Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки-мун ҳафтаи оянда ба Душанбе сафар мекунад


Дабири кулли СММ Бан Ки-мун ҳафтаи оянда силсиласафараш ба кишварҳои Осиёи Марказиро аз дидори Тоҷикистон оғоз мекунад. Сухангӯи СММ Стефан Дуяррич гуфт, Бан Ги Мун рӯзи сешанбе, 9 июн баъди анҷоми нишасти гурӯҳи G7 дар Олмон, вориди Душанбе шуда, дар расми ифтитоҳи Анҷумани байналалии бахшида ба оғози Даҳсолаи об ширкат мекунад. Қарор аст, ки дабири кулли СММ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот карда, аз кӯли Сарез дидан кунад.

Рӯзи 10 июн Бан Ки-мун аз Тоҷикистон роҳии Қазоқистон шавад ва рӯзи панҷшанбе, 11 июн аз Қирғизистон боздид кунад. Ӯ рӯзи ҷумъа ба Узбакистон ва баъди он ба нуқтаи ниҳоии силсиласафараш – Туркманистон сафар хоҳад кард. Дар ҳамаи ин кишварҳо низ мулоқотҳои Бан Ки-мун бо раисони ин ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти баландпоя дар назар дошта шудааст.

Анҷумани байналмилалии об дар Душанбе рӯзҳои 9 -10 июн доир мешавад.

XS
SM
MD
LG