Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, хостааст, ба занони кишвар тамошои мусобиқоти варзишӣ дар майдонҳоро иҷоза бидиҳанд. Ҳасан Рӯҳонӣ зимни мулоқот бо варзишгарони эронӣ дар шаҳри Теҳрон рӯзи 22-юми май гуфт, дар дини ислом байни зану мард ҳеҷ фарқ гузошта нашудааст ва аз ин рӯ бояд ба занон иҷоза дода шавад, ки дар мусобиқоти варзишӣ ширкат кунанд.
Ислом нагуфтааст, ки ҳамаи занон бояд дар хона бошанд. Ислом мегӯяд, занон метавонанд бо ҳиҷоб дар тамоми умури ҷамъиятӣ ширкат кунанд
“Мегӯянд, занҳо ҳар чӣ қадар дар ҷомеа набошанд, дар хиёбон камтар бошанд, дар донишгоҳ камтар бошанд, дар муаллимӣ камтар ҳузур дошта бошанд, дар бемористон камтар ҳузур дошта бошанд, имони мардум бештар маҳфуз мемонад, аҷаб. Пас, чӣ тавр Худованд занҳоро офаридааст, хуб намеофарид”, – гуфт Ҳасан Рӯҳонӣ.
39 сол аст, ки...
Баъди инқилоби исломӣ дар Эрон дар соли 1979 рӯҳониён ҳузури занон дар майдонҳои варзиширо мамнӯъ карданд ва 39 сол боз аст, духтарон ҳақ надоранд, ба тамошои футбол ё ҳар варзиши дигар бираванд.
Рӯҳонӣ дар идомаи сӯҳбаташ ба масъалаи манъи вуруди занон ба майдонҳои футбол ишора кард ва гуфт: “Як ҳарфҳое зада мешавад, мегӯянд, ки дар футбол духтарони мо тамошо наёянд, мегӯем, чаро? Мегӯянд, ки ҳарфҳои зиште зада мешавад. Хуб, назанем. Ҳоло тақсири хонумҳо чӣ ҳаст? Агар Худо нокарда, ҷавонҳои мо, мардони мо як вақте каломе мегӯянд, ки он калом зебо нест, товонашро бояд хонумҳо пардохт кунанд?»
"Чаро мо инҳоро пушти парда бубарем?"
Ҳасан Рӯҳонӣ бо зикри ширкати фаъоли занони Эрон дар мусобиқоти байналмилалии варзишӣ гуфт, Исломи ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ монеи ҳузури занон дар ҷомеа нашудааст ва нигаҳ доштани онҳо дар хона дуруст нест.
“Ислом нагуфтааст, ки ҳамаи занон бояд дар хона бошанд. Ислом мегӯяд, занон метавонанд бо ҳиҷоб дар тамоми умури ҷамъиятӣ ширкат кунанд”, – афзуд раиси ҷумҳури Эрон.
Ҳасан Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, намоиш додани мусобиқоти варзишии занон дар телевизион кори дуруст мебуд. “Чӣ мешавад, агар телевизиони мо воқеан нишон диҳад, ки дар як майдони мусобиқа духтари ҷавони мо ҳиҷоб дорад ва талош мекунад, пирӯз мешавад, муваффақ мешавад. Чаро мо инҳоро бубарем пушти парда, ба чӣ муносибат? Чаро ин корро накунем?” – пурсид Ҳасан Рӯҳонӣ.
Президенти ФИФА: "Ба ман ваъда доданд"
Се моҳ пештар аз ин Ҷианнӣ Инфантино, раиси Федератсияи Байналмилалии Футбол гуфт, Ҳасан Рӯҳонӣ зимни мулоқот ба ӯ итминон додааст, ки занони эронӣ ба зудӣ ҳаққи тамошои футбол дар майдонҳоро ба даст меоранд. Ӯ рӯзи 2-юми марти имсол гуфт, “ба ман ваъда доданд, ки занон дар Эрон ба зудӣ ба тамоми майдонҳо роҳ дода мешаванд. Ӯ ба ман гуфт, дар кишварҳое ба мисли Эрон, чунин корҳо андаке вақт мегиранд”.
Айни замон Маъсума Ибтикор, муовини раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, таъйини қисмати хос барои занон ва хонаводаҳо дар майдонҳои футбол метавонад, масъалаи манъи вуруди занон ба майдонҳоро ҳал кунад, ҳарчанд рӯҳониёни муҳофизакори Эрон чунин пешниҳодеро дар гузашта рад кардаанд.
"Ба занони суриягӣ иҷозат доданд, ба занони эронӣ не"
Эътироз ба зидди манъи ҳузури занони эронӣ дар майдонҳои футбол дар моҳҳои гузашта зиёдтар шуд ва бахусус баъди онки зимни бозии тимҳои миллии Эрону Сурия дар шаҳри Теҳрон ба занони суриягӣ иҷозаи вуруд ба майдонро доданд ва ба занони эронӣ не.
Баъзе аз вакилони мардумӣ дар Эрон чунин рафторро “мояи таассуф ва табъизи озордиҳанда” номиданд.