Аудитория ва ё муштариёни расонаҳои интернетии Тоҷикистон дар як соли охир 50 дар сад коҳиш ёфтааст. Назарсанҷии созмони М-вектор нишон додааст, ки фақат 12 дарсади пурсидашудагон дар Тоҷикистон интернетро ба ҳайси манбаи иттилоъ номбар кардаанд.
Парвина Муниева, як масъули дафтари муассисаи назарсанҷӣ ва консалтингии "М-вектор" дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки назарсанҷии тозаи онҳо, дар бораи сарчашмаҳои дарёфти иттилло дар Тоҷикистон чанде пеш анҷом шуд.
"М-вектор" ҳар сол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳқиқ мекунад, ки мардум доир ба ҳодисаҳои кишвар ва хориҷ аз кадом манобеъ хабару иттилоъ мегиранд.
Бар асоси натиҷаҳои назарсанҷии нав, 67 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, иттиллоро бештар аз телевизионҳо дарёфт мекунад. Дар мақоми дуввум барои гирифтани иттилоъ Интернет будааст ва 12 дарсади мардум дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои огаҳ шудан аз таҳаввулоти ҷаҳону Тоҷикистон ба Интернету, расонаҳои интернетӣ муроҷиат мекунад.
Нӯҳ дар сади дигар гуфтаанд, ки радио барояшон як манбаи гирифтани хабар аст. “Соли гузашта шумораи онҳое, ки интернетро чун манбаи гирифтани иттилоъ зикр карданд, 24 дарсад буд. Ҳоло 12 дарсад аст. Баръакс шунавандагони радио аз 4 дарсади соли гузашта зиёд шуда ва ба 8 дарсад расидааст. Яъне мешавад гуфт, фазои холимондаи интернетро то ҷое радио пур мекунад”.
Касе намехоҳад, зиндагии ороми хешро ба туфайли истифода аз ягон сарчашмаи интернетӣ халалдор созад.
Назарсанҷии созмони "М-вектор” дар тамоми қаламрави Тоҷикистон доир шудааст ва қишрҳои гуногун ва афроди синну соли мухталифро дар бар гирифтааст. Дар ҳоле ки аксарияти мардум телевизионро манбаи асосии иттилоъ хондаанд, ки дар Тоҷикистон тамоми телевизионҳои саросарӣ дар дасти давлат аст ва ҳамеша ба ҳайси абзори тарғиботии ҳукумат истифода мешаванд.
Дар пойтахт шаҳри Душанбе як телевизиони мустақил, СМТ вуҷуд дорад ва онро фақат дар ҳудуди шаҳр метавонед, тамошо кунед. Дар баъзе вилоятҳо ва бахусус вилояти Суғд телевизионҳои хусусӣ зиёданд, вале барномаҳои аксарияташон тафреҳист ва онҳо аз инъикоси мавзӯҳои муҳим ва сиёсӣ парҳез мекунанд.
Вебсайтҳои хабарӣ ва ё расонаҳои интернетӣ ягона манбаи иттиллои мустақил дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Коҳиши корбарони расонаҳои интернетӣ, ки қаблан хонандаи зиёд доштанд, ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ сабабҳои гуногун дорад.
Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар шарҳи ин вазъ ба Радиои Озодӣ гуфт:
“Мӯҳтавои сегменти тоҷикии интернет хеле заиф аст. Масдуд шудани дастрасӣ ба торнамои хабарии “Озодагон” ва мушкилоти фаннӣ дар дастрасӣ ба торнамои хабаргузории “Азия плюс” боиси ин вазъият шудааст. Бар замми ин дар як соли охир ба ҷавобгарӣ кашидан барои хондан ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ писандидани матолиби сомонаҳои боиси худсенсории хонандагон гардид. Бинобар ин касе намехоҳад, зиндагии ороми хешро ба туфайли истифода аз ягон сарчашмаи интернетӣ халалдор созад”.
Коҳиши шумораи расонаҳои интернетӣ низ як омили камтар шудани муроҷиат ба Интернет барои гирифтани хабар шудааст. Дар як соли охир хабаргузории “Tojnews» корашро дар Тоҷикистон қатъ кард ва саҳифааш дар Интернет ҳам дигар нав намешавад.
Бар замми ин, ба гуфтаи Шаҳло Акобирова роҳбари созмони “Хома”, як созмони кӯмакрасон ба матбуоти дохилӣ мушкилоти фаннӣ ва қимати истифода аз интернет ҳам метавонад, сабаби парҳези мардум аз муроҷиат ба манобеи хабарии интернетӣ шуда бошад.
“Дар Тоҷикистон аз як сӯ нархи интернет гарон аст. Аз сӯи дигар ҳоло ба қайдгирии симкортҳо дар ҷараён аст, ки шумораи муштариёни мобил ва аз ҷумла интернети мобилиро коҳиш дод. Ҳоло он ки дар деҳот аксарият маҳз тавассути мобил ба интернет дастрасӣ доштанд."
Шаҳло Акобирова, ки дар шарҳи афзоиши шумораи истифодабарандагони радио гуфт, дар як соли ахир дар чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон аз ҷумла шаҳри Турсунзода, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон радиоҳои маҳалии навтаъсис ба кор шурӯъ карданд ва мантиқист, ки нақши радио дар расонидани иттилоъ дар кишвар зиёд шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳамеша телевизион як манбаи аслии хабар барои мардум буд ва барои ҳамин ба гуфтаи хабарнигорон, мақомот ба ҳеҷ кас ин иҷоза надоданд, ки телевизиони хусусӣ ва ё мустақили саросарӣ таъсис диҳанд.
Дар Тоҷикистон телевизионҳои давлатии “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Баҳористон”, ТВ-1, “Варзиш” ва “Синамо” дар саросари кишвар барнома пахш мекунанд ва корашон бештар тавсиф аз “дастовардҳои ҳукумат” аст. Ин телевизионҳоро танқид мекунанд, ки барномаҳои сиёсӣ ва бетарафона надоранд, ки воқеиятҳои зиндагии мардум ва ё камбудӣ дар кори мақомотро нишон бидиҳанд.
Созмонҳои байналмилалии хабарнигорӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи хабарнигорон борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ҳуқуқи мардум ба озодии баёнро риоят кунад ва иҷоза бидиҳад, ки монеи фаъолияти озоди хабарнигорон ва расонаҳои мустақил нашаванд.