Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фераз Лоиқ Ҳасан: “Кӯдакон набояд дар зиндон бошанд”. ВИДЕО


Яке аз роҳбаладони 84 тифли тоҷики аз Ироқ баргардонидашуда дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи шароити оварда шудани фарзандони ҷангиён аз Бағдод нақл кард.

Шоми 30 апрел дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳавопаймои Fly Erbil бо 84 кӯдаки тоҷик фуруд омад. Ин кӯдакон фарзандони ҷангиёни узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳастанд, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна кушта ё нопадид шудаанд. Модарони аксари ин кӯдакон, ки 43 нафар мебошанд, дар зиндонҳои Бағдод ба ҳукмҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд.

Кӯдакони тоҷикро аз Ироқ ҳайати иборат аз 11 калонсол – дипломатҳои сафорати Тоҷикистон ва ҳам намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Ироқ ҳамроҳӣ карданд. Яке аз онҳо - Фераз Лоиқ Ҳасан аст, ки раҳбарии созмони ҷамъиятии “Дарвозаи адолат”-ро дар Бағдод ба ӯҳда дорад. Ӯ гуфт, ин созмон махсус бо кӯмак ба кӯдакони ҷангиёни узви “Давлати исломӣ” машғул мебошад.

84 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба Душанбе оварданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Душанбе Фераз Лоиқ Ҳасан гуфт, ки амалиёти баргардонидани кӯдакони тоҷик яке аз рисолатҳои муҳим дар кору зиндагии худи ӯ ҳам шуд.

Фераз Лоиқ гуфт, ҷараёни мувофиқаи интиқоли дастаҷамъии кӯдакони тоҷик аз Бағдод ба Тоҷикистон тахминан як сол пеш шурӯъ шуд ва бо ширкати сафорати Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи қонун ва ҳукумати Ироқ баргузор гардид. Марҳилаи ниҳоӣ – дарёфти ризоияти қонунии ҳамаи модарони атфол буд, ки ба гуфтааш, бояд бо риояи меъёрҳои қонун ва муқаррароти байналмилалии ҳуқуқи инсон сурат мегирифт.

“Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки ҳукумати Ироқ дар баргардонидани атфоли тоҷик ба кишварашон хеле манфиатдор буд. Дуюм ин ки сафорати Тоҷикистон дар Ироқ барои ин кор хеле талош кард. Барои иҷрои ин барнома, мо ба ташхиси ҳуввият ва мансубияти кӯдакон ба модаронашон шурӯъ кардем. Баъди ҷамъоварии маълумот, мо ҳамаи онҳоро аз озмоиши ДНК гузаронидем. Хеле муҳим аст, ки ҳуввияти ҳар кӯдак дуруст шиносоӣ шавад.

Баъди омода шудани феҳрист, мо дар ҳамкорӣ бо сафорат ба омода кардани ҷараёни ҳуқуқии санадҳо пардохтем. Тамоми ин ҷараёнҳо аз мувофиқаи додгоҳ ва сохторҳои дахлдори ҳукуматӣ гузашта баъдан ба марҳилаи ниҳоии ризояти модарон расид. Дар чандин дидору гуфтугӯҳо бо модарону кӯдакон кормандони сафорат онҳоро мутақоид карданд, ки дар интиқоли амну беосеби фарзандонашон ба ватан мусоидат мекунанд”, гуфт Фераз Лоиқ.

Билохира рӯзи 30 апрел кӯдаконро ба фурудгоҳ бурда, савори ҳавопаймои махсус карданд ва ин тасмим, ба гуфтааш, аз ҷониби сафорат ва UNICEF ҳамоҳанг шуда буд. Харҷи ҳавопайморо Тоҷикистон пардохт кард ва муддати парвози мустақим аз Бағдод ба Душанбе 3,5 соат роҳро дар бар гирифт.

“Парвоз ба назар тӯлонӣ менамуд, чунки дар дохил 84 тифл буд, ҳар яки онҳо ба таваҷҷӯҳу ғамхории хосса ниёз дошт. Аз ҷониби Ироқ 6 ва аз ҷониби Тоҷикистон 5 нафар калонсолон ин кӯдаконро нигоҳубин мекарданд”.

