Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 соли Қонуни асосии Тоҷикистон: Имконот ва тазодҳо


Шашуми ноябр Қонуни асосии Тоҷикистон вориди соли 25-уми мавҷудияти худ шуд. Коршиносон ҳамагӣ бар ин назаранд, ки дар муддати хеле кӯтоҳу вале давраи вазнини таърихӣ Қонуни асосӣ асоси бунёди давлати муосирро гузошт. Вале ин коршиносон тағйироту иловаҳои минбаъд ба он воридаро ҳар гуна баҳогузорӣ мекунанд. Бархеҳо барои ин зарурати таърихӣ ва тақозои замонро диданд, дигарон бошанд инро хостаҳои доираҳои ҳукуматӣ барои ҳифзи мавқеи худ мехонанд.

Дар райъпурсии умумимиллӣ, дар марҳилаи шадиди ҷанги шаҳрвандӣ, 6-уми ноябри соли 1994 Қонуни асосии Тоҷикистон қабул шуд, ки асосҳои ҳаёти сиёсӣ ва пояҳои давлати муосирро мушаххас кард. Чунин як санади муҳим дар пасманзари раванди музокироти тоза оғозшуда таҳия ва қабул гардид ва шароите буд, ки бахши аъзами мардуми кишвар дар муҳоҷирати иҷборӣ қарор доштанд. Муаллифони Қонуни асосии Тоҷикистон ҳуқуқшиносони шинохтае чун Ашурбой Имомов, Зариф Ализода, Халифабобо Ҳомидов ва Раҳматилло Зоиров ва низ Абдулмаҷид Достиев буданд.

Қонуни асосӣ Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, дунявӣ, ягона, демократӣ ва ҳуқуқбунёд муайян кард. Маҳз ҳамин усулҳоро минбаъд ҳукумати расмӣ ҳамчун дастоварди давлат ёдовар мешавад ва боз маҳз барои нақз кардани ҳамин усулҳо мақомот ба таври мунтазам аз сӯйи ниҳодҳои байналмилалӣ мавриди интиқод қарор мегиранд ва вориди рӯйхати радабандиҳои ҷаҳонии марбут ба ҳуқуқи озодиҳои башар мешаванд.

Замонат ва ихтилофот

"Тақрибан тамоми кишварҳои ҷаҳони муосир конститутсияи худро ба унвони қонуни асосии давлат, ки мақоми ниҳодҳои давлатиро танзим мекунаду ҳуқуқи озодиҳои инсонро таъмин менамояд, доранд. Усули машрута (конститутсионализм) мабнӣ ба таъмини ин ҳуқуқҳо дар тамоми бахшҳост. Ва агар ба ин мафҳум такя кунем, пас намешавад гуфт, ки дар Тоҷикистон машрутият (конститутсионализм) вуҷуд дорад",-мегӯяд доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов. Ӯ мегӯяд, ки Қонуни асосӣ меъёрҳои зиёдеро пешбинӣ мекунад, ки аз санадҳои бунёдии СММ ва таҷрибаи кишварҳои дорои иқтисоди пешрафта бархостаанд, вале таҷрибаи татбиқи ин меъёрҳо пурсишҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Вале дар доираҳои коршиносии наздик ба ҳукумат ба ин арзёбӣ мувофиқ нестанд. Муовини пешини мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар яке аз мусоҳибаҳояш бо хабаргузории "Ховар" гуфта буд, ки Қонуни асосии Тоҷикистон ба тамоми санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқат мекунад ва набуди эроде аз сӯи созмонҳои боэътибори байналмилалӣ чун СММ ва САҲА бар матни он, далели ин гуфта мебошад.

Конистутсияи Тоҷикистон кишварро ҳамчун давлати иҷтимоӣ муайян кардааст, ки сиёсати он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Қонуни Асосӣ ҳамчунин плюрализми сиёсиву идеологиро пешбинӣ намудааст. Моддаҳои Қонуни асосб дахлнопазирии шахс, манзил, маҳрамияти мукотибот ва гуфтугӯҳои телефониро замонат дода, сензура ва таъқиб барои танқидро манъ мекунад ва ҳуқуқи муттаҳид шудан ва мушорикат дар сиёсатва ҳуқуқҳои бисёри дигарро таъмин менамояд.

Бо вуҷуди ин созмонҳои байналмилалӣ ин замонатҳоро таҳти шубҳа қарор додаанд. Аз ҷумла, дар гузориши Freedom House барои соли 2018 гуфта мешавад, ки мақомот мисли соли 2017 фишор болои ҷомеаи шаҳрвандиро идома додаанд. Моҳи май раисҷумҳур иловаҳои ворида ба қонуни муқовимат бо фасодро имзо кард, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муваззаф мекунад, ки ба Оҷонсии зидди фасод дар мавриди хатари фасод дар ниҳодҳояшон иттилоъ диҳанд.

