Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исфандиёр асобағалашро шикаст ва бо даст роҳ меравад. ВИДЕО


Исфандиёр, ҷавони тоҷик, ки бо дастон роҳ меравад
Исфандиёр, ҷавони тоҷик, ки бо дастон роҳ меравад

Исфандиёри Ҳамроҳхон, сокини 29-солаи деҳаи Тутои ноҳияи Мӯъминобод, баръакси дигарон бо даст роҳ мегардад ва бо ин маҳораташ шинохта шудааст. Вай гуфт, ҳаракат бо дастро замоне омӯхт, ки беморие монанд ба фалаҷ дар кӯдакӣ пойҳояшро беҳаракат кард.

Наздиконаш мегӯянд, иродаи Исфандиёр ӯро аз як маъюби рӯйи бистар ба варзишкор табдил дод ва ҳоло ӯ дар пушт 30 кило бор мебардорад ва бо даст масофаи дарозро тай мекунад.

Дӯстонаш чанд навори ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, ки дар ҳоли ҳаракат бо даст тасвир ёфтааст. Гоҳе аз биноҳои сертабақа поин мешавад ва гоҳе харсаворӣ мекунад.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Исфандиёр асобағалро шикаст ва бо дастон роҳ рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Исфандиёри Ҳамрохон рӯзи 5-уми сентябр ба хабарнигори Радиои Озодӣ нақл кард, ки роҳравиро дар хурдӣ бо дастонаш ёд гирифт. "Пас аз тамрини зиёд пойҳоям ба ҳаракат даромаданд, аммо ҳанӯз роҳгардӣ бо даст бароям мувофиқтар аст", -- гуфт ӯ.

Исфандиёр ҳангоми убур аз болои қубури обгузар
Исфандиёр ҳангоми убур аз болои қубури обгузар

Ба қавли Исфандиёр, вақте ӯ ба синни мактабӣ расид, бинобар маъюбӣ натавонист таҳсилро оғоз кунад. Соли дуюми хониш кӯшиш кардааст, ки бо асобағал ба мактаб равад, вале ҳаракат бо чунин шева душвор афтод. Ӯ мегӯяд, асобағалро шикаст ва дастро ба пой иваз кард.

"Мехостам бо пойҳоям роҳ равам, меафтидам. Сарам мекафид, дастонам захмӣ мешуданд. Гоҳе бо шикам ва кумаки ҳамсабақон ба дарс мерафтам. Шабҳо дар кӯча бо даст роҳ рафтанро тамрин кардам, то дигарон ин кори маро набинанд", -- гуфт Исфандиёр.

Ҳамсолонаш талошҳои бо дастон роҳ гаштани ӯро диданд, ба кумакаш расиданд ва тарғибаш карданд.

Дӯстонаш мегӯянд, Исфандиёр ҳеҷ гоҳ маъюб будани худро эътироф намекард ва талош мекард, аз афроди солим кам набошад. Замони мактабхонӣ барояш аробачаи маъюбӣ тӯҳфа кардаанд, вале ӯ қабул нанамудааст.

Абдулманнон Набизода, яке аз ҳамдарсони ӯ ба ёд меорад, ки дар аввал Исфандиёр танҳо кӯшиши роҳ рафтанро дошт, вале баъдан, ин талошаш ба як ҳунар ва варзиш табдил ёфт.​

Исфандиёр маъюби гурӯҳи дуюм аст ва 150 сомонӣ нафақа мегирад. Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Замони таҳсил ба ҳамсабақаш дилбаст ва бо ӯ издивоҷ кард. Ҳосили ин ишқу издивоҷ як тифл аст.

Ҳамсараш дар деҳа ба ҳайси пизишк кор мекунад, вале худаш ҳанӯз аз рӯйи касб кор пайдо накардааст. Дар сохтмонҳо кор мекунад, хишт мебардорад ва аз ин роҳ рӯзиашро пайдо мекунад.

Сафарбӣ Сафарова, модари Исфандиёр мегӯяд, дар хурдӣ бар асари нодуруст гузаронидани сӯзандору пойи писараш аз ҳаракат монд. Волидон он замон талош карданд, вале дар табобати ӯ муввафақ нашуданд.

Ӯ гуфт, писараш дар наврасӣ бо иродаи худ кореро кард, ки падару модар бо роҳи табобат онро натавониста буданд.

Сафарбӣ мегӯяд, агар писараш аз рӯйи касб ҷойи кор пайдо мекард ва барояш ҳамчун мутахассиси ҷавон замин барои бунёди манзил медоданд, дигар ҳеҷ мушкиле дар зиндагиаш намемонд.

Исфандиёр дар баробари кор ҳамеша машғули варзиш аст. Дар як мусобиқаи дастхобонӣ, ки тасодуфан иштирок кард, сазовори ҷойи дуюм шуд.

Дӯстонаш бо пахши наворҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд, роҳ рафтан бо даст ва ҳамзамон бардоштани то 30 кило борро ҳамчун як амали ғаримуқаррарӣ ба китобҳои рекорди "Гиннес" шомил кунанд. Наворҳое, ки Исфандиёр гоҳе бо дастон болои мошини сабукрави дар ҳоли ҳаракат қарор дорад ва гоҳе аз болои қубури обгузари болои ду соҳил бо даст мегузарад.

Дар гузашта низ чанде аз сокинони Тоҷикистон талош кардаанд, ки ҳунару маҳорат ва ё маҳсулоти ғайриодии худро ба китоби рекордҳои Гиннес шомил кунанд. Лубиёи якметрӣ дар Файзобод, донишҷӯйи ҳафтодсола дар Хатлон ва 11 ҳазор "отжтимание"-и Эмомҳусейн Умаров аз ҷумлаи чунин пешниҳодҳо буданд, вале то ҳол ҷавоби мусбат нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG