Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини озарӣ истеъфои Илҳом Алиевро талаб карданд


Мухолифини ҳукумати Озарбойҷон дар як ҳамоиш дар шаҳри Боку рӯзи 12 октябр истеъфои раисиҷумҳур Илҳом Алиевро талаб карданд. Онҳо хостори наздикшавии Озарбойҷон бо Иттиҳодияи Аврупо ва раҳоии ҳама маҳбусони сиёсӣ шуданд.

Ҳамоиш, ки дар он чанд ҳазор нафар ширкат доштанд, бо мақомоти шаҳр ҳамоҳанг шуда буд ва дар як варзишгоҳи канори Боку сурат гирифт. Намоиши эътирозиро Шӯрои милли нерӯҳои демократӣ, ки ба он ҳама ҳизбҳои мухолифи ҳукумат шомиланд, созмон дод. Аммо созмондиҳандагон гуфтанд, ки талоши тавтеъа ҳам сурат гирифт, аз ҷумла, чанд нафар хостанд парчамҳои сиёси гурӯҳи «Давлати исломи»-ро баланд кунад. Масъулини гирдиҳамоӣ аз кормандони полис хостанд, ки ин афродро аз макони баргузории ҳамоиш дур кунанд.

XS
SM
MD
LG