Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р.Ҷонӣ: "«ИмрӯзNews» марбути ягон гурӯҳи сиёсӣ нест" (ВИДЕО)


Рустами Ҷонӣ, муассиси "ИмрӯзNews"
Рустами Ҷонӣ, муассиси "ИмрӯзNews"

Рӯзномаи «ИмрӯзNews», ки дар баҳс бо писари раҳбари вақти Идораи роҳи оҳан аз сӯи додгоҳ ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ муваззаф шуда буд, ба супурдани маблағи муайяншудаи ҷарима шурӯъ кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 25-уми феврали соли 2013 пушти дарҳои баста бо ҳукмаш нашрияи “Имрӯз Нюс”-ро муваззаф карда буд, ки ба Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ 50 000 сомонӣ, муодили беш аз 10 000 доллар, ҷуброни маънавӣ пардохт кунад. Баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов бо нашрияи «ИмрӯзNews» сари мақолаи Назири Нусрат бо номи «Боқиев ва Ҳукумов: писароне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» аст, ки рӯзи 16-уми октябри соли 2012 чоп шудааст, сар зада буд.

Рустам Ҳукумов бо ин даъво, ки дар матлаби "Имрӯз Нюс" эътибори ӯро паст задаву дар ҳаққаш туҳмат кардаанд, ба додгоҳ шикоят бурд ва аз нашрия ҷуброи маънавӣ талаб кард. Ва баъди бештар аз як соли баҳсу мурофиаҳои додгоҳӣ, «Имрӯз Нюс» пардохти ҷаримаро ба Рустам шурӯъ кардааст. Рустами Ҷонӣ, муассиси нашрияи ҳаррӯзаи «ИмрӯзNews» дар сӯҳбати ихтисосӣ бо "Озодӣ" доир ба паҳлуҳои ин баҳс, сӯҳбат кард.

Озодӣ: Хабаре, ки рӯзномаи «ИмрӯзNews»-ро боз хабарсоз кард, ин пардохти як қисм аз маблағи ҷуброн аст, ки додгоҳ нашрияи шуморо муввазаф карда буд. Ба ин тартиб, «ИмрӯзNews» баъди ҳудудан як соли эълони ҳалномаи додгоҳ ба иҷрои он шурӯъ кард. Чӣ шуморо водор кард, то ин маблағро бипардозед? Яъне дигар роҳу умеде набуд ба ҷуз ин?
Рустами Ҷонӣ: Дар тамоми марҳилаҳои додгоҳӣ қарори додгоҳ ба ин тарз буд, ки «ИмрӯзNews» гӯё ҳуқуқҳои Рустам Ҳукумовро поймол кардааст. Яъне, дар тамоми марҳилаҳои додгоҳӣ ҳалномаи суд ба фоидаи даъвогар бароварда шуд. Моро муваззаф карданд, ки ҷуброни маънавии Рустам Ҳукумовро пардозем. Тибқи қонун, вақте дар тамоми марҳилаҳо қарор як аст, ҷониби ҷавобгар бояд ҳаққи дархостии даъвокунандаро пардозад. Дар шоҳидии иҷроишгарони суд, аз суратҳисоби рӯзнома маблағи 10 ҳазору 700 сомонӣ, ба фоидаи он ҷониб гирифта шуд.

Озодӣ: Ба ҳар ҳол, пардохти маблағи панҷоҳ ҳазор сомонӣ, ки муодили 10 ҳазор доллари амрикоӣ аст, албатта, барои як расонаи мустақил гарон хоҳад буд ва чӣ гуна ин маблағро рӯзнома пардохт хоҳад кард. Ва оё ин ба идомаи фаъолияти нашрия таъсир нахоҳад кард?