Бар пояи ин гузориш, санҷишҳои фаровони Кумитаи андоз, Хадамоти зидди сӯхтор, Оҷонсии зидди фасод ва мақомоти дигари давлатӣ ба фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мамониат эҷод мекунанд. Мақомот дар соли 2017 намунаҳои ифротгароиро ҳамчун баҳона барои назорати шадиди созмонҳои диннӣ истифода кардаанд.

Кумитаи дин таъйид намуд, ки соли 2017 масҷидҳои "ғайриқонунӣ"-ро ба теъдоди 1938 бастааст ва ё онҳоро барои баргузори ниёзҳои маъракаҳои дунявӣ табдил додаанд. Маҳдудият ҷорӣ кардан дар пӯшидани либос занон) дар саффи аввали ин гуна талошҳо қарор дорад: ҳамчунин иттилооти фаровоне аз иҷборан тарошидани риш ва маҷбур кардан ба кашидани ҳиҷоб низ буд.

Ин гузориш мегӯяд, бо талошҳои назорат бар дастрасӣ ба маълумот, Вазорати фарҳанг моҳи апрели соли 2017 қароре қабул кард, ки мувофиқи он бидуни иҷозаи ин ниҳод ба кишвар ворид кардан ва аз кишвар бурдани китоб манъ аст. Хадамоти алоқа ба масдуд кардани …сайтҳои хабарии мустақил идома медиҳад, ҳарчанд аз бархе сайтҳову шабакаҳои иҷтимоӣ дар соли 2017 масдудият бардошта шуд.

Моҳи июл порлумони Тоҷикистон қонуни наверо тасвиб кард, ки ба мақомоти қудрати иҷозаи дастрасӣ ба фаъолиятҳои онлайнӣ ва иттилоияҳои матнии шаҳрвандонро медиҳад". Ба ин тартиб, дар гузориш тақрибан тамоми замонатҳои таъкидшудаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар конститутсия интиқод мешаванд.

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов таъкид мекунад, ки ҳукумати кишвар интиқоди созмонҳои байналмилалиро дар мавриди худ дарк мекунанд, вале дар қолабҳои мавҷуд ислоҳи онҳо номумкин аст. "Шеваи мудирият аллакай мураккаб гаштааст ва барои тағйири он ислоҳоти ҷиддӣ зарур аст, ки онҳо омода нестанд. Шояд дар ҳукумат имрӯзҳо андешаҳои ислоҳотгарона вуҷуд надорад, яъне нафароне, ки зарурати ислоҳоти фарогирро дарк кунанд ва тасаввурот дар мавриди шеваҳои амалан иҷроӣ кардани онро дошта бошанд",-гуфт коршинос дар як посухи катбӣ ба Радиои Озоди.

Таҳаввулоти Қонуни Асосӣ

Дар 25 соли мавҷудият ба Қонуни Асосии Тоҷикистон се бор тағйиру илова ворид шуд.

Тағйироти нахуст соли 1999, баъди ду соли имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон буд ва дар Қонуни асосӣ механизми тавофуқи сиёсӣ ворид карда шуд, ки иҷоза медод ҳизби сиёсии хосияти динӣ номнавис шавад, ки ба ҳизби то ин замон мамнуъшудаи Наҳзати исломиро машрӯият мебахшид. Илова бар ин, тағйироти нав салоҳияти президентро аз панҷ ба ҳафт сол тамдид кард ва маҷлиси болоии парлумонро ташкил дод.

Интихоби аъзои маҷлиси болоии парлумон ба ихтиёри ҷаласаи муштараки маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ дода шуд, ки ҳамон як шахсе, ки раиси вилоят ё шаҳру ноҳия аст, ҳамзамон метавонад ҳам мақомоти намояндагӣ ва ҳукумати иҷроияро раҳбарӣ кунад. Интихоб ба маҷлиси болоиро маҳз раисони мақомоти маҳаллӣ ташкил мекунанд, ки 75% аъзои маҷлиси болоии парлумонро интихоб мекунанд ва 25 % боқимонда бо фармони президент таъин мешаванд. Аз он ҷо, ки раисони ноҳияҳоро президент таъин мекунад, ин барои коршиносон баҳонае шудааст, то бигӯянд сардори давлат метавонад мустақиман тамоми раванди ташаккули маҷлиси болоиро назорат кунад.

Дар райъпурсии дувум дар соли 2003, 122 тағйироту илова ворид намуданд. Бар пайи он маҳдудияти синнусолии номзад ба мақоми президентӣ, ки то ин дам то 65-сола муқаррар шуда буд, барҳам зада шуд ва ба ин ё он шахс иҷоза дода шуд, ки мақоми президентиро бештар аз давраи пайиҳам соҳиб шавад.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва яке аз таҳиягарони нахустин Қонуни асосии Тоҷикистон дар яке аз мусоҳибаҳояш бо "Азия Плюс" гуфта буд, ки аз бетаҷрибагии мансабдорони тоҷик, Конститутсия ба як "сиёҳнавис" табдил шуд ва гузинаи соли 1994-и он хеле қавитар аз нусхаи ҳозир буд.

"Он замон Қонуни Асосӣ бо шитобкорӣ пазируфта нашуд ва болои он нафарони бидуни манофеъ ва судҷӯйиҳои сиёсӣ мунсифона кор карданд. Он замоне заъиф шуд, ки ба он тағйиру иловаҳо ворид карданд. Ба ҷуз ин, аз замони баргузории раъйпурсиҳо дар кишвар вазъ тағйир кард ва нафароне, ки иловаҳоро коркард намуданд, манофеи нухбагони ҳукмрон нуфуз кард. Онҳо амалан ҳаққи интихобе ба мардум надоданд ва танҳо имкон доданд, ки дар баробари 50 тағйирот "ҳа" ё "не" бигӯянд. Райъпурсиро баргузор карда, тағйиротро ворид намуданд, вале дар натиҷа камбудҳоро ислоҳ накарданд ва танҳо онҳоро ҳам сифатан ва ҳам миқдоран бештар карданд",-гуфта буд он замон Зоиров.

Вале ин навоварии охирин набуд. Зимни райъпурсии моҳи майи соли 2016 дар баробари тагйироти фаннӣ синну соли номзад ба мақоми президентӣ аз 35 ба 30-сола пойин оварда шуд. Дар Қонуни асосии кишвар институти "Пешвои миллат", ки ба Эмомалӣ Раҳмон салоҳиятҳои фаровоне, аз ҷумла ҳаққи бемаҳдуди пешбарии номзадияшро медиҳад, ворид шуд. Тағйирот ҳамчунин аз Конститутсия мафҳуми "ҳизби дорои хосияти динӣ"-ро ҳазф намуд, ки ин меъёр ҳангоми райъпурсии нахустин ворид шуда буд.

Ду дидгоҳ доир ба тағйирот

Мунтақидон тамоми раванди дигаргунсозии конститутсияро марбут ба тақвияти мавқеи сардори давлат ва инҳисори қудрат медонанд. Тағйироти ахир ба Қонуни Асосиро бештари онҳо интиқоли қудрат аз роҳи мерос ба Рустами Эмомалӣ медонанд. Ба ҷуз мухолифони тоҷик, чунин хулоса дар гузоришҳои созмонҳое чун Amnesty International, Freedom House, "Хабарнигорони бидуни марз" (RSF), дар гузориши солонаи ҳуқуқи башари Департаменти давлатии ИМА, гузориши марбут ба Тоҷикистони Human Rights Watch ва асноди муҳими дигар ҳам акс ёфтааст.

Бо ин вуҷуд, миёни доираҳои коршиносӣ андешае вуҷуд дорад, ки тағйиротро посухгӯи чолишҳои замон арзёби мекунанд. "Тамоми тағйироту иловаҳое, ки ба василаи раъйпурсӣ пазируфта шуданд, дар вазъе қабул шуданд, ки зарурат ба такмили давлатдорӣ дар кишвар буд. Ба ин тартиб, тағйиру иловаҳои нахустин ҳамчун шартҳои Созишномаи сулҳи ба имзорасида дар кишвар буд. Тағйироти баъдӣ ба ин далел муҳиманд, ки руйкард ба такмили низоми ҳокимияти давлатӣ дар кишвар буданд",-чунин андеша дорад сиёсатшинос Шералӣ Ризоён.

Ӯ бар ин назар аст, ки Қонуни асосӣ устувории ниҳодҳои давлатиро баъди бебандубории солҳои 90-ум ташаккул дод, ки минбаъд зистпазирии худро собит карданд ва шароит барои рушди тадриҷии давлатро шакл медиҳанд.

"Мушкил дар Конститутсия нест"

Сарфи назар аз тамоми тағйироти ворида ва зиддияти арзёбиҳо, коршиносон бар инанд, ки мавзӯъ на худи Қонуни асосӣ, балки татбиқи амалии меъру усулҳои он аст. "Барои он, ки шаҳрвандон бо эҳтиром ба Конститутсия муносибат кунанд, барои таъмини муассирияти он зарур аст, ки вобаста аз шароити сиёсӣ аз тағйиру иловаҳо худдорӣ карда шавад",-мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов.

Ин андешаро сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ҳам ҷонибдорӣ мекунад ва бар ин назар аст, ки Қонуни асосии Тоҷикистон ба тамоми меъёрҳои ҷаҳонӣ посухгӯ аст. "Аммо иҷроӣ кардани таъиноти он дар амал, хусусан низоми назорат ва арзёбии татбиқ шудани он, ҳалношуда боқӣ мемонанд. Мутаносибан, маҳз ба ҳамин хотир, Тоҷикистон чун пештара мавқеи пастеро дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ дорад",-арз мекунад коршинос.

XS
SM
MD
LG