Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наталия Антелава дар бораи мукотибаҳояш бо духтари президент


Хабарнигори муҳаққиқ Наталия Антелава мегӯяд, мукотибаи ӯ бо Гулнора Каримова -духтари раисиҷумҳури Узбакистон дар соли 2013 аз як саволи оддӣ дар бораи ихроҷи журналистон оғоз ёфта буд.

Наталия Антелава, хабарнигори мустақил ва корманди платформаи интернетии "Coda Story" дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ дар шаҳри Прага аз вазъи озодии баён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ки вазъи матбуот ҳанӯз чор-панҷ соли пеш дар ин минтақа нисбатан беҳтар буд, журналистон дар кишварҳои мисли Қирғизистону Тоҷикистону Қазоқистон дар пӯшиши хабарҳои муҳим озодтар буданд. Аммо ҳоло вазъ на танҳо дар Узбакистону Туркманистон, балки дар Қирғизистон ҳам шадидан нигаронкунанда шудааст.

Антелава то соли 2015 корманди ширкати байналмилалии Би-би-сӣ ва масъули бахши Осиёи Марказӣ дар ин ширкат буд ва бо чанд гузориши ҷанҷолбарангезаш мавзӯъҳои табуро боз кардааст. Яке аз онҳо – масъалаи безурётсозии махфии занон дар Узбакистон буд, ки баъд аз он Антелава дар ин кишвар шахси мамнӯъ-ул-вуруд шуд. Вале соли 2013, яъне як сол баъд аз ин гузориши таҳқиқотӣ, ӯ тавонист бо духтарони президент Ислом Каримов мусоҳибаҳо анҷом дода, вуҷуди равобити печидаву хеле бади аъзои хонаводаи шахси аввал дар Узбакистонро фош кунад.

Дар як сӯҳбат бо Наталия Антелава аз ӯ нахуст пурсидем, ки оё дар шароити афзоиши фишору маҳдудиятҳои сиёсӣ, тарзи бархӯрди журналистон бояд чӣ гуна бошад – онҳо бояд ба ин вазъ мутобиқ шаванд ва ё бо вуҷуди фишорҳо, аз рисолати аслии пӯшиши хабарҳои интиқодии сиёсӣ даст накашанд?

Наталия Антелава: "Ин як саволи хеле сахт аст ва ҷавоби яксон надорад. Бешубҳа, журналистон бояд кори касбии худро идома диҳанд, вале ман ҷиддӣ нигарон ҳастам, ки сол то сол дар Осиёи Марказӣ анҷоми ин кор душвортар мешавад. Шароит ҳатто дар кишвари озодтарини минтақа – Қирғизистон дар муқоиса бо 10 ва ҳатто 2-3 соли охир шадидан тағйир ёфтааст. Шароити кор барои журналистон дар ин кишвар хеле сахт шудааст. Масъала дар ин ки ҳеч кас ҳаққи маънавӣ надорад, журналистро водор кунад, ки дар ҳама шароит, худро қурбон карда ҳатман масъулиятҳои касбии худро иҷро кунад. Вақте иҷрои масъулиятҳои касбии журналист бо хатар рӯбарӯ шуду озодиҳо маҳдуд шуданд, баъзе журналистон касби худро тарк карда, масалан, ронандаи таксӣ мешаванд. Яъне, ин ҷо алакай тасмим ба худи шахс - журналист аст, ки чиро интихоб мекунад. Ӯ метавонад як ровии телевизион шуда, матни аз пеш омодашударо қироат кунад ва ё касбашро аслан тарк кунад. Ман мӯътақидам, ки бо вуҷуди чунин сангинии шароит ва деворҳои баланди маҳдудиятҳо, журналистон бояд кори худро идома диҳанд ва ҳодисаҳои кишварро пӯшиш диҳанд. Дар чунин ҳолат, нақши расонаҳои байналмилалии хабаррасон, ба мисли Радиои Озодӣ, Би-би-сӣ ва журналистони дигар дар берун аз ин кишвар хеле муҳим мешавад. Барои ин бахши расонаҳо пайгирии ҳодисаҳо дар Осиёи Марказӣ роҳаттар аст, назар ба ин ки ҷони хабарнигорони маҳаллӣ дар Тоҷикистон ё Туркманистон бо хатар рӯбарӯ шавад."

Радиои Озодӣ: Шумо бисёр саёҳат мекунед ва дар манотиқи мухталиф, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ кор кардаед. Ба фикри Шумо, шароити кор барои журналистон дар кадом кишварҳои пасошӯравӣ ҳоло роҳаттар аст, дар куҷо ҳукуматҳо самимона бо журналистон ҳамкорӣ мекунанд ва маҳдудиятҳои сиёсӣ вуҷуд надорад?