Рустами Ҷонӣ: Дар вақти иҷроиши қарори суд оид ба гирифтани ин маблағ, баъзе саҳлангориҳо ва қонунвайронкуниҳо рўй дод. Маблағи 10 ҳазор доллар барои як васоити ахбори умуми Тоҷикистон як маблағи ҳангуфт аст ва он таъсир гузошт ба равиши кори мо. Азбаски ин талаби қонун аст, мо ба нишони эҳтиром ба қонунгузории кишвар розӣ ҳастем, ки ин маблағро пардозем. Аз ҷониби дигар, агар розӣ ҳам набошем, илоҷ нест, онро кашида мегиранд. Агар будани ВАО ё як афкори озод барои касе арзиш медошт, шояд ин пардохтро ба таври марҳилавӣ розӣ мешуданд, ки бигиранд. Аз чӣ бошад, ки ба тезӣ ва бо як пофишории хос ба гирифтани маблағ шурўъ карданд. Ба ҳар ҳол, мекӯшем, то ягон монеаэҷодкунӣ ва таҳоҷуми молӣ кори моро муттавақиф насозад. Мушкилҳо ҳастанд ва кӯшиш дорем онҳоро ба имдоди афкори идорӣ ҳал намоем.

Озодӣ: Маълум нест, ки дар чӣ муддат ин маблағ пардохт мешавад?

Рустами Ҷонӣ: Ҳангоми пайдо шудани пул дар суратҳисоби мо, он ба таври автоматӣ ба суратҳисобе, ки аз тарафи суд нишон дода шудааст, интиқол меёбад.

Озодӣ: Дар робита ба қазияи боздошти писари Ҳукумов дар Маскав тамоми расонаҳои мустақилу хориҷӣ навиштанду гуфтанд, аммо маҳз матлаби «ИмрӯзNews» ҷиддан мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифту ин рӯзнома ба додгоҳ кашида шуд. Оё мушкил дар матлаб буд ё дар ҳошияи ин масъалаҳои ҷиддитаре ҳаст, ва ягон рабте ба мухолифати раиси Роҳи оҳан бо муассисони шумо дорад?
Рустами Ҷонӣ: «ИмрӯзNews» як муассис дорад ва он ҳам Рустами Ҷонӣ аст. Варақаи маълумотномаи муассисро, ки Кумитаи андоз ба қайд гирифтааст, ба ихтиёри Шумо мегузорам. Онро нашр кунед, то онҳое ҳам, ки ҳавасманди донистани ин масъала ҳастанд, ба суоли худ посух ёбанд. Ин як бофтаи баъзе гурӯҳҳои хабарӣ муқобили як рӯзномаест, ки дар ҷомеа мавқеъ пайдо кардааст. Мехоҳанд онро бишкананд ё нобовариро дар мардум нисбати ин рӯзнома бедор созанд. «ИмрӯзNews» марбути ягон гурӯҳи сиёсӣ нест. Он як рӯзномаи озод ва тобеи арзишҳои касбӣ аст. Ҳар касе, ки ба ин шакк дорад, метавонад фаъолияти чаҳорсолаи моро мунсифона аз назар гузаронад. Дар қиёс бо дигар рӯзномаву хабаргузориҳо таҳлил карда бароед, мебинед, ки «ИмрӯзNews» дар инъикоси бисёр ҳодисаҳо фаъолтар буд ва аз нигоҳи интиқод бештар менигарист. Ин ки барои чӣ маҳз ин рӯзнома ба баҳс кашида шуд, ба ин маънӣ аст, ки сухани ин нашрия ҳамон замон пуртаъсиртар омад. Ба воситаи ин мақола, ҷомеа ба ин масъала таваҷҷӯҳ кард. Мутаассифона, ин паҳлӯи масъаларо ҳеҷ гоҳ ба назар намегиранду кадом гурӯҳҳои бофтаро дар қафои «ИмрӯзNews» фикр карда мебароранд ва мегӯянд, ин муборизаи кланҳост. Ин бардошти ғалат аст.

Озодӣ: Худи Ҳукумов дар охирин нишасти хабариаш ба ин ишора карда буд, ки баъзеҳо нашрияҳои хусусии худро доранд ва ба такрор мегуфт медонад, ки пушти рӯзномаи «ИмрӯзNews» кӣ меистад.

Рустами Ҷонӣ: Ин боз ҳам идомаи ҳамон бардошти ғалат аст, ки касе барояш шарҳ додааст ё худи ӯ ба иштибоҳ рафтааст. Ҳамон замон гуфтам, ки дар пушти мо танҳо Худованди муттаол ва қонунгузории кишвар аст. Гуфтаҳои Ҳукумовро шарҳи аз ин беш намедиҳам. Ин як масъалаи ҷамъбастшуда аст. Барои мо дигар аҷиб ҳам нест ва арзиш надорад, ки то ин дам чӣ гапу чӣ таҳдидҳо буд. Мо бисёр корҳои зиёдтар ва муҳимтар аз ин дорем.