"Кӯдакони тоҷик дар Ироқу Сурия ҷабрдида ҳастанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:19 0:00

Ба гуфтаи ӯ, хурдтарин кӯдакон 1-сола ва бузургтаринашон 18 сол доштанд. Яксолаҳо 10 нафар ва дусолаҳо – 9 нафар буданд. Нисфи кӯдакон духтар мебошанд. Ӯ гуфт, дар тамоми ҷараёни парвоз ғамхорӣ дар ҳақи сарулибосу ғизо атфол ба дӯши калонсолон буд. “Шумо тасаввур намекунед, худи сафир сарулибоси кӯдаконро иваз мекард, ва ҳама калонсолон талош мекарданд, ки сари вақт ба мушкили ҳар кӯдак бирасанд”, гуфт ӯ.

Оё ҳолати равонии кӯдакон чӣ гуна буд? – пурсидем аз Фераз Лоиқ. Ӯ гуфт: “Кӯдаконро тоза аз дасти модаронашон гирифтем. Ин лаҳзаро худатон тасаввур кунед. Хеле лаҳзаҳои сангин буд. Лаҳзаҳое, ки кӯдаконро аз дасти модарон гирифта дохили автобус мекардем, ба фикрам, сангинтарин лаҳзаҳо дар зиндагии ман буд. Ман медидам, ки ҳар нафар гиря мекард. Аз дасти модарон гирифтани кӯдакон кори осон нест”.

Пас то куҷо дуруст буд, ки кӯдаконро аз модар ҷудо кунанд ва шояд беҳтар буд дар зиндон, вале назди модаронашон бимонанд, пурсидем аз ӯ. “Бешубҳа, кори дуруст буд, - гуфт Фераз Лоиқ. - Ҳар модар номаи ризоияти ирсоли кӯдакон ба ватанро имзо кард. Медонед, ҳар чӣ нагуем, он ҷо зиндон аст. Худи онҳо дар ҳолати хуб нестанд, албатта, ҳукумат фикри онҳоро мекунад. Вале ин боз ҳам зиндон аст. Билихира, кӯдак набояд дар зиндон бошад. Ин дуруст нест. Кӯдакон ба ғамхории хосса ниёз доранд, онҳо ба муҳити хонаводагӣ ниёз доранд. Онҳо бояд таҳсил кунанд ва дар шароити дуруст бузург шаванд. Онҳо набояд дар зиндон бошанд, бо вуҷуди ин ки модаронашон дар наздашон ҳастанд”.

Мақомоти Тоҷикистон шаби 30-юми апрел дар изҳороти расмӣ гуфтанд, баргардондани кӯдакон "бо пуштибонии ҳукумат вадар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНИСЕФ, сурат гирифтааст". Дар ҳоли ҳозир 11 навраси дигари тоҷик ҳамроҳи модарони худ дар зиндонҳои Ироқ мондаанд.

Бо тасмими мақомоти Тоҷикистон, кӯдакони баргашта аз фурудгоҳ ба осоишгоҳи “Харангон”-и ноҳияи Варзоб бурда шуданд ва дар он ҷо қарор аст онҳо аз марҳилаи озмоиши тиббӣ ва равонӣ гузаранд. Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, ки агар хешовандон аз кӯдакон даст кашанд, онҳо ба тарбияи давлат мегузаранд.

Соли гузашта бо талошҳои дипломатҳои тоҷик аз Сурияву Ироқ 10 тифли тоҷик ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. То ҳол хабари марги беш аз 300 нафари онҳо расидааст. Баъди кушта шудани аксар ҷанҷгӯён, оилаҳоионҳо бесарпаноҳ монда, бо тасмими мақомоти Сурияву Ироқ дар урдугоҳҳои махсус ҷой дода шуданд.

Додгоҳи вижаи Бағдод ҳамсарону наздикони ҷангиёни узви ДИИШ-ро ба хотири “убури ғайриқонунии марз” ва “ҳамзистӣ ва кӯмак ба террорист” ба ҳукмҳои сангин маҳкум кардаанд. Аз ҷумла, 43 зани тоҷик, ки дар зиндонҳои Ироқ мебошанд, ба мӯҳлатҳои аз 15 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ, ки барои баргардонидани кӯдакони тоҷик вазифадор шудааст, моҳи январ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, аз 43 зани тоҷик, 15 нафарашон ризоият надоданд, ки кӯдаконашон ба ватан фиристода шаванд. Ин дипломати тоҷик гуфта буд, ки аз сӯҳбат бо ин бонувон дарёфтааст, ки аксари онҳо занҳои ноогоҳ ва таҳсилнокарда буда, қурбонии тасмимҳои иштибоҳии ҳамсару бародаронаш шудаанд.

Дар изҳороти ахири мақомоти тоҷик гуфта шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо Ироқ масъалаи истирдоди ин занонро ба кишвар баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG