Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 18-уми декабр Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви зиндонии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро бо гуноҳи "майдаавбошӣ" 550 сомонӣ ҷарима кардааст. Раҷабова мегӯяд, вай гуноҳ надорад ва баръакс азияту таҳқир шудааст.
Раҷабова ду рӯз пеш ба расонаҳо шикоят кард, ки ӯро мақомоти милиса ва кормандони идораи умури занон дар амалиёти ба гуфтаи ӯ "зидди занони сатрпӯш" дастгир ва дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино 2 таҳқиру таҳдид карданд. Мақомоти умури дохилӣ ҳамагуна бадрафторӣ бо ин зани ҷавонро рад менамоянд. Вазорати корҳои дохилӣ як рӯз пеш гуфт, ки шикояти Ниулфар Раҷабоваро месанҷад.
Мақомоти додгоҳ ҳанӯз расман қарори рӯзи чаҳоршанбеи худро шарҳ надодаанд. Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи онҳо то ин дам бенатиҷа буд. Ҷамолиддин Ашӯрзод, додраси Додгоҳи ноҳияи Сино, ки қазияи Нилуфар Раҷабоваро баррасӣ кардааст, аз шарҳи масъала худдорӣ кард. Ӯ рӯзи 18-уми декабр баъди ҳолпурсӣ ва шунидани қазияи Нилуфар Раҷабова гӯширо гузошт ва дигар ба зангҳои мо ҷавоб надод.
Мурофиаи парвандаи Нилуфар Раҷабова бар асоси шикояти Раъно Абдуллоева, масъули бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино доир шудааст. Абдуллоева ин зани ҷавонро ба "таҳқири намояндаи давлат" муттаҳам кардааст.
Аммо Нилуфар Раҷабова мегӯяд, бо кормандоне, ки ӯро боздошт карданд ҳеч гуна вориди баҳс нашуда буд ва чун далел сабти ин муколамаро ҳам дорад. Аммо дар додгоҳ ин ҳамаро, ба гуфтаи ӯ, ба инобат нагирифтаанд.
Раъно Абдуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Сино рӯзи 18-уми декабр аз суҳбат дар ин бора бо Радиои Озодӣ худдорӣ кард ва дар як тамоси телефонӣ гуфт, "вақт надорам".
Нилуфар Раҷабова рӯзи 18-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "се мард худро кормандони Додситонии кул муаррифӣ карда ва гуфтанд, ки бояд дар ҷаласае оид ба қазияи азият шуданам дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино иштирок кунам. Онҳо хеле боадабона суҳбат карда, ба бовари мо даромаданд. Гуфтанд, ки касе ҳуқуқ надошт, бо шумо чунин муносибат кунад".
Ба нақли ин зани ҷавон, дар Додгоҳи ноҳияи Сино ба ӯ гуфтаанд, ки бар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 550 сомонӣ ҷарима шудааст.
Нилуфар Раҷабова модари ду фарзанди маъюб аст ва мегӯяд дар мурофиаи кӯтоҳу ғайриинтизории додгоҳӣ ба ӯ таъкид кардаанд, бо ин иттиҳом бояд ӯ ҷазои сахттар бигирад, аммо бо таваҷҷуҳ ба фарзандони бемораш ба ӯ гузашт карда мешавад.
Нилуфар мегӯяд, ӯ барои ду тифли бемораш каме бештар аз 500 сомонӣ нафақа мегирад ва бо ҳукми додгоҳ акнун маҷбур аст ин маблағро ҳамчун ҷарима ба давлат супорад.
Ин зани ҷавон субҳи 17-уми декабр аз рӯи масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино 2 ба Вазорати корҳои дохилӣ расман шикоят бурда буд ва дар Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ҳам барои ҳимояи ҳуқуқи ӯ дар додгоҳ алайҳи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино изҳори омодагӣ карда буданд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша вуҷуди ҳамагуна амалиёту боздошт барои пӯшидани сатрро рад мекунанд. Аммо чанд соли ахир назоратро аз болои либос ва намуди зоҳирии сокинон сахттар карда, аз ҷумла, барои донишомӯзону кормандони идораҳои давлатӣ пӯшидани либоси мазҳабиро манъ кардаанд.
Мухолифони ин муқаррарот мегӯянд, шаҳрвандон бояд дар интихоби либос ва намуди зоҳирӣ озод бошанд. Бархеи онҳо ин иддаоро ҳам пеш меоранд, ки "агар либоси мазҳабӣ ба фарҳанги тоҷикон бегона бошад, пас, барои мисол либосҳои аврупоӣ чӣ ҳисобида мешавад?"
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, як китоби либосҳои тавсиявӣ барои занонро нашр кардаанд, ки асосан аз атласу чакан иборат аст ва либосҳои мазҳабӣ ва нимаурёнро дар бар намегирад.
Мавзӯи назорат аз либоси мазҳабии шаҳрвандон дар Тоҷикистон борҳо мавриди интиқоди гузоришгарони Кумисюни озодиҳои динии Амрико ва нозирони дигари ҳуқуқи башар гардидааст. Вале мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин маҳдуд кардани озодиҳои сокинон нест, балки ба танзим даровардани фарҳанги миллист.
Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10