Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми як зодаи Тоҷикистонро дар Русия сахттар карданд


Додгоҳе дар Русия таксирони тоҷик Аҳадҷон Зоҳидовро ба 15 сол зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳ пештар ӯро ба хиёнат ба давлат ва қочоқи силоҳ айбдор карда, ба 13 сол зиндон маҳкум намуда буд.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, додгоҳ баъди ошкор кардани ҳолатҳои нави қочоқ ҳукмро тағйир дод.

Аҳадҷон Зоҳидови 36-сола то лаҳзаи боздошт дар як ширкати сохтмонӣ муовини раис будааст. Маълум нест, ки ин тоҷири тоҷик бо кадом кирдораш ба давлати Русия хиёнат ва дар кадом шакл қасди тиҷорати силоҳ кардааст.

Назари Зоҳидов ва наздиконаш ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Александр Рибак, додраси парванда ба расонаҳо гуфтааст, ки Зоҳидов "дар ду маврид ба қочоқ ва дар шаш ҳолат ба қасди қочоқ иқрор шудааст."

Созмонҳои байнулмилалӣ ҳукмҳои додгоҳҳои Русияро шаффоф намедонанд.

Банди қонуне, ки тибқи он Зоҳидовро ҷазо додаанд, ҷинояти "интиқоли моддаҳои заҳрогин, маводи тарканда ё дигар лавозимоти ҷангӣ"-ро дар назар дорад.

Ӯро моҳи сентябри соли 2022 боздошт кардаанд ва парвандааш махфӣ баррасӣ шудааст.

Солона даҳҳо шаҳрванд ё зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми гуногун дар Русия боздошту зиндонӣ мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ аксари ҳукмҳои додгоҳҳои Русияро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ноодилон меноманд.

XS
SM
MD
LG