Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори Ҳулбук дубора фаъол шуд


Пас аз ҳудуди ду сол, бозори Ҳулбук, ки миёни сокинон бо номи "Ҷумъабозор" дар ноҳияи Восеъ машҳур аст, фаъол гардид.

Маҳмадкарим Мӯъминов, раиси бозори "Ҳулбук" мегӯяд, дар пайи мактуби беш аз ҳазор тоҷири бозор Рустам Латипов, раиси ноҳияи Восеъ иҷоза дод, то ин бозор аз ин пас дар рӯзҳои ҷумъаи ҳар ҳафта, мисли пештара фаъолияташро давом диҳад.

Баъди таваққуфи дусола Ҷумъабозори Ҳулбуки ноҳияи Восеъ фаъол шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00


Ду соли пеш бо қарори Султон Валиев, раиси собиқи ноҳия дар рӯзи ҷумъаи ҳафта бозор фаъолияташро қатъ карда буд ва дар рӯзҳои якшанбе кор мекард. Аммо Мӯъминов мегӯяд, чун дар тамоми минтақа дар рӯзи якшанбе бозор мешавад, шумори ками мардум ба бозори онҳо меомад, ки ин вазъ бар зиёни тоҷирону сокинон шуда буд.

Маҳмадкарим Мӯъминов, раиси бозори "Ҳулбук".
Маҳмадкарим Мӯъминов, раиси бозори "Ҳулбук".
Ӯ гуфт: «Мардум манфиатдор буданд, ки бозор дар рӯзи ҷумъа баргузор шавад. Ин ҷо садҳо нафар дар як рӯз барои як ҳафта зиндагишонро меёфтанд, ки бо тағийр додани гузаронидани рӯзи бозор аз ҷумъа ба якшанбе зиён медиданд. Раиси нави ноҳияи Восеъ ин аҳволро фаҳмида, ба мо иҷозат дод, ки дар рӯзи ҷумъа корамонро бикунем.»

Бештари тоҷирон ва сокинони минтақаи Кулоб аз фаъол шудани бозори Ҳулбук дар рӯзи ҷумъа истиқбол карданд ва тоҷирон гуфтаанд, ки ин амр зиндагиашонро ба маҷрои нав ворид мекунад. Зеро ба таъкиди ин тоҷирон аз замоне, ки бозор дар рӯзҳои ҷумъа баста шуда буд, онҳо ба сахтӣ зиндагиашонро пеш мебурданд ва баъзеҳо маҷбур шуданд, ки роҳ ба сӯи муҳоҷират бигиранд.

Раҳматулло Муродов, тоҷири ин бозор мегӯяд, дар ҳоле, ки ҳангоми фаъолияти бозор дар рӯзи якшанбе як сомонӣ меёфтанд, ҳоло дар рӯзи ҷумъа ин фоидаашон ба даҳ сомонӣ баробар шудааст.

«Дар рӯзи бозор ба ғайр аз мошинбозор ин ҷо бозори хуб намешуд, зеро дар ҳама ҷо бозор буд. Ҳоло аз рӯзе, ки ба рӯзи ҷумъа гузаштаем, кор хуб шудааст. Савдогарон кам буданд ва ҳоло бештар шудаанд. Ҳама рӯзи ҷумъа ба ин ҷо меоянд ва дар рӯзҳои дигар ба дигар ҷо барои савдо мераванд.»

Рӯқия Холова, тоҷири дигари ин бозор мегӯяд, зиндагии ду фарзанди худ ва ҳафт фарзанди бародарашро аз ҳисоби тиҷрорат мегузаронад. Ӯ мегӯяд, агар рӯзи ҷумъа дар ин бозор савдо кунад, рӯзҳои дигари ҳафта ба дигар бозорҳо меравад. Вақте, ки ин бозор дар рӯзи ҷумъа фаъол набуд, даромади хонаводагии ӯ низ коҳиш ёфта буд.

«Ин ҷо нахуду биринҷу дигар донагиҳо савдо мекунам. Бист дираму сӣ дирам мегузорем, ки фоида бимонад. Дар рӯзи ҷумъа, ки ин ҷо савдо кардем, рӯзи шанбе ба шанбебозор меравем ва рӯзи якшанбе ба дигар ҷой, ки зиндагиамон беҳтар мешавад. Он вақт танҳо рӯзи бозор имкони савдо кардан доштему халос.»

Фаъолияти бозори "Ҳулбук" дар моҳи январи соли 2012 бо қарори Султон Валиев, раиси вақти ҳукумати ноҳияи Восеъ ба далели ҷавобгӯ набудан ба талаботи беҳдоштӣ ё санитарӣ ва ҷалби хонандагони макотиби миёна дар рӯзи дарсӣ ба бозор баста шуда буд. Зимнан, дар он замон фаъолияти 7 бозори хурду бузург дар ин ноҳия бар иловаи ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарӣ, ҳамчунин надоштани ҳуҷҷати расмӣ баста шуданд. Ҳоло, ҳамаи бозорҳо дар ноҳияи Восеъ, ки ҳар кадом дар як рӯзи ҳафта, панҷшанбе, ҷумъа, шанбе ва якшанбе баргузор мешаванд, фаъол шудаанд.

Ҳатто Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеъ он ҳангом чунин гуфта буд, "ман барои чӣ бозорҳоро бастам? Барои он, ки аз соати 5-6-и саҳар хоҳари ману оилаи ман ё аз шумо дега гирифта барои отала кардан меравад. Ҳеҷ вақт ку, хоҳари ману шумо намеравад. Боз ҳамон бечораи камбағал меравад. Меравад, ҷои дастшӯи надорад, ба ягон талабот ҷавоб намегӯяд, чихел он бояд фаъолият кунад?»

Ноҳияи Восеъ дар чаҳорроҳаи тамоми навоҳии минтақаи Кӯлоб қарор дорад ва аксари сокинони навоҳӣ хариду фурӯши худро дар бозорҳои ин ноҳия, ки дар ҳудуди ҳар ҷамоат дар як рӯзи ҳафта баргузор мешаванд, анҷом медиҳанд. Дар ин ноҳия 14 бозор фаъолият дорад, ки аксари онҳо танҳо дар як рӯзи ҳафта фаъол ҳастанд.
XS
SM
MD
LG