Наталия Антелава: "Вазъ яксон нест, вале роҳаттарин муҳит барои кори журналистон ҳоло дар Гурҷистону Украина мушоҳида мешавад. Дар Русия шароити кор бо сабабҳои дигар хеле сахт шудааст. Дар Русия мақомот одат пайдо кардаанд, ки аслан аз сӯҳбат бо журналистон худдорӣ кунанд. Айни ҳол дар Осиёи Марказӣ ҳам мушоҳида мешавад. Дар Гурҷистон, баръакс, ҳама бо шумо бемаҳдудият сӯҳбат мекунанд."

Радиои Озодӣ: Соли 2012, баъд аз пӯшиши мавзӯи безурётсозии махфӣ дар Узбакистон, Шуморо шахси мамнӯъ-ул-вуруд эълон карданд. Вале соли дигараш тавонистед мусоҳибаи ихтисосии духтарони президент Гулнора Каримова ва баъдан Лола Тиллоева-Каримоваро нашр кунед. Лола дар сӯҳбат маълумоти хеле ногаҳонӣ ва моҷаробарангезро дар бораи ҷузъиёти равобити хонаводагии президент Каримов фош кард. Чӣ тавр шуд, бо муносибати баде, ки ҳукумати Узбакистон бо Шумо дошт, тавонистед бо духтарони президент мусоҳиба кунед?

Наталия Антелава: "Бале, он қисса бештар дар бораи Гулнора буд, на дар бораи Лола. Пеш аз он маро аз Узбакистон ихроҷ карданд ва муносибати ҳукумати Узбакистон бо ман хеле бад шуд. Баъд гузориши безурётсозӣ нашр шуд. Бо ин вуҷуд, баъд аз он ҳодисаҳо ба мо даст дод, ки бо духтарҳои президент мусоҳиба кунем. Ин қисса намунаи ҳамон талошҳои журналистист, ки агар одам вақти бисёрро сармоягузорӣ карда, талоши бештар ба харҷ диҳад, ҳатман чизе ба даст меояд. Сӯҳбат бо худи Гулнора Каримова тасодуфан имконпазир шуд. Ин ҳамон замоне буд, ки Гулнора дар шабакаи Твиттер хеле фаъолона изҳори назар ва аз режим ҳимоят мекард. Ман ба ӯ савол додам, ки "пас, чаро Шумо аз қаламрави Узбакистон журналистонро ихроҷ мекунед?" Аз ҳамин муроҷиати ман як мукотибае байни мову ӯ шурӯъ шуд, ки баъдан ба чанд гузоришу мақолаҳо табдил шуд. Ин ҳамон мӯрие ба ошёни торику пӯшидае бо номи хонаводаи президенти Узбакистон шуд, ки касе намедонист зери ин бом чӣ мегузарад. Аммо ҳоло ман дигар бо онҳо дар тамос нестам, намедонам, ки ҳоли Гулнора чист. Чунки дар як марҳилае ман, ҳамчун журналист, фаҳмидам, ки ин ҳама талошҳои ман бидуни донистани назари тарафи муқобил – худи президент Ислом Каримов натиҷа намедиҳад. Ҳаминро мефаҳмидам, ки ин ҷо як муборизаи дохилиоилавӣ ҷараён дорад. Барои ҳамин, ман аз пайгирии ин мавзӯъ даст кашидам."

Радиои Озодӣ: Як соли охир, баъд аз тарки Би-би-сӣ Шумо дар тарҳе бо номи платформаи интернетии "Coda Story" кор мекунед. Ин чӣ тарҳ аст?

Наталия Антелава: "Ин як проекти таҳқиқотӣ аст, ки дар таҳияи он на танҳо ман, балки як тими азими журналистони байналмилалӣ ҷалб шудаанд. Вижагии кори мо ин аст, ки мо барои пӯшиши як мавзӯи таҳқиқотӣ ҳамаҷониба сафарбар мешавем ва як мавзӯъро аз ҳама паҳлӯҳои мумкинаш таҳлил мекунем. Масалан, рӯйдодҳои Андиҷон дар соли 2005 гузашт ва журналистон тадриҷан аз таваҷҷӯҳ ба пайгирии ҳодисаҳои марбут ба он фоҷиа канор рафтанд. Рисолати мо дар ин барнома ин аст, ки ҳамин мавзӯъро аз сар то охир пурра таҳлил кунем. Албатта, чунин тарҳҳо вақту хароҷоти зиёд мехоҳад ва гоҳе барои баррасии як мавзӯъ то як соли кори мо сарф мешавад."

Наталия Антелава: Бо вуҷуди мушкилӣ журналист бояд корашро давом диҳад!
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:52 0:00

XS
SM
MD
LG