аммо дар Тоҷикистон, ки низомаш дунявист, масъалаи пӯшидани ҳиҷоб солҳои ахир ба як масъалаи доғ табдил шудааст. Бо вуҷуди онки Қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳар кас, озодии эътиқод ва пайравӣ ба ҳар дину мазҳаб ва риояти муқаррароти онро додааст, вале мақомот ошкорову пинҳон занонро ба “напӯшидани ҳиҷоб” ташвиқ мекунанд.

Телевизионҳои давлатӣ ҳам гузориш додаанд, ки мақомот дар байни занон корҳои “фаҳмондадиҳӣ” анҷом медиҳанд, то аз пӯшидани ба қавли мақомот либосҳои “бегона” ҳазар кунанд. Айни замон даҳҳо видеоҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, ки дар он моҷарои байни занони ҳиҷобпӯш ва мақомоти интизомӣ дида мешавад. Дар видеоҳо занон ба ҳаққи қонунии худ барои пӯшидани либоси исломӣ таъкид мекунанд ва кор то ба кашмакашу дашному доду фиғон кашидани занон мерасад.

Намунаи тозаи он моҷаро Нилуфар Раҷабова духтари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, буд, ки ду ҳафта пештар гуфт, “дар амалиёт ба зидди занони сатрпӯш" дастгир шудааст. Нилуфар Раҷабова, гуфт, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва маъмурони милиса рӯзи 14-уми декабр ӯро дар роҳ нигаҳ дошта, бо чаҳор зани дигар барои “корҳои фаҳмондадиҳӣ” ба идораи милисаи ноҳияи Сино бурдаанд ва сипас бо лаҳни дуруште гуфтаанд, ки дигар рӯсарӣ напӯшанд, чун Тоҷикистон барои онҳо “Афғонистон ва ё Эрон” нест.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ мақомоти Тоҷикистонро барои чунин амалкард ва дар умум маҳдуд ва помол кардани ҳуқуқи динии мардум танқид мекунанд. Ҳукумати Амрико чанде пеш эълон кард, ки Тоҷикистонро дар баробари нӯҳ кишвари дигар дар феҳрасти кишварҳои мояи нигаронии хос аз назари муроот накардани ҳуқуқи динӣ шомил кардааст.

Майк Помпео вазири умури хориҷии Амрико дар як баёнияе дар рӯзи 20-уми декабр гуфт: “Рӯзи 18-уми декабр вазорати умури хориҷӣ Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистонро дигарбора кишварҳои мояи нигаронии хос эълон кард” чунки ба бовари вазорат ин кишварҳо пайваста ва мудавом “озодиҳои диниро ошкоро маҳдуд кардаанд ва ё помол кардани ҳуқуқи мазҳабиро нодида гирифтаанд.”

Ҳукумати Тоҷикистон, ки аз хатари ифротгароии динӣ нигарон аст, мегӯяд, дар кишвар ҳуқуқи пайравони ҳамаи адён риоят мешавад ва интиқоди ҳомиёни ҳуқуқу созмонҳои байналмилалӣ ғаразмандона ва беасос аст.

XS
SM
MD
LG