Як зани нобино дар шаҳри Кӯлоб ба фарқ аз ҳамтоёни дигари худ тақдирашро ба дасти хонавода ваё маркази маъюбон насупорид, балки ба ташкили оила ва анҷоми корҳои ҳаррӯза пардохт. Сарварбӣ Ҳалимоваи 36-сола бе ёрии касе хӯрок мепазад, хона мерӯбад ва дар вақти холиаш бофандагӣ мекунад.
Ӯ ҳабдаҳ сол қабл аз ноҳияи Муъминобод ба Кӯлоб омадааст. Ин зан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар хонавода ба ҷуз ӯ чаҳор бародараш нобино ҳастанд. Ин зан ва бародаронаш нобинои модарзод буда, маъюби гурӯҳи як мебошанд.
“Тамоми корро аз модарам омӯхтаам. Ба ҳар коре даст мезадам, монеъ намешуд. Аз ӯ кӯлчапазиро омӯхтам”, - мегӯяд Сарварбӣ Ҳалимова.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Ин зани нобино баъзе аз падару модаронро накӯҳиш мекунад, ки фарзандони маъюби худро дастнигару заиф бузург мекунанд. “Бигзоранд, ки мисли одами солим роҳ гарданд, кор кунанд. Ҳар вақте мегӯянд, ки ту наметавонӣ, одам одат мекунад ва як умр наметавонад. Набояд онҳо нотавон ба воя бирасанд. Агар рӯзе падару модар набошад, ба онҳо кӣ нигоҳубин мекунад? Он вақт хор мешаванд”, - гуфт ӯ.
Сарварбӣ Ҳалимова гуфт, бо ҳамсару фарзандонаш зиндагии хуб дорад ва ҳама касрову ҳамаро чизро бо эҳсосаш дарк мекунад. Вай соҳиби се фарзанд аст ва дар деҳаи Зарқалъаи ҷамоати Зиракии Кӯлоб зиндагӣ мекунад.
Ҳамсараш то чанд соли пеш бекор буд. Ҳоло посбони бемористони маъруф ба номи "Ҷерқалъа" аст.
Ҳамрохон Зуҳуров, ҳамсари Сарварбӣ Ҳалимова, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз зиндагиаш розӣ аст ва аз ҳамсараш шикоят надорад. Зуҳуров гуфт, ки ҳамсараш бо вуҷуди нобино будан, хӯрокашро омода ва се фарзандро нигоҳубин мекунад.
Ӯ гуфт, “бояд ҳамингуна занҳоро гирифт, то дар нимароҳ намонанд. Хонадоршавии моро язнаи ҳамсарам ташкил кард. Вақте гуфтанд, ки чашмонаш намебинад, чизе нагуфтам. Розӣ шудам. Дар 17 соли зиндагӣ боре аз интихобам пушаймон нашудам. Фарзандони солим дорам.”
Сарварбӣ барои Ҳамрохон ҳамсари севум аст. Ҳамрохон пеш аз ин аз ду ҳамсараш ҷудо шуда буд.
Ҳоло фарзанди бузурги хонавода дар синфи нуҳум таҳсил мекунад, фарзанди дувум дар синфи шаш ва фарзанди охирин шашсола аст.
Мавҷигул, ҳамсояи Сарварбӣ, мегӯяд, ҳангоми арӯсӣ хеле хушрӯ ва қобил буд. “Мегуфтанд, ки нобино аст, аммо бовар намекардем. Зеро кор мекард. Дар рӯи ҳавлӣ мегашт. Мегуфтем, ки чӣ хел нобино аст? Ба говдушӣ мерафт, касе бовар намекард. Ҳоло ҳама медонад, ки ӯ нобиност, вале аз дасту пойи худ намондааст”, - нақл кард Мавҷигул.
Дар Тоҷикистон ҳудудан 8000 нафари нобино ва хирабин ба сар мебарад. Ҷамъияти нобиноён танҳо имкони бо кор таъмин кардани 300 нафари онҳоро дораду бас. Наздики 300 нафари дигар бо роҳҳои худ соҳиби кору даромад шудаанд, вале боқимондаҳо бекор ва аксар вақт дастнигаранд.