Як назарсанҷии масъулони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими миллӣ маълум кардааст, ки баъзе аз сокинон хостори тағйир дар қонуни баҳсбарангези танзим ҳастанд.
Аз ҷумла, онҳо талаб кардаанд, ки мақомот барои гузарондани хатнасур ва додани таом дар маросими дафн иҷозат диҳанд. Мақомот аз аввал ин қонунро "хуб" барои кам кардани харҷи мардум ҳангоми баргузории маросими хурсандиву азо муҳим мешуморанд.
"ХАТНАТУЙ ИҶОЗАТ ДОДА ШАВАД"
Назарпурсии Кумитаи дин дар бораи қонуни танзим моҳи ноябри имсол дар миёни зиёда аз 10 ҳазор нафар баргузор шуд. Бар асоси хулосаҳои ин пурсиш, эҳтимол қонуни баҳсбарангези “танзим” бознигарӣ шавад.
Натиҷаҳои назарпурсии Кумитаи дин расман эълон нашудааст, аммо ду мақоми огоҳ аз натиҷаҳои назарпурсӣ хулосаҳои асосии пурсишро ба Радиои Озодӣ баён карданд. Ба гуфтаи ин ду манбаи огоҳ, як дархости асосии сокинон ин аст, ки мақомот ба баргузории маросими хатнатӯй иҷозат диҳанд. Бар асоси тағйироте, ки соли 2017 ба қонуни танзим илова шуд, маросими хатнатӯй дар доираи оила баргузор мешавад.
“Баъзеҳо орзу доранд, ки хатнатӯйи писарашонро бинанд, зеро маълум нест, ки то хонадор шудани писар дар қайди ҳаёт ҳастанд ё не,” -- гуфт як мақоми Кумитаи дин, ки аз натиҷаҳои назарпурсӣ огоҳ аст, вале нахост номаш фош шавад.
Рӯзигул Гадоева, яке аз шахсонест, ки мехоҳад ба баргузории хатнатӯй дубора иҷозат дода шавад. “Одамон орзую ҳавас мекунанд, ки писардор шаванд. Маросимро манъ карданд, хешутаборӣ гум шуда рафт. Байни хешовандон ақаллан иҷозат шавад,” - мегӯяд ӯ.
"МУХОЛИФОНИ ТАҒЙИРИ ҚОНУН НИЗ ҲАСТАНД"
Тарафдорони тағйир наёфтани қонун, мисли Саъдулло Қаюмов кам нестанд, ки мегӯянд, беҳтар аст қонун ба ҳамин шакл монад. Ба гуфтаи ин сокини ноҳияи Варзоб, ҳатто агар иҷозат диҳанд, ӯ имкони гузарондани хатнатӯйро надорад.
“Ҳаминаш хуб аст, ки шиками бачаҳоро сер мекунем, мехононем, ин хубтар аст барои мо,”--афзуд Саъдулло Қаюмов.
Хостаи дигар мардум аз қонуни танзим ин будааст, ки мақомот ҳадди ақал барои додани таом дар яке аз маросимҳои дафн иҷозат диҳанд. Бар асоси қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ баргузории маъракаи азодорӣ дар асоси тавсияномаи мақоми ваколатдор ва бидуни додани таому забҳи чорво бояд баргузор шавад.
Видеоро ин ҷо тамошо кунед:
ТАОМ ДАР МАРОСИМИ ДАФН
Сокинон дар назарпурсии Кумитаи дин гуфтаанд, ҷорӣ кардани чунин тартиботи сахтгирона гоҳо баҳонае барои ҷарима кардани онҳо мешавад.
“Мардум гуфтаанд, дар маросимҳои дафн аз роҳи дур хешу табор меоянд ва аз рӯи урфи меҳмондорӣ барои онҳо таом омода мекунанд. Вале дар чунин ҳолат, маъмурони бахши танзим онҳоро ҷарима мебанданд. Барои ҳамин сокинон пешниҳод кардаанд, ки ба қонун тағйироте ворид шавад, ки барои додани таом дар яке аз маросимҳои дафн иҷозат диҳанд,”--афзуд ҳамсуҳбати мо дар Кумитаи дин, ки аз натиҷаҳои назарпурсӣ воқиф аст.
Ин дархости сокинон дар ҳоле садо медиҳад, ки то ин вақт мақомот бархе сокинонро барои додани таом дар маросимҳои дафн ҷарима баста буданд. Аз ҷумла, пайвандони Ҳоким Абдулов, донишманди тоҷик, ки моҳи май фавтид, пештар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои додани таом ба меҳмонон онҳоро қариб 6 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Кормандони бахши танзими ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар санаде навиштаанд, "Тоҷигул Гадоева маросими азодориро бо додани таом дар ҳаҷми 10 кило биринҷ баргузор кард ва бо ин қонуни танзимро вайрон намуд".
Ба ҷуз аз иҷозат барои гузарондани хатнатӯй ва додани таом дар яке аз маросимҳои дафн, сокинон ҳамчун аз зиёдаравии масъулини бахши танзим дар навоҳӣ шикоят кардаанд. Ду мақоми огоҳ аз натиҷаҳои назарпурсии Кумитаи дин гуфтанд, сокинон аз он шикоят кардаанд, ки масъулини бахши танзим дар навоҳӣ баъзан зиёдаравӣ мекунанд. Назаре, ки масъулини Кумитаи дин, онро қабул надоранд.
Ба гуфтаи манобеи огоҳи Радиои Озодӣ, натиҷаҳои назарпурсии Кумитаи дин ва танзими анъана ба ҳукумат ирсол шудааст. Масъулини Кумитаи дин ва танзими анъана расман дар бораи натиҷаҳои назарпурсӣ суҳбат намекунанд.
Қонуни танзими расму ойин дар Тоҷикистон соли 2007 тасвиб шуд. Бар асоси ин санад, масалан шумо ҳақ надоред, ба ҷашни арӯсӣ на бештар аз 150 нафар меҳмон даъват кунед ва ҷашн ҳам набояд аз 3 соат бештар бошад. Додани таом дар маросимҳои худоӣ, чил ва сол, ки барои гиромидошти ёди фавтидае баргузор мекунанд, манъ аст.
Ин қонун аз оғоз баҳсҳои зиёдеро ба думбол дошт ва бархе ҳомиёни ҳуқуқ аз ин қонун интиқод карданд, ки дахолати давлатро ба ҳаёти шахсии сокинон бештар мекунад.