Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳрубони Равшан: "Мунтазири боз шудани марз ҳастам, ба Тоҷикистон бармегардам" ВИДЕО


Меҳрубони Равшан. Акс аз бойгонӣ
Меҳрубони Равшан. Акс аз бойгонӣ

Овозхони тоҷик Меҳрубони Равшан, ки ҳоло дар Русия аст, пас аз чанд соли хомӯшӣ ва набудан дар рӯйи саҳна дубора аз худ дарак дод. Аммо на бо таронаву эҷоди нав, балки бо ду паём, ки бисёриҳоро ҳайратзада кардааст.

Ӯ дар паёми аввал аз мардум барои баргардондани қарзҳояш кумак хост. Дар паёме дигар муҳоҷирони кориро дар Русия барои иштирок дар бозии бурдноки мошинҳо даъват кард.

Бархе амалкарди ӯро "фиребкорӣ" номиданд, вале худи ӯ рӯзи 11-уми июн дар суҳбати телефонӣ аз Русия гуфт, "мушкили шахсии ман дигар аст, таблиғи бозии бурдноки мошинҳо чизи дигар".

Вай афзуд: "Бале, ин гапҳоро шунидам. Бояд бигӯям, ки бозии бурднок ба ман дахл надорад. Танҳо онро таблиғ кардам ва маблағи муайянеро ҳамчун ҳаққи хидмат гирифтам. Ман на мошин гузоштам, на пул ва на созмондиҳандаи ин бозӣ ҳастам. Дуруст, ман барои мушкиле, ки доштам аз афроди хайрхоҳ кумак хостам ва онҳо низ ба ман дасти ёрӣ дароз карданд. Ҳоло бисёриҳо фикр доранд, ки гӯё ман бо кумаки мардум бозӣ ташкил кардам. Агар чунин коре карда бошам, ба ману фарзандонам насиб накунад."

Радиои Озодӣ: Танқиди бисёриҳо аз он аст, ки муҳоҷиронро ба бозие даъват доред, ки пайомадаш маълум аст. Яъне, як кас баранда мешавад, вале садҳо кас бо умеди ба даст овардани пули бештару мошин, мумкин аст, охирин дороии худро аз даст диҳанд...

Меҳрубони Равшан: "Бори дигар мегӯям, ки бо созмондиҳандаҳо рабт надорам ва танҳо дар видеои таблиғӣ нақш бозидам. Ин кор дар ягон ҷо манъ нашудааст. Таблиғи ин ё он бозӣ ё маҳсулот аз сӯи овозхону ситораҳои шинохтаи ҳунар дар тамоми дунё ҳаст. Аз тарафи дигар, дар инҷо касеро маҷбур накардаанд, ки ҳатман дар бозӣ ширкат кунад ва билет харад. Бовар дорам, овозаҳо кори дасти рақибон аст ва мухлисон ҳеч гоҳ чунин намекунанд."

Радиои Озодӣ: Баргардем ба ин мавзуъ, ки чӣ шуд якбора гирифтори мушкили молӣ шудед? Дар як навор мегуфтед, ки бонк барои барнагардондани қарз хонаи шуморо гирифтанист...

Меҳрубони Равшан: "Ростӣ, вақте бори аввал аз бонк қарз гирифтам, бе ҳеч мушкил баргардондам. Дафъаи дувум бо мушкил дучор шудам. Сабаби асосӣ ин аст, ки ман дар Русия дар карантин мондам. Ҳоло қарзро баргардондам ва бо бонк мушкил надорам. Он шабу рӯзе, ки кумак хоста будам, воқеан мушкилам ҷиддӣ буд. Ҳам қарзи бонкӣ доштам, садама кардам, бемор будам. Ба илова, аз онҳое, ки аз ман қарздор буданд, пуламро гирифта наметавонистам."

Баҳси овозхон Меҳрубони Равшан бо блогерҳои тоҷики муқими Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Радиои Озодӣ: Вале нагуфтед, ки баъд аз муроҷиати шумо чӣ қадар кумак карданд, чун дар ин бора низ баҳсҳо зиёд аст.

Меҳрубони Равшан: "Як нафар навиштааст, ки гӯё ман гуфтаам, 70 ҳазор доллар кумак кунед. Ин гапро ҳеч гоҳ нагуфтам ва ин пуле нест, ки бояд бо кумаки дигарон ба даст биёрӣ. Вале аз ҳар нафаре, ки ба ман кумак кард ва ҳатто бе кумаки молӣ зангу заду гуфт "бо туем", ташаккур мекунам. Ҳоло дар корти ман ҳамагӣ 12 ҳазор рубл ҳаст ва ман онро аз касе пинҳон намекунам."

Радиои Озодӣ: Даҳ сол пеш ҳам номи шумо замоне дар сархатти расонаҳо ҷой гирифт, ки баъд аз зиёрати Каъба гуфта будед, саҳнаро тарк карда, рӯ ба таронаҳои мазҳабӣ меоред, вале иҷро нашуд. Касе маҷбур карда буд, ки чунин бигӯед, ё барои ба даст овардани дили мардум ва ё сари эҳсос гуфтеду баъд пушаймон шудед?

Меҳрубони Равшан: "Ман ҳеч вақт нагуфтам, ки тарки саҳна кардам. Танҳо гуфта будам, ки андак-андак аз ин роҳ канор меравам. Шояд ин рӯз ҳоло нарасидааст. Инро ҳам баъзеҳо ба фоидаи худ истифода карда буданд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло ба чӣ кор банд ҳастед. Барои баргузории кадом барнома ба Русия рафтед ё муҳоҷират?

Меҳрубони Равшан: "Ман моҳи декабри соли гузашта ба Русия омада ва тасмим доштам, дар инҷо консерт баргузор кунам. Ҳар сол барои се ё чаҳор моҳ инҷо меомадам ва барои мухлисон барнома иҷро мекардам. Ин дафъа баъди омадани ман бо сабаби авҷи коронавирус марзҳо баста шуд, ҳама дар карантин ҳастанд ва барномаҳои ман ба таъхир афтод. Бо беҳтар шудани вазъ консертро баргузор мекунам ва ба Тоҷикистон бармегардам."

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG