Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадаминов: "Агар масъалаи об ҷиддӣ намебуд, Бан Ки Мун намеомад"


Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милал
Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милал

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои иштирок дар ҳамоиши натиҷагирӣ аз даҳсолаи “Об барои ҳаёт” дар Душанбе намояндагони 99 кишвару созмонҳо, аз ҷумла Бан Ки Мун, дабири кулли СММ хоҳанд омад.

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки дар ҳамоиши натиҷагирӣ аз даҳсолаи "Об барои ҳаёт" дар Душанбе намояндагони 99 кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ иштирок хоҳанд кард. Сироҷиддин Аслов -- вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 7 июн дар як нишаст дар Душанбе гуфт, барои баргузории ин ҳамоиш беш аз 5 моҳ омодагӣ дидаанд. "Ин конфронс беш аз якуним ҳазор нафарро фаро мегирад ва ин далели он аст, ки ҳамоиши мазкур, воқеан, таваҷҷӯҳи бештари кишварҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст," -- афзуд вазири корҳои хориҷӣ.

Ҳамоиши байнулмилалӣ дар бораи натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи "Об барои ҳаёт" (2005 - 2015) рӯзҳои 9-11 июн дар Душанбе ҷараён мегирад ва, қарор аст, дар кори он Бан Ки Мун -- дабири кулли Созмони Милал низ иштирок кунад. Сафари ӯ ба Тоҷикистон рӯзи 9 июн дар назар аст.

Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милал, бо ишора ба дастрасӣ надоштани миллионҳо нафар дар ҷаҳон ба об гуфт, дар ин замина пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи эълони даҳсолаи нави об "ҷон дорад". Оқои

Раҳмон моҳи апрели соли ҷорӣ дар як нишаст дар Куриёи Ҷанубӣ гуфта буд, боз як даҳсолаи дигари байнулмилалии об эълон шавад ва ӯ барои тақвияти фикраш афзуд, бӯҳрони моливу иқтисодӣ, камбизоатӣ, афзоиши аҳолӣ... ва офатҳои табиӣ барои пурра иҷро шудани ҳадафҳои даҳсолаи аввали об "халал расонданд".

Намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милал мегӯяд, "агар таваҷҷӯҳ ба масоили об ҷиддӣ намебуд, ҳоло Дабири кулли Созмони Милал барои иштирок дар конфронси об ба Душанбе намеомад. Чунки масоили об танҳо об нест. Об бо беҳдошт ва тағйири иқлиму рушди устувор вобаста аст. Аз ин хотир, ҳадс мезанам, таваҷҷӯҳи Тоҷикистон дар даҳаи оянда ба масъалаи об ва рушди устувор равона мегардад. Зеро рушди устуворро бе об тасаввур кардан имкон надорад. Агар об набошад, энергетика нест ва дар ин сурат соҳаи ҳифзу сиҳат, иқтисод кор намекунад ва ҳамчунин кишоварзӣ ҳам нест."

Ба таъкиди Маҳмадамин Маҳмадаминов, агар дар ҳамоишҳои қаблӣ аслан мутахассисон ҷамъ меомаданд, нишасти имсолаи Душанбе фарогири тамоми қишрҳои ҷомеа хоҳад буд. "Яъне, дар форуми кӯдакон ва об намояндагони қариб 20 давлат иштирок мекунанд. Инчунин, дар форуми занон ва об, ки таъсири масоили об бештар ба эшон аст, сарфи назар нашудааст. Дар ин баробар кишварҳои кӯҳсор форуми алоҳидаи худро доранд. Агар таваҷҷӯҳ дошта бошед, созмонҳои ғайридавлатии хеле зиёд дар ин конфронс иштирок мекунанд. Яъне, роҳбарияти давлати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки тамоми ҷабҳаҳои фаъолиятҳои ҷомеаро дар бар гирад."

Ба хотири он ки садои кӯдакон дар мавриди мушкилоти дастрасии онҳо ба об ва вазъи беҳдошт ва тозагӣ ба гӯши мақомот расонида шавад, рӯзҳои 6 ва 7 июн дар доираи баргузории ҳамоиши байнулмилалии “Об барои ҳаёт” ҳудуди 100 кӯдак аз 13 кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Беларус, Амрико, Филлипин, Кореяи Ҷанубӣ дар форуми кӯдакон дар

Мӯҷиба
Мӯҷиба

Душанбе ширкат доштанд. Мӯҷибаи 15-сола аз ноҳияи Рашт, мегӯяд, надоштани дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ дар бештари рустоҳои ин ноҳия атфолро гирифтори бемориҳои мухталиф кардааст. Ӯ мегӯяд, бештари кӯдакон дар баъзе аз деҳаҳо мубталои бемории пӯст ва шукуфа будаанд. Зеро, ба қавли ӯ, ягона чашма дар ин русто дар масофаи хеле дур қарор дорад ва мардум одатан барои як ҳафта обро дар зарфҳои оҳанӣ захира ва баъдан истифода мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки масъулони Бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ мегӯянд, обе, ки кӯдакон менӯшанд, ба саломатӣ, рушди ҷисмӣ ва иқтидори зеҳнии онҳо таъсир мегузорад. Парвина Муҳамадхоҷаева, сухангӯи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “масоиле, ки ҳоло кӯдакон миёни ҳам матраҳ мекунанд, ин об беҳдошт, гигиена дар мактаб, хона, маҳаллаҳо ва дар ҳолатҳои фавқулода ҳаст. Яъне, ин чор самт аҳамияти хос дорад ва кӯдакон бо ҳам дар ин замина андешаронӣ карда ва роҳҳои ҳалли худро пешниҳод намуданд.”

Дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранду бас. Бино бар гузоришҳои байнулмилалӣ танҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон 22 деҳа аз оби поки ошомиданӣ маҳруманд.

XS
SM
MD
LG