Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои озариаш -- Илҳом Алиев, ки бо як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, бо имзои чаҳор созишнома анҷом ёфт. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки ҷараёни мулоқоти ҷонибҳоро дар Қасри Миллат назорат мекард, гуфт, ин созишномаҳо дар бахши тандурустӣ, карантини растанӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва ҳамкориҳои илмӣ будаанд.
Ба қавли хабарнигори мо, инчунин, дар нишасти хабарӣ Эмомалӣ Раҳмон хулосаи гуфтугӯяш бо Илҳом Алиевро ҳам баён дошта, гуфтааст, дар суҳбати онҳо масъалаи Қарабоғи Кӯҳӣ низ матраҳ шуд. Ба қавли оқои Раҳмон, "ман нуқтаи назарамонро оид ба ин проблема баён карда, арз намудам, ки Тоҷикистон чун кишваре, ки ҳамаи даҳшатҳои ҷангро аз сар гузаронидааст, мавқеи принсипиалии ҳалли сулҳомези ихтилофотро дар заминаи қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҷонибдорӣ менамояд."
Дар идома раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, "бо назардошти ин, умедвориамонро ба густариши фаъолияти сармоягузории соҳибкорони Озарбойҷон дар бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ва соҳаи нафту гази Тоҷикистон, истифодаи захираҳои минералӣ, ҳамчунин ба ҳамкории низомҳои бонкии ҳар ду давлат умедворӣ иброз медорем.Таъкид шуд, ки маҳдудияти имконоти нақлиётию коммуникатсионӣ яке аз омилҳоест, ки монеаи рушди тиҷорати мутақобилаи миёни кишварҳоямон мебошад. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишварҳоямон табиист, ки чунин тиҷорат ташкили инфрасохтори заруриро тақозо мекунад. Мо ҳамчунин ба роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон манфиатдорем."
Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишасти хабарӣ, инчунин, гуфт, дар суҳбат бо Илҳом Алиев пешниҳод кардааст, "соли оянда дар ҳар ду кишвар НИЗОМИХОНӢ - чорабиниҳо бахшида ба асарҳои классики машҳури адабиёти форсу тоҷик ва фарзанди бузурги халқи Озарбойҷон Низомии Ганҷавӣ рӯи кор оварда шаванд."
Сафари нахустини Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон дар соли 2007, замоне сурат гирифт, ки Тоҷикистон ба таври якҷониба созишнома дар мавриди сохтмони НБО Роғунро лағв кард. Бад шудани шудани муносиботи кишвар бо ин ширкати бузурги Русия воридоти гилхок ва содироти аллюминиюмро тариқи қаламрави ин икшвар зери зарба гузошт. Бинобар ин, Тоҷикистон муносиботи худро бо Озарбойҷон густариш дода баҳри воридот ва содироти корхонаи аллюминиюм “Талко” масири алтернативӣ пайдо кард.
Ҳарчанд мубодилаи коло байни ду кишвар дар ним соли равон каме беш аз 11 миллион долларро ташкил медиҳад ва он ҳам рӯ ба камшавӣ дорад, аммо зоҳиран тарзи ба ҳам монанди давлатдорӣ дар Озарбойҷон ва Тоҷикистон раисҷумҳурони ду кишваро ба ҳам наздик кардааст. Дар ҳар ду кишвар ҳам наздикони президентҳо мақомҳои баланди давлатӣ ва тиҷоратҳои умдаи кишварҳоро таҳти назорат доранд. Ҳатто гуфта мешавад идеяи сохтмони баландтарин миллаи парчам дар Душанберо Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз шаҳри Боку пойтахти Озарбойҷон овардааст.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ҳарчанд тиҷорати байни ду кишвар умдатан якҷониба аст ва Тоҷикистон ба Озарбойҷон маҳсулоте содир намекунад ва ин кишвар ҳам дар Тоҷикистон манфиатҳои зиёди иқтисодӣ надорад, аммо Алиев бо ин сафарҳояш умудатан ҳадафҳои геополитикии кишвари худро пеш мебарад.
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, роҳбари анҷумани сиёсатшиносони тоҷик мегӯяд, ҳамсоякишварҳои умдатан хурди Озарбойҷон аллакай самти стротегии муносиботи худ, ё бо Русия ва ё, бо Иттиҳоди Аврупоро муайян кардаанд ва Озарбойҷон барои ҳалли мушкилоти ҳудудияш мисли Қарбоғи кӯҳӣ дар Осиёи миёна мехоҳад як кишвари такягоҳ дошта бошад. Вай гуфт: “Моҷарои Қарабоғ аз сатҳи муносиботи ду кишвари Қафқозӣ фаротар рафта аст. Бинобар ин, Озарбойҷон дар ҳар минтақаи ҷаҳон аз ҷумла дар Осиёи миёна кишварҳоеро меҷӯяд, ки дар ҳолати зарурӣ аз мавқеи ӯ дар марвиди ин конфликт ҷонибдорӣ кунанд. Вагарна Озарбойҷон дар Тоҷикистон манфиатҳои аз ин бештаре надорад.”
