Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кайҳон рафт, "Фанон" рафт - кӯҳҳо монданду орзуҳои кайҳонӣ


Бо вуҷуди он ки 12-уми апрел ҳанӯз ҳам ба унвони Рӯзи кайҳоннавардон эътироф мешавад, аммо биcёриҳо намедонанд, ки баландкӯҳҳои Тоҷикистон тамрингоҳи кайҳоннавардони Шӯравӣ буд

Дар даврони Шӯравӣ аксари кайҳонавардон қабл аз парвоз ба кайҳон барои чанд ҳафта меҳмони баландкӯҳҳои Тоҷикистон мешуданд. Георгий Кошлаков, собиқ муовини аввали раиси шӯрои Вазирони Тоҷикистони шӯравӣ рӯзи ҷумъаи 11-уми апрел дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» саҳми ин кишварро дар рушди кайҳоншиносӣ беназир унвон кард. Кошлаков мегӯяд, Тоҷикистон на танҳо тамрингоҳи кайҳоннавардон буд, балки балки захоири табии он аз кайҳон омӯхта мешуд ва аксҳое низ аз он омӯзишҳо вуҷуд доранд.

Маркази пажӯҳишии «Табиат» дар Тоҷикистон аз нахустин муассисаи кайҳонӣ дар қаламрави Шӯравии пешин буд, ки ин аксҳоро меомӯхт ва таҳлил мекард. Дар баробари ин пажӯҳишгоҳ, муассисаи ниманизомии дигар бо номи "Фанон" дар маркази Душанбе фаъол буд ва барои киштиҳои кайҳонӣ қисмҳои эҳтиётӣ тавлид мекард.

Георгий Кашлаков мегӯяд, «ин марказ ба омӯзиши захираҳои зеризаминӣ аз кайҳон машғул буд. Дар маҳали «Дуюм совестский» сохта шуда буд, ки ҳоло нишоне аз он боқӣ намондааст. Он ҷо махсус барои космонавтҳо сохта шуда буд. Дар он ҷо ба бақайдгирии захираҳои табиӣ аз космос машғул буданд. Ин дар шӯравӣ ягона буд ва мо якумин шуда, ин корро карда будем ва вақте шӯравӣ барҳам хӯрд, ҳамон харитаҳои захираҳое, ки мо кашида будем, дар соли 1991 дар Байконур ба намоиш гузошта шуда буд, ки он ҷо ман ҳам ширкат доштам. Ин ҷо хеле ҳуҷҷатҳои муҳим нигоҳ дошта мешуд. Ин ягона филиал дар тамоми Шӯравӣ буд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Кошлаков, дар маркази кайҳонии «Табиат» коромӯзон аз Эрону Камбоҷа ҳамасола таълиму таҷриба меандӯхтанд. Аммо муддати ду даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон аз маркази пажӯҳишии "Табиат" ва корхонаи "Фанон" ҳатто номе боқӣ намондааст. Зеро ҳамакнун дар мавзеъе, ки маркази пажӯҳишии кайҳонии «Табиат» воқеъ буд, мағозаву дӯконҳои хусусӣ фаъолият доранд ва корхонаи тавлиди таҷҳизоти кайҳонии «Фанон» ба «Сомон-таҷҳизот» табдили ном кардава дар он умдатан асбоби оддии рӯзгор тавлид мешавад.

Абдулҳошим Исмоилов, директории корхонаи «Сомон-таҷҳизот» мегӯяд, тибқи қавонини ҷумҳури Тоҷикистон корхонаи «Фанон» хусусӣ шуд, зеро ҳеҷ кишваре барои истеҳсоли таҷҳизотӣ киштиҳои кайҳонӣ ба онҳо дархосте накард. Ҷаноби Исмоилов афзуд, «мутаассифона пас аз пошхӯрии Шӯравӣ дигар мо натавонистем дар шакли пештара фаъолият кунем. Аз ин рӯ, вобаста ба талаботи бозори дохилӣ мо самти фаъолияти корхонаро дигар кардем. Ҳоло мо қитъаҳои кафшергарӣ, бомпӯшӣ, рехтагарии чугун, дузандагӣ ва қитъаи эълон рекламаву мебелбарорӣ дорем, ки аз рӯи онҳо фаъолият мекунем.»

Бо ин ҳам раиси корхонаи «Сомон-таҷҳизот»дар бораи фаъолияти корхонаи «Фанон» дар замони шӯравии пешин шарҳи бештаре ироа накард.

Хурсанд Ибоддинов, як масъули пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, Шӯравӣ талош дошт, то ҳама кишварҳо дар ҳама соҳаҳо ба гунае саҳм дошта бошанд, аз ин рӯ, «Фанон»-ро бунёд кард, ки корхонаи низомӣ ва фаъолияташ сиррӣ буд. Бо пошхӯрии Шӯравӣ ин коргоҳ ҳам аз миён рафт ва ниёзе ба истеҳсоли маҳсулоти сиррӣ боқӣ намонд. «Ин ҷо баъзе қисмҳои эҳтиётӣ дар асоси кварту дигар чизҳои муҳим ин ҷо месохтанд. Бо барҳам хӯрдани Шӯравӣ мисле, ки ҳамаро об бурд ва дигар нишоне намонд»- мегӯяд Хурсанд Ибодов.

Зимнан, корҳои муҳимро дар корхонаи «Фанон» бештар мутахассисони рус анҷом медоданд ва миллатҳои дигар ба корҳои дараҷаи дуввуму саввум ҷалб шуда буданд. Гуфта мешавад, ки ба думболи суқути Шӯравӣ таҷҳизоти муҳими ин корхона оҷилан ба Русия интииқол ёфт ва чанд оҳанпорае, ки дар Тоҷикистон боқӣ монда буд, ба дарди касе намехӯрд.

Давлат Муҳаммадиев, беш аз даҳ сол дар корхонаи «Фанон» ба ҳайси харрот кор кардааст, аммо мегӯяд, намедонист, ки маҳсулоти истеҳсолиаш барои чӣ ҳаст: «Дар вақтҳои аввал ҳатто номаш аниқ набуд. Гоҳҳо рамзан почтовий яшик аз ин корхона ном мебурданд. Мо намедонистем, ки маҳсулоте истеҳсол мекардем, барои куҷост. Дар корҳои аввал русҳо буданд, мо танҳо алюминий ва баъзе металҳои қимматро дар коргоҳ омезиш дода, мегудохтем. Танҳо эҳсос мекардем, ки ин корхона ҳарбист. Се бор рамзан ёд дорам, ки номашро иваз кард. Як системае буд, ки ба фикрам то ба дасти русҳо расидан чи сохтанашро касе намедонист. Фақат баъди пошхӯрии Шӯравӣ мо фаҳмидем, ки барои кайҳоннавардон маҳсулот истеҳсол мекунем. Шӯравӣ барҳам хӯрд ва ман то ҳол бекорам.»

Бо онки гуфта мешавад, Тоҷикистон дар рушди кайҳоннавардӣ дар Шӯравии пешин саҳми муасире дошт, вале натавонист кайҳоннавард омода кунад. Аксаран инро ба сиёсати вақти Маскав вобаста медонанд, ки намехост миллатҳои ғайрирусро пешсаф бубинад ва онҳоро дар сатҳи кормандони оддӣ нигаҳ медошт.
XS
SM
MD
LG