Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сари арӯсу домодро кӣ шикаст?


Дар натиҷаи заминларза сари домод шикаста аз тан ҷудо гардид, арӯс аз як дасташ маҳрум гашта, рӯяш аз зарби афтодан пурра хароб шуд.
Дар натиҷаи заминларза сари домод шикаста аз тан ҷудо гардид, арӯс аз як дасташ маҳрум гашта, рӯяш аз зарби афтодан пурра хароб шуд.

Ин арӯсу домод зиёда аз 50 сол боз дасти ҳамдигарро сар намедоданд. Тайи ин муддат ин ҷуфт ягон бор ҳам дар ҳаваси куртаи наву ҷомаи нав набуданд. Баръакс, мӯд аз паси мӯд меомад, вале куртаву ҷома ва тоқиву попӯши арӯсии онҳо дигар намешуд.

Агарчанде дар гузаштаи начандон дур баъзан бар сарашон борон ҳам мечакид, вале ин арӯсу домод орзуи манзили навро ҳам накардаанд. Онҳо ягон бор дар ҳаваси мошинаи ҷомашӯӣ, телевизорҳои рангаву DVD ҳам набудаанд. Ин ҷуфт боре ҳам ба ҳамдигир изҳори муҳаббат накардаанд, ҳарчанд аз нигоҳи гарму чашмони пурмеҳр ва даст ба даст гирифтанашон ҳувайдо буд, ки дилдодаи ҳамдигаранд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00
Линки мустақим



Аммо «ҳукми тақдир» ба ин арӯсу домод, ки тайи ин муддат кунҷи осорхонаи таърихиву кишваршиносии Бадахшонро оро медоданд, зарба зада, онҳоро аз по афтонд. Ба гуфтаи мудири осорхона Саъбдавлат Алиназарова, заминларзаи андак, ки чанде қабл рух дод, арӯсу домодро аз тахташон ба замин афканд. Дар натиҷаи ин ҳодиса, сари домод шикаста аз тан ҷудо гардид, арӯс аз як дасташ маҳрум гашта, рӯяш аз зарби афтодан пурра хароб шуд.

Пайкараи ин арӯсу домод, ки солҳои 1960-ум бо дархости осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ устоҳои моҳир дар Санкт-Петербург тайёр карда, ба Хоруғ оварданд, яке аз ҷаззобтарин экспонатҳои осорхона ба шумор рафта, ба бинандагон аз суннати арӯсу домодии мардуми Помир ҳикоят мекард.

Ба гуфтаи рассоми осорхона Мирзоватан Завқуллобеков, онҳо зуд ба барқарор намудани пайкара пардохтанд. Сари домоду арӯсро нав карда, кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд, ки то чеҳраҳо ба пайкараи қаблӣ монанд бошад. Аммо арӯсу домоди гармрӯи қаблӣ, ки гилему куртаи арӯсии қадима ба қади зебояшон шинам афтода буд, бо он сурату сирати хоксорона ба чашму дили бинандагон нишаста буданд ва онҳое, ки як бор қаблан ин ҷуфтро дар осорхона дидаанд, кӯшиши замонавӣ гардонданашонро номуваффақ мешуморанд ва бо ҳасрат аз он арӯсу домод ёд мекунанд.

Ба гуфтаи мудири осорхона, набуди мутахассиси пайкарасоз ва масолеҳи хуб ба сифати барқарорсозии муҷассама таъсир расонда, вале ҳамзамон ба пайкара баъзе тағйирот ворид шуданд. Вай гуфт: "Куртаи парча ба тани арӯс номувофиқ буд, онро ба беқасаб иваз кардем. Ба домод гилеми нав пӯшондем. Ранги рӯйи арӯсу домоди қаблӣ сиёҳчатоб буд, шояд тасаввури устоҳои ленинградӣ дар бораи сокинони кишвари мо чунин буд, вале сокинони Бадахшон ва умуман тоҷикон мардуми зебо ва сафедрӯй ҳастанд, барои ин рӯйҳояшонро сафед чашмонашонро каме калонтар кардем."


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00


Аммо мудири осорхона афзуд, бо назардошти эродҳо ва дархости меҳмонони осорхона, онҳо тасмим гирифтанд, ки пайкараи арӯсу домодро дар шакли пештара барқарор ва сари тахти домодӣ шинонанд ва бовар доранд, ки ин ҷуфт аз нав ба экспонати бинандатарин ва ҷолибтарини осорхона табдил мешавад.
XS
SM
MD
LG