Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё "насиҳатгӯӣ" кофист, то ҷавононро аз ҷанг дар Сурияву Ироқ боздошт?


Бекорӣ, муҳоҷират, навмедӣ, камбизоатӣ ва даҳҳо мушкилоти дигар аз омилҳои ҷалби ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои бегона ва ҳамин тавр ширкати онҳо дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ дониста мешавад.

То ба ҳол омили аслии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ дақиқ нашудааст ва ҳеҷ ниҳоде ҳам ин мавзӯъро пажӯҳиш накардааст. Ба ин далел, таҳлилгарон мегӯянд, то кунун мақомоти тоҷик дар роҳи ҷилавгирӣ аз ин раванд муваффақ нашудаанд. Аммо маъракаи таблиғотиву насиҳатомези мақомот, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва рафтани онҳо ба ҷангҳои Сурия дар Тоҷикистон, зоҳиран баъди ҳамлаи маргбор ба мактабе дар Пешовари Покистон боз ҳам гармтар шуд.

Дар баробари вокунишҳои тамоми сохторҳои кишвар, шурӯъ аз кумитаи ҷавонон то занон ва барномаву филмномаҳои шабакаҳои телевизионӣ дар мавриди ин ҳамла ва паёмадҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ширкати онҳо дар ҷангҳои хориҷи кишвар, мақомот гурӯҳ - гурӯҳ ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон сафар карда ва бо намоиши наворҳо ба мардум, дар бораи хатароти терроризм ва оқибатҳои он вохӯриву мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Шариф Абдулҳамидов, намояндаи Кумитаи дин дар Кулоб, ки дар ин мулоқотҳо ширкат дорад, мегӯяд, “ин иқдоми кумитаи дин дар якҷоягӣ бо ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аст ва дар ноҳияҳои Восеъ, Ховалинг, Ҳамадонӣ ва Кулобу Мӯъминобод чунин мулоқотҳо бо ширкати намояндаҳо аз кумити дину занон раиси Маркази исломӣ гузаштанд. Мавзӯи асосии ин вохӯриҳо бо имомхатибон ва ҷавонону наврасон, ҷилавгирӣ аз шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракоти номатлуб ва унсурҳое, ки имрӯз ҷомеаи моро халалдор мекунанд, буд. Мавзӯи ширкати ҷавонон дар Сурия воқеан ҳоло ҳамаро ба ташвиш овардааст ва сатҳи пасти донишу маърифати ҷавонон ва бