Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Тоҷикистон хостанд, "масхараи муҳокима"-ро бас кунад


Ҳюман Райтс Вотч, як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ дигарбора аз мақомоти Тоҷикистон хост, хабарнигори шинохта Хайрулло Мирсаидовро озод кунад.

Баъди ду моҳи дигар тамдид шудани мӯҳлати боздошти Хайрулло Мирсаидов, Стив Свердлов, муҳақиқи Осиёи Марказӣ дар созмон рӯзи 10-уми феврал дар Твиттер навишт, “Хабари бад барои Тоҷикистон. Мӯҳлати боздошти Хайрулло Мирсаидов, барои ду моҳи дигар тамдид шуд.”

https://twitter.com/steveswerdlow/status/962472987239710720

Стив Свердлов
Стив Свердлов

“Ӯ ду моҳ боз ғайриқонунӣ паси панҷара буд. Ин муҳокимаи масхараомез бояд ҳоло хотима ёбад” – омадааст, дар навиштаи Стив Свердлов.

Хайрулло Мирсаидовро моҳи декабри соли гузашта, ба тақаллуби молӣ, баёноти дурӯғ ба милиса, барангехтани адовати милливу мазҳабӣ муттаҳам карданд. Барои ин ҷиноятҳо дар Тоҷикистон мумкин аст, фарди гунаҳкорро ба 21 соли зиндон маҳкум кунанд.

Падараш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Хайрулло иттиҳомоти эълоншударо беасос медонад ва мегӯяд, ки бегуноҳ аст. Ҳафтаи гузашта дар додситонии вилояти Суғд ба хабаргузории Азия Плюс гуфтаанд, ки бо дархости додситонӣ ва барои “таҳқиқи комил ва бетарафонаи парванда” мӯҳлати боздошти Хайрулло Мирсаидовро барои ду моҳи дигар тамдид кардаанд.

Мирсаидов дар гузашта барои “Азия Плюс” ва радиои Садои Олмон кор кардааст. Ӯ узви тими миллии КВН-и Тоҷикистон буд, ки маҳфили гурӯҳи ҳозирҷавобон аст.

Давлати Тоҷикистонро барои боздошти Хайрулло Мирсаидов, танқид кардаанд. Созмони Афви Байналмилал, қароргоҳаш дар Лондон, Мирсаидовро фарде номидааст, ки барои “истифода аз ҳаққи озодии баён” боздошт шудааст.

https://www.amnesty.org/en/documents/eur60/7787/2018/en/

Кумитаи Дифо аз Хабарнигорон дар Ню Йорк гуфтааст, хабарнигороне ба мисли Хайрулло Мирсаидовро бояд барои корҳои муҳимашон қадр кард, на бо “иттиҳомоти бофта паси панҷара андохт”.

https://cpj.org/2017/12/tajik-journalist-arrested-after-alleging-official-.php

Хайрулло Мирсаидовро рӯзи 5-уми декабр дар зодгоҳаш дар шаҳри Хуҷанд дастгир карданд. Ӯ баъд аз он дастгир шуд, ки номаи саркушодае ба номи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулл Юсуф Раҳмон ва Абдураҳмон Қодирӣ, раиси пешини вилояти Суғд номае навишт ва гуфт, ки пеши роҳи мақомоти ба гуфтаи вай ришвахорро бигиранд.

XS
SM
MD
LG