Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати раҳоии 7 маҳбуси эронӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон


Бинои яке аз зиндонҳои Душанбе
Бинои яке аз зиндонҳои Душанбе

Мақомоти Эрон рӯйхати 7 маҳбуси эронии зиндонҳои Тоҷикистонро ба мақомоти Душанбе пешниҳод карда, дархости раҳо шудани онҳоро пеш гузоштааст.

Консули сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, феҳристи 7-нафараи маҳбусони эрониро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон давраи ҷазои худро адо мекунанд, бо дархости озодии онҳо ба давлати Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Довуд Аскарӣ, консули Эрон дар Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки феҳристи 7 зиндонии эрониро, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд дар авоили ҳамин ҳафта ба давлати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, то дар амри озодии онҳо мусоидат кунад. «Мо ба тозагӣ ин феҳристро ба мақомоти давлати Тоҷикистон пешниҳод кардем ва онҳо гуфтанд, ки масъалаи раҳоии маҳбусини эрониро баррасӣ хоҳанд кард. Аммо ҳанӯз ба мо посухи катбӣ надодаанд,» - зикр кард ҷаноби Аскарӣ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи огоҳ гуфт, ки масъалаи раҳоии маҳбусони эронӣ дар Тоҷикистон дар мулоқоти ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпур низ баррасӣ шудааст. Ин мулоқот рӯзи 14-уми феврал зимни сафари Иброҳим Раҳимпур ба Тоҷикистон сурат гирифт.

Ахиран як гуруҳи маҳбусони эронӣ, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд, дар номае ба унвони президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ хоҳиш кардаанд, ки ба вазъи онҳо расидагӣ кунад.

Номаи Асғарзода ба Рӯҳонӣ
Номаи Асғарзода ба Рӯҳонӣ
Акбари Асғарзода, яке аз маҳбусони эронӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки зери ин нома минҷумла Сӯҳроби Ҷалилӣ, Алиризо Некномӣ ва худи ӯ - маҳбусони зиндони рақами 7-и шаҳри Душанбе имзо гузоштаанд. Акбари Асғарзода қаблан худаш ҳам бо ирсоли як номаи алоҳида хостори расидагии Ҳасани Рӯҳонӣ дар қазияаш шуда буд.

Консулгарии Эрон мегӯяд, дар маҷмӯъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 7 шаҳрванди Эрон адои ҳукм мекунанд. Ин маҳбусон асосан бо ҷароиме, чун тамаъҷӯӣ, ришваситонӣ ва авбошӣ дар солҳои мухталиф аз тарафи додгоҳҳои Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.
XS
SM
MD
LG