Ҷаноби Маҳмадазимов афзуд, Озарбойҷон барои пайдо кардани ҷонибдоронаш дар ҷаҳон омодааст маблағҳои ҳангуфте масраф кунад ва аз ин лиҳоз Тоҷикистон ҳам метавонад аз ин кившар сармояи бештаре ҷалб кунад. Маҳмадазимов аз таҷрибаи Мексика ёдовар шуд, ки Озарбойҷон дар ин кившари дурдаст барои ҳимояи мавқеаш дар он ҷо як полоишгоҳи азими нафт бунёд кард. Ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо Озарбойҷон қодир аст айни чунин корро дар Тоҷикистон ҳам анҷом диҳад. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, дар сурати бунёд шудани полоишгоҳи азими нафт дар Данғара бо сармояи Чин Тоҷикистон метавонад аз Озарбойҷон нафти арзон ворид кунад.
Аммо Маҳмадазимов мегӯяд дар муносибот бо Озарбойҷон Тоҷикистон бояд аз эҳтиёт кор бигирад, чунки густариши равобит бо ин кившар метавонад рашки Арманистонро ба орад. Ба таъкиди Маҳмадазимов Тоҷикистон ва Арманистон ҳарду аъзои Паймони амнияти дастҷамъӣ ҳастанд ва бад шудани эҳтимолии муносиботи ду кившар барои давлати мо оқибатҳои ногувор дорад.
Зимнан ин сафари дувуми расмии Илҳом Алиев дар тӯли ҳафт соли охир ба Тоҷикистон аст. Ӯ бори аввал баҳори соли 2007 бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада буд. Дар навбати худ то кунун Эмомалӣ Раҳмон низ бо даъвати ҳамтои озараш ду бор ва он ҳам солҳои 2007 ва 2012 ба Боку рафта, бештар аз 30 санад ба имзо расондааст.
Ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Боку бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ аз 29-уми майи соли 1992 оғоз гардиданд. Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон аз 23-юми марти соли 2008 фаъолияти худро оғоз кард ва сафорати Озарбойҷон дар Душанбе аз 22-юми сентябри соли 2007 фаъолият мекунад.
Бахшҳои муҳим дар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар, энергетика, филизоти ранга, маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия, муносибатҳои байнибонкӣ мебошанд. Маҳсулотҳое, ки асосан гардиши молро афзун менамоянд, ин маҳсулоти истеҳсолкунандаи заводи алюминии “ТАЛКО” буда, аз тариқи роҳҳои обӣ ва оҳани Озарбойҷон ба кишварҳои Аврупо интиқол мешаванд. Барои истеҳсоли алюминий Тоҷикистон ҳамасола аз заводу ширкатҳои Озарбойҷон дар ҳаҷми муайян гилхок, кокс ва дигар ашёи хоми нафтӣ харидорӣ мекунад.
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, шоми чоршанбеи 15 октябр бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуда, дар лаҳзаҳои аввал Қоҳир Расулзода -- нахуствазири Тоҷикистон бо ӯ гуфтугӯ кардааст. Ин сафари дувуми расмии Илҳом Алиев дар тӯли ҳафт соли охир ба Тоҷикистон аст. Ӯ бори аввал баҳори соли 2007 бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада буд. Дар навбати худ то кунун Эмомалӣ Раҳмон низ бо даъвати ҳамтои озараш ду бор ва он ҳам солҳои 2007 ва 2012 ба Боку рафта, бештар аз 30 санад ба имзо расондааст.
Дар ҳамин ҳол, Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон бо пахши як эълон сокинонро аз роҳбандиҳо дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт огоҳ кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, роҳбандӣ барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳангоми сафари расмии Илҳом Алиев ба Душанбе гирифта шуда, шоми 16 октябр анҷом меёбад.
Бар асоси иттилои БДА-и Тоҷикистон, "аз соати 08.30 то 09.15 ва аз соати 12.00 то 12.40-и 16 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рудакӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Бухоро муваққатан манъ карда мешавад. Аз соати 14.00 то 14.30 ва аз соати 15.10 то 15.20-и 16 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рудакӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Айнӣ ва шабона аз соати 20.30 то 20.50 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Карамов то Айнӣ-А.Дониш-Мастонгулов (фурудгоҳ), муваққатан маҳдуд мегардад."
Ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Боку бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ аз 29-уми майи соли 1992 оғоз гардиданд. Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон аз 23-юми марти соли 2008 фаъолияти худро оғоз кард ва сафорати Озарбойҷон дар Душанбе аз 22-юми сентябри соли 2007 фаъолият мекунад.
Бахшҳои муҳим дар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар, энергетика, филизоти ранга, маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия, муносибатҳои байнибонкӣ мебошанд. Маҳсулотҳое, ки асосан гардиши молро афзун менамоянд, ин маҳсулоти истеҳсолкунандаи заводи алюминии “ТАЛКО” буда, аз тариқи роҳҳои обӣ ва оҳани Озарбойҷон ба кишварҳои Аврупо интиқол мешаванд. Барои истеҳсоли алюминий Тоҷикистон ҳамасола аз заводу ширкатҳои Озарбойҷон дар ҳаҷми муайян гилхок, кокс ва дигар ашёи хоми нафтӣ харидорӣ мекунад.