Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ 56 кормандашро аз вазифа барканор кард


Дар пайи аттестатсия ё санҷиши ҳирфаии кормандони Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон, ки як моҳ идома кард 56 корманди ин ниҳод аз вазифаҳои худ барканор шуданд.

Аттестатсия ё санҷиши шоистагии ҳирфаии кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки як моҳ идома кард, ба поён расида ва дар натиҷаи он 56 корманди ин ниҳод аз вазифа барканор шуданд.

Олим Забирзода, сардори Дафтари матбуоти Оҷонсӣ, 25 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин кормандон натавонистанд, аз санҷиши касбӣ гузаранд ва биноан фаъолияти онҳо дар Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба поён расид. 40 нафари онҳо кормандони бахши ҳуқуқӣ ва 16 нафарашон хидматчиёни назорати молиявӣ будаанд.

Ба гуфтаи Забирзода, санҷишро ҳайате бо сарварии раиси оҷонсӣ Рустами Эмомалӣ баргузор намуд, ки аз шумули раҳбарони оҷонсӣ ва намояндагони дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ёфта, ҳадафи асосияш муайян кардани сатҳи ҳирфаии кормандон ва поккории ин муассиса аз кормандони тасодуфӣ буд. Ҳамаи раванди озмоиши шоистагии ҳирфаии кормандони оҷонсӣ, ба гуфтаи Забирзода, сабт ва мустанад шудааст. Аз ҷумла суолу ҷавоби комиссияи санҷиш бо кормандони оҷонсӣ дар видео сабт гашта, посухҳои имтиҳони элекртонии онҳо дар компютерҳо ҳифз гаштааст.

Тасмими баргузории аттестатсияи кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон баъди он гирифта шуд, ки дар охирҳои моҳи май 38 корманди ин муассиса бино бар расидан ба синни бознишастагӣ аз кор озод шуданд. Ин афрод, ки “мувофиқи Низомномаи адои хизмат ба синни ниҳоии хизмат расидаанд, ҷиҳати иҷрои талаботи банди 25-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо иззату эҳтиром ба нафақа гусел кардани хидматчиёни давлатӣ ва кормандоне, ки ба синни нафақа расидаанд” аз идомаи хидмат дар ин ниҳод маҳрум шудаанд.

Ба сурати умум дар Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар саросари ҳудуди 400 нафар ва дар дастгоҳи марказии он 150 нафар кор мекунанд. Ба ин тартиб дар ду моҳи охир 94 корманди оҷонсӣ аз вазифа барканор шуданд.

Баъд аз сарвари Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъин шудани генерал-майори адлия Рустами Эмомалӣ, ин бори аввал аст, ки дар ин муассиа санҷиши ҳирфаӣ сурат мегирад.​ Як намояндаи оҷонсии мазкур қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки яке аз ҳадафҳои ба нафақа фиристодани кадрҳои калонсол "ҷавонсозӣ"-и кадрҳо дар ин ниҳод аст: “Мудири Оҷонсӣ Рустами Эмомалӣ, ки худаш ҷавон аст, айни ҳамин кор – ҷавонсозии кадрҳоро дар Хадамоти гумрук анҷом дода буд. Дар Оҷонсӣ низ ӯ бештар ба ҷалби чунин кадрҳои ҷавон такя хоҳад кард.”

Раҳбарии Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистонро аз рӯзи таъсисаш дар таърихи 10 январи соли 2007 то моҳи июни соли 2009 Шерхон Салимзода (ҳоло – раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон) ва аз соли 2009 то моҳи марти соли ҷорӣ Абдулфаттоҳи Ғоиб бар ӯҳда дошт.

Аммо дар моҳи марти соли 2015 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон писари 27-солааш Рустами Эмомалиро, ки беш аз як сол раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд, ба ҷои Абдулфаттоҳи Ғоиб раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод таъин кард.

Як моҳ аз ин пеш Эмомалӣ Раҳмон баъди интиқодаш аз фаъолияти ниҳодҳои интизомӣ, аз ҷумла Оҷонсии зидди фасод тамоми муовинони мудири ин муассисаро иваз карда буд. Абдулфаттоҳи Ғоиб билофосила баъди тарки мақом ба ҷои Рустами Эмомалӣ раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд.

XS
SM
MD
LG