Озодӣ: Шумо қаблан бо пахши як изҳорот эълон доштед, ки ҷони кормандони рӯзнома дар хатар аст ва хостори таъмини амнияти худ шудед. Аслан чӣ таҳдид буд ва чӣ чораҳо аз тарафи мақомот андешида шуд?

Рустами Ҷонӣ: Дар марҳилаи аввал қадам аз ҷониби ҳукумат шуд. Он касе ки ин таҳдидҳо аз забонаш берун шуданд, ҳамон замон «ҷазо» гирифт. Минбаъд мо муроҷиат кардем ба идораҳои дахлдор ва таъмини амният ба дӯши онҳо аст. Имрӯз, ки рӯзнома фаъол аст, журналисте дар ҳошияи ин таҳдидҳо зарар надидааст, пас амният таъмин аст.

Озодӣ: Ба фикри шумо, ба додгоҳ кашидани рӯзномаҳо ва аз як толор ба толори дигари додгоҳ бурдани хабарнигорон ба кори онҳо чӣ гуна таъсир мегузорад?
Рустами Ҷонӣ
Рустами Ҷонӣ
Рустами Ҷонӣ: Мо агар ҷомеаи шаҳрвандӣ мехоҳем, ин як равандҳои маъмулии ин ҷомеа аст. Як раванди дуруст ҳам ҳаст, агар берун аз қонунвайронкунӣ бошад. Агар дар ин ҷараён ҷӯрабозӣ бошад, ришваситонӣ бошад, хешутаборчигӣ бошад, дар ҳақиқат, ба кору фаъолият журналист халал ворид мекунад. Ин умедро дар ниҳоди хабарнигор мекушад. Барои журналисти тоҷик доштани умед хеле қимат аст. Чун онро аз даст дод, мо метавонем бигӯем, як журналисти касбиро аз даст додем. Агар ин баррасиҳо қонунӣ сурат бигиранд, ҷомеаи мо табобат меёбад. Баъзе омилҳои манфие, ки дар журналистикаи мо пайдо шудаанд, аз байн мераванд. Солҳои 1993 -1994 овони ҷангӣ шаҳрвандӣ мо чӣ қадар хабарнигоронро аз даст додем? Онҳоро қатл карданд. Ман шоҳид будам, ки барои як гапи воқеиро гуфтан, чӣ хатаре мешуд ба ҷонаш. Насле, ки аз овони ҷанги шаҳрвандӣ дар журналистика ҳаст, марҳилаи мурофиаҳои додгоҳиро ба осонӣ мепазирад. Дигар зуроварӣ на дар шакли ҷисмониву ба василаҳое аз байн бурдан, балки дар доираи мурофиаҳои додгоҳӣ сурат мегиранд. Албатта фишорҳои маънавӣ ҳаст ва хоҳанд буд. Ин марҳила ҳам паси сар мешавад. Замоне хоҳад расид, ки дигар касе ба рафти баровардани қарорҳо таъсир нахоҳад гузошт.

Озодӣ: Дар мавриди таъсир гуфтем, баъзеҳо бар инанд, ки мумкин аст аз ин пас шумо дар нашри мақолаву гузориш эҳтиёткор шаведу аз танқиди ошкор парҳез кунед? Посухи шумо чист ба ин назарҳо?

Рустами Ҷонӣ: Журналистика фақат интиқод нест. Журналистика як вазифа дорад, ки он воқеанигорист, оина будан аст. Ҳадафи мо ҳамин аст. Агар ин ҳам ба сифати як танқид ё таҳоҷум фаҳмида шавад, мо ин корамонро идома медиҳем. Фикр мекунам, баъд аз ин боз садҳо мақолаҳои дигаре баромад, ки аз ин нуқтаи назар интиқодӣ буданд. Агар ин хосиятро мо аз даст диҳем, рӯзномаи мо хонанда пайдо намекунад ва мо муваффақ намешавем. Бовари мардум кафили устувории мо дар фазои иттилоотии кишвар аст.
XS
SM
MD
LG