Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет дар зери заррабин. Гурӯҳи дидбон чӣ ҳадаф дорад?


Намояндагони матбуот мегӯянд, дар навбати аввал сомонаҳое мавриди фишор хоҳанд буд, ки ба шаҳрвандон минбар медиҳанд

Хабари таъсиси гурӯҳи дидбони интернетро раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон талоши ҷорӣ кардани сензура дар фазои иттилоотӣ хондааст. Парвина Ибодова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин иқдом хилофи қавонини кишвар ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аст.

Ӯ аз ҷумла афзуд, «куҷост кафолати он, ки гурӯҳи мазкур ва ё онҳое, ки ин гурӯҳро ташкил кардаанд, андешаҳоеро, ки шояд ба кадом мансабдоре писанд нест, манъ намекунанд. Яъне ин як навъ маҳдудкунии натанҳо озодии баён, балки дар маҷмӯъ озодии шаҳрвандон аст. Метавон гуфт, ин сонсури хосест аз ҷониби хадамоти алоқа. Ва умуман ин иқдом қобили қабул нест».

Таъсиси гурӯҳи бозрасии торнамоҳо аз ҷониби хадомати алоқа дар интернет баҳси шадидеро ҳамроҳ бо норозигиҳои расонаҳои хабарӣ, ходимони сомонаҳо ва васоити ахбори омма дар Тоҷикистон ба бор овардааст. Мухолифони пешниҳод мехоҳанд баҳси ҷиддиеро бо раиси хадамоти алоқа Бек Зуҳуров баргузор кунанд.

Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар бораи таъсиси гурӯҳи дидбонии интернет ба Озодӣ хабар дод ва гуфт, ин иқдом, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз тавҳину тӯҳмат ва танқидҳои ноҷо алайҳи шахсони мансабдор ва маъруф таъсис шудааст, саҳифаҳои торномаҳоро зери назорат мегирад ва бозрасӣ мекунад.

Корбарандагони Фейсбук мегӯянд, дар ҳоле, ки ибораи «шахсони маъруф» дар қонунҳои Тоҷикистон вуҷуд надорад, ин ҳолат метавонад ҳарҷу марҷеро дар қазоватҳои гурӯҳи дидбонӣ ба бор орад.

Аммо Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳадафи ин ниҳоди давлатӣ танҳо бозрасии масъалаи тавҳину дашном аст ё чизи дигар. Ба назари вай шояд ин як баҳонаест, ки бо ин роҳ мехоҳанд фаъолияти торномаҳоро куллан сензура кунанд.

Дар ҳамин ҳол Асомиддин Атоев, сарвари Академияи технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротӣ таъсиси ин гурӯҳи мониторингро танҳо сарфи беҳудаи вақт ва маблағ унвон кард. Ӯ гуфт, тавонмандии хадамот ва гурӯҳе, ки қарор аст, ташкил шавад, барои иҷрои ин амал кофӣ нест.


«Дар фазои интернет на танҳо масъалаҳои теникӣ, балки масоили технологӣ, амниятӣ, иттилоотӣ ва пеш бурдани мӯҳтавои ватанӣ вуҷуд дорад, ки барои пешгирии ин раванд ин хадамот мутахассис надорад. Умуман оё онҳо қудрате доранд, ки тамоми интернетро таҳти назорат қарор бидиҳанд? Не, албатта. Ба ҳамин хотир ман бовар надорам, ки аз кори ин гурӯҳ натиҷае ба фоидаи давлату ҷамъият ба даст ояд», - гуфт оқои Атоев.

Гуфтанист, гурӯҳи мониторӣ ду рӯз қабл ҷаласаи нахустини худро баргузор кард ва ба ин нишаст намояндгони провайдерҳо низ ҷалб шудаанд. Хадамоти давлатии алоқа аз ширкатҳои провайдерӣ тақозо кардааст, ки барои ҳамаҷониба ва ҳирфаӣ пеш бурдани бозрасии сомонаҳо “якнафарӣ” мутахассисони худро пешинҳод кунанд. Аммо худи намояндагони провайдероҳо, ки зоҳиран дар мавриди ин тасмими хадамоти алоқа иттилои бештар доранд, аз ибрози назар дар ин мавзӯъ худдорӣ карданд..

Таҳлилгари тоҷик Зафар Абдуллоев бар ин аст, ки раиси хадамоти алоқа бо ин васила мехоҳад тавонмандии худро нишон диҳад, дар ҳоле, ки фаъолияти ин гурӯҳи мониторӣ асоси қонунӣ надорад. Ҷаноби Абдуллоев,роҳандозии назорати торнамоҳоро қабл аз ҳама зарба ба расонаҳо медонад.


Вай мегӯяд: «Дар навбати аввал гурӯҳи мазкур ба се расона фишор хоҳад овард. Дар Тоҷикистон мо се сомонае дорем, ки барои баҳс форум доранд, инҳо Азия-плюс, Авеста ва Озодист. Аммо ба фарқ аз ду расонаи дигар дар сомонаи Авеста назарҳои хонандагон таҳрир намешавад. Ба ҳамин хотир, ин гурӯҳ як ҳадаф дорад, ки аз ин ба баъд ҳар дам ба раҳбарияти ин расонаҳо занг зада пурсон мешаванд, ки чаро ин ё он навишта ва ё назарро дар сомона ҷой додаанд. Ва шояд ҳам IP-нишонии назарнависро талаб намоянд».

Ба назари Зебо Тоҷибоева, раиси оҷонсии иттилоотии Азия-Плюс дар ҳолати зиёд шудани мавридҳои фишор болои расонаҳо, натиҷа ин хоҳад буд, ки назарнависон аз ибрози ақида ва таҳлили ин ё он мавзӯъ худдорӣ мекунанд ва ё дар ниҳояти амр сомона масдуд мешавад.

Зебо Тоҷибоева ҳамчунин афзуд, то ҳол дақиқ нест, ки дар сурати нашр шудани шарҳҳои аз назари ин гурӯҳ "номатлуб" ба расонаҳо ва шарҳнависон чӣ ҷазое таҳдид мекунад.

Бархе аз соҳибназарон иқдоми ахири Хадамоти алоқаро ба баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 2013 марбут медонанд. Дар гузашта низ чунин мақомот шуморе аз сомонаҳои ошкоргӯ ва нашрияҳои танқидгари давлатро ба муддате масдуд кардаанд. Чанд моҳи пеш Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо раҳбарии Бег Зуҳуров, дастрасӣ ба Фейсбук, шабакаи иҷтимоӣ, Азия-Плюс ва дигар аз расонаҳои электрониро масдуд карда буд.
XS
SM
MD
LG