Вай савори чархболе буд, ки рӯзи 19-уми май ҳангоми баргаштан аз сарҳади Озарбойҷон ба садама дучор шуд. Дар ин ҳодиса президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва баъзе аз шахсони дигари баландпоя низ ба ҳалокат расиданд.
Амирабдуллоҳиён дар моҳи августи соли 2021, баъди ба қудрат расидани Иброҳим Раисӣ, ба мансаби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ таъйин шуд. Вайро бахше аз маъмурияти Раисӣ барои ҷудоии бештар аз Ғарб ва тамаркуз ба Ховари Миёна медонистанд. Гуфта мешавад, забони арабиро хуб медонист, аммо англисияш чандон қавӣ набуд.
Ҳусейн Амирабдуллоҳиён дар соли 1960 дар шаҳри Домғон зода шуда, дар солҳои 1980-1988 дар ҷанги вайронгари Эрон ва Ироқ ширкат накард. Ба ҷойи он дар донишгоҳ хонд ва унвони доктор (PhD)-и равобити байнулмилалӣ гирифт.
Вай дар Вазорати корҳои хориҷии Эрон зинаҳои гуногунро зуд паймудааст. Мансаби аввалинаш дар охири солҳои 90-ум дар сафорати Эрон дар Ироқ буд.
Аломати бовармандии Ҷумҳурии Исломӣ ба дипломати ҷавон замоне бармало шуд, ки Эрон номи Амирабдуллоҳиёнро дар ҳайати сенафарӣ дар музокироти нодир бо Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҷанг дар Ироқ навишт.
Вай як муддат сафири Ҷумҳурии Исломӣ дар Баҳрайн, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон дар умури Африқо ва ҷаҳони араб ва мудири бахши кишварҳои Халиҷи Форс буд.
Солҳои ҳузури Амирабдуллоҳиёнро дар ин мақом метавон яке аз замонҳои буҳронитарин дар минтақаи Ховари Миёна номид. Ҷое, ки таҳаввулоти машҳур ба номи "Баҳори араб" рӯй дод; ҷанги дохилӣ дар Сурия авҷ гирифт; равобити Эрон бо Арабистони Саудӣ ва чанд кишвари дигари минтақа бурида шуд. Яке аз ихтилофҳои Эрон ва Риёз дар он солҳо ҷанги Саудӣ бо Яман буд.
Нақши ӯ дар равобити Эрон бо Ироқ ва фаъолияти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ин кишвари ҳамсоя ба Ҳусейн Амирабдуллоҳиён имкон дод, ки бо Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудс, бахши бурунмарзии Сипоҳ равобит барқарор кунад. Сулаймонӣ дар соли 2020 дар як ҳамлаи ҳавоии Амрико дар наздикии Бағдод кушта шуд.
Вакили муҳофизакор Алӣ Ализода пеш аз таъйин шудани Амирабдуллоҳиён ба мансаби вазири корҳои хориҷии Эрон ӯро “Сулаймонии дипломатия” тавсиф карда буд.
Дар пайи сарусадоҳо дар бораи ихтилофи назараш бо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири пешини умури хориҷии Эрон, соли 2015 пешниҳодро дар бораи рафтан ба ҳайси фиристодаи Эрон ба Умон рад кард ва аз вазорат рафт.
Аммо зуд ба пой рост шуд ва ба ҳайси мушовири умури хориҷии раиси вақти порлумони Эрон, Алии Лориҷонӣ, таъйин шуд. То замони расиданаш ба мақоми вазири корҳои хориҷии Эрон дар он ҷо монд.
Ду фарзанд дорад.