Раҳима Шалоэри 68-сола мегӯяд, маҳз бо ҳамин ҳадаф ӯ 35 ҳазор долларро пардохта, аз маҳбас берун омадааст ва мехоҳад бегуноҳии худро исбот карда, зарур шавад, аз президент ҳам кӯмак мепурсад. Дар сурати сафед нашудани ном ва ба инобат нагирифтани хизматҳояш, ин овозхон мегӯяд, тарки кишвар хоҳад кард. Раҳима Шалоэр, овозхони маъруфи гурӯҳи эстрадии “Гулшан” моҳи маи соли ҷорӣ бо иттиҳоми қаллобӣ ва барнагардонидани қарзи гирифтааш, ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Тибқи қонуни авф ду соли мӯҳлати зиндони ӯ ихтисор шуда, ба 6 сол расид. Баъди пардохти пул моҳи июл ӯ ба озодӣ баромад. Ҳоло ӯ мегӯяд, ки аламовараш дар ин моҷаро ҳамин буд, ки мақомот ба ҳарфи ӯ бовар накарданд.
Дар нахустин сӯҳбаташ баъди зиндон ӯ гуфт, ҳеҷ гуноҳе надорад. Радиои Озодӣ аз ӯ хост, ки асли қазияро бо забони худ шарҳ диҳад.
Раҳима Шалоэр: Бо Оиша Абдуллоева, зане, ки аз болои ман шикоят кардаву сабаб шуд 107 рӯз дар маҳбас бимонам, ман соли 2013 шинос шудам. Дар як ҷамъомад гуфт, мухлиси ман аст ва ҳамин тавр равуо
кардем. Вай манзили зисташро фурӯхта хост пулро гардиш дода хонаи васеътар харад. Аммо аз тарси он ки қарздорон пул ва фоизро сари вақт ба ӯ барнамегардонанд, аз ман ҳамчун як одами обрӯманд хоҳиш кард, ки кӯмакаш кунам ва пулҳои ӯро аз номи худам қарз диҳам. Ҳамин тавр як рӯз домодашро оварду 6 ҳазор доллар гирифта дод ва бори дуввум як зану шавҳари шиносашро овард. Онҳо дар маҷмӯъ 20 ҳазор доллар қарз гирифтанд. Ҳамин тавр шуд, ки қарздорҳо - Шаҳноза ва Акбар 9 сол маҳбас шуданд ва Ойиша ҳам сару калобаашро гум карда аз болои ман ба прокуратура шикоят навишт. Ман ҳайронам, дар асоси як шикоят, бидуни ягон далел ман 8 сол ҳукм гирифтам. Дар ин рӯзҳое, ки маҳбас будам, тамоми мӯйи сарам сафед шуд. Ман гуноҳ надорам. Баъди ин ҳоло ба касе бовар намекунам.
Радиои Озодӣ: Ин 3 моҳи зиндагиатон дар зиндон чӣ хел гузашт? Ба саломатӣ ва кору зиндагиатон чӣ таъсире гузошт?
Раҳима Шалоэр: Саломатиро аз даст додам. Ҳама касалам аз асаб аст. Аз субҳ то шом фикр мекардам, ки чӣ гуноҳ дорам? Хоб надоштам. Тамоман дилам аз адолати додгоҳӣ монд. Духтарам бисёр нороҳат шуд. Гуфт, хонаро мефурӯшаму шуморо озод мекунам. Ман худам хона надорам, маъюби гурӯҳи дуюм ҳастам ва чанд соли пеш хонаамро фурӯхта барои ҷарроҳии чашмам ба Алма-Ато рафтам. То ҳол дар хонаи духтарам Муниса зиндагӣ мекардам. Ҳамин тавр духтарам дигар аз саломатиам тарсиду маро розӣ кунонд ва қарз гирифту маро озод кард. Албатта баъзе шиносҳо ҳам кӯмак карданд. Ман имрӯз 150 сомонӣ нафақа мегирам. Ин намерасад, писар надорам. Шавҳарам барвақт аз дунё гузашт. 3 духтарро бузург кардам. Ҳама ҳунарманданд ва барои миллату фарҳанги кишвари худ хизмат мекунанд. Ман имрӯз ба озодӣ баромадам, ки арзамро то президент расонам ва номи некамро барқарор кунам.
Радиои Озодӣ: Шумо то ин қазия танҳо чун як овозхони гурӯҳи овозадори «Гулшан» мешинохтанд. Вале баъди ин қазия сару садоҳо шуд, ки ба тиҷорат машғулед?
Раҳима Шалоэр: Ман ягон тиҷорати бузург надоштам. Фақат набераи дуввумам бемор буд ва бо як ширкати дорусозӣ ҳамкорӣ доштаму доруҳои онҳоро тарғиб мекардам. Духтарҳоям ҳам корҳои оддӣ доранд, фақат зиндагӣ маҷбур кардааст, ва баъзан аз Туркия мол оварда мефурӯшанд. Муҳим ин ки мо дуздӣ намекунем, ғоратгар нестем.
Радиои Озодӣ: Ҳоло дигар чӣ нақшаҳо доред?
Раҳима Шалоэр: Қабл аз ҳама мехоҳам, асли қазияро ба ҷомеа, ба президент худам фаҳмонам. Духтаронам мегӯянд, агар шуморо нашунаванду қадр накунанд, аз ин кишвар меравем. Вақтҳои мушкилу ҷанг мо кишварро тарк накардем, тоқат кардем. Имрӯз бо даъвои як зани кӯча маро ба ин аҳвол расонданд. Ман барои қалбам не, барои қадрам гиря мекунам. Сӯхта истодаам. (Гиря мекунад) Ташаккур мегӯям барои Радиои Озодӣ ва ҳама расонаҳо, ки дар ин рӯзҳои мушкили зиндагӣ моро сарфи назар накарданд. Миннатдорам.