Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 мавриди хариду фурӯши замин дар Хатлон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъалаи тақсими замин барои сохтани манзил дар вилояти пураҳолии Хатлон ҳамчунон як мушкили доғ боқӣ мемонад. Имсол дар ин минтақа 40 мақоми маҳаллӣ ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин айбдор шудаанд.

Масъулони Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Хатлон мегӯянд, дар соли ҷорӣ 20 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин алайҳи масъулони ҳукуматҳо, кумитаи заминсозӣ ва раҳбарони ҷамоатҳо боз ва ба додгоҳ фиристода шудааст.

Оҷонсии зидди коррупсияи вилояти Хатлон мегӯяд, ки онҳо арзу шикоятҳои мардумро мешунаванд ва ҳолатҳоеро ошкор кардаанд, ки дар тақсимоти замин барои аҳолӣ ба ҷиноят даст доштани баъзе аз масъулони кумиссиюнҳои махсуси тақсимоти замин ошкор мешавад.

Ҳикматулло Исматов, як масъули Оҷонсии зидди коррупсия дар Хатлон рӯзи 11 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи арзу шикоятҳои сокинон мавридҳои зиёди тақсими ноодилонаи замин аз сӯи масъулон дар бархе аз ноҳияҳо ошкор шуда ва онҳо муҷозот шуданд. Ба гуфтаи ҷаноби Исматов, дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 40 тан аз кормандони ҳукуматҳо, идораи заминсозӣ, ҷамоатҳо ва раҳбарони хоҷагиҳои деҳконӣ ба хариду фурӯши замин айбдор шуданд.

Ҷаноби Исматов афзуд, “дар вилояти Хатлон 39 ҷинояти ошкоршуда вобаста бо арзу шикоятҳои мардум ҳаст ва мо мардумро огоҳ месозем, ки дар сурати ба мушкил дучор шудан, биёянд ва бо мо муроҷиат кунанд. Огоҳии мардум зиёд шудааст, инчунин телефонҳои боварӣ дорем, ки ба мо муроҷиат мекунанд. Инчунин дар мулоқотҳо ба мо суолҳои зиёд медиҳанд ва дар асоси сӯҳбатҳои мардум мо 32 қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро бекор кардем

Ошкор шудани мавориди тақсимоти ноодилонаи замин дар Хатлон дар ҳолест, ки бештари хонаводаҳо дар ҷануби Тоҷикистон ба дарёфти қитъаи замин ҷиддан ниёз доранд. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар баъзе хонаводаҳо 30 ва зиёда нафар, ки 4 ва 5 оиларо ташкил медиҳанд, дар як ҳавлӣ ба сар мебаранд.

Хонаводаи Абдусаттор, як сокини 75-солаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз ҷумлаи хонаводаҳое мебошад, ки дар як ҳавлии 8 сотиха чаҳор фарзандаш бо ҳамсару кӯдаконашон зиндагӣ мекунанд, ки онҳо дар маҷмӯъ 31 нафар ҳастанд. Бобои Абдусаттор мегӯяд, “агар писари хурдиям аз сарбозӣ баргардад, имкони баргузор кардани туйро нахоҳам дошт.”

Ин мард борҳо ба ҳукумати ноҳияи Вахш барои соҳиб шудани замин ариза навиштааст, аммо масъулони кумиссиюни махсуси тақсимоти замин аз онҳо талаби пул кардаанд: «Дар хонаводаи ман чаҳор нафар писарам зан доранд. Боз бояд писари дигарамро хонадор кунам, вале ҷой нест ва намедонам, ки онҳоро чӣ кор кунам, ба куҷо барам? Мегӯянд, ки агар “сӯм” дошта бошӣ, замин мегирӣ, агар надошта бошӣ, замин намегирӣ

Саидвалӣ, сокини ноҳияи Бохтар мегӯяд, афроде, ки ниёзманди заминанд, соҳиби замин нашудаанд ва баръакс хонаводаҳое, ки аслан ба замин ниёз надоранд, қитъаи замин гирфтаанд: «Ҳамсояаамон, ки дар як хона як нафар аст, барояш замин доданд, дар хонаи мо 5 марди оиладор аст, вале замин намедиҳад. Ариза менавиштем, муроҷиат мекардем, вале заминҳоро тақсим карданду ба мо надоданд. »

Чунин сурати ҳол боис шудааст, ки бархе аз сокинон ба идораҳои масъул, аз ҷумла ба оҷонсии зидди фасод муроҷиат карданд. Аммо Сафармо Худойназарова, як масъули Кумитаи заминсозӣ дар Хатлон мегӯяд, ки дар ин вилоят замин ба шахсони ниёзманд тақсим мешавад ва мавориди хариду фурӯши замин ҷой надоштааст: «Кормандони мо назорат мебаранд, ки қонуншиканӣ нашавад, вале гуфтанӣ ҳастам, ки аҳолӣ бениҳоят зиёд аст ва агар ба ҳамаи онҳо замин тақсим шавад, дигар замини холӣ намемонад, мувофиқи имкон ва нақшаамон барои мардуми ниёзманд заминро медиҳанд.»

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Агарчи кормандони Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон гуфтаи мардуми ниёзмандро бепоя мехонанд ва мегӯянд, ки замин ба ниёзмандон мерасад, вале таҳлилгарон мегӯянд, ки замин ба бархе афрод фурӯхта ҳам мешавад. Юсуф Маҳмадов, таҳлилгари маҳаллӣ дар ин бора мегӯяд, «замин ба нархи муайян фурӯхта мешавад, инчунин дуздии моликияти ҷаъмъиятӣ дида мешавад, агарчи ин мушкил ҳали худро мехонад, вале ман ягон талоши ҳукумати Тоҷикистонро намебинам.»

Тибқи тасмими ҳукумати Тоҷикистон ва барномаи давлатии тақсими замин ба аҳолии Хатлон, беш 8 ҳазор гектар замин ба 44 ҳазор оилаи ниёзманд тақсим шудааст. Аммо арзу шикоятҳои мардум нишон медиҳад, ки мардум наметавонад соҳиби замин шаванд. Бар пояи омори расмӣ, дар вилояти Хатлон беш аз 90 дар сад шикояти мардум ба ҳукуматҳо дар мавриди соҳиб шудани қитъаи замин барои сохтмони манзил будааст.

XS
SM
MD
LG