Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар маҳбасҳои Эрон 25 тоҷикистонӣ зиндонӣ ҳастанд


Ҳудуди бисту панҷ тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон зиндонӣ ҳастанд.

Як намояндаи баландпояи сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 25 тан аз шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Теҳрон давраҳои ҷазои худро паси сар мекунанд.

Ин манбаъ афзуд, ки аксари онҳо бинобар содир кардани ҷурмҳои мухталиф дар қаламрави Эрон боздошт ва ба маҳкама кашида шудаанд: «Дар маҳбасҳои Эрон шаҳрвандони маҳбуси Тоҷикистон дар шароити беҳтар ва нигоҳдории муносиб, бидуни азияту бадрафторӣ ба сар мебаранд.»

Ин дар ҳолест, ки Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон наздик ба 20 нафар аз шаҳрвандони Эрон бо ҷурмҳои мухталиф, аз ҷумла фасоди молӣ ва тақаллубкорӣ, зиндонӣ ҳастанд.

Тавре маҳбусони эронӣ дар суҳбат ба расонаҳои хабарӣ мегӯянд, онҳо аз тарафи кормандони маҳбас мавриди латту куб бадрафторӣ қарор мегиранд, то ин ки даъвои баррасии дубораи парвандаашонро накунанд.

Акбари Асғарзода, як маҳбуси эронӣ беш аз як сол аст, ки дар зиндони рақами № 7-и шаҳри Душанбе зиндонист. Ӯ соли гузашта ба иттиҳоми "тамаъҷӯӣ" дар фаъолияти тиҷоратиаш ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд.

Оқои Асғарзода рӯзи чаҳоршанбеи 5-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз се моҳ ба ин тараф вазъи саломатиаш ниҳоят бад шуда ва аз даҳону биниаш хун меравад. Ба гуфтаи вай, вазни баданаш то 45 кило кам шуда, аз 104 килограм ба 60 расидааст. Вай аз ҳукми додгоҳ норозӣ буда мехоҳад парвандааш бозбинӣ шавад.
XS
SM
MD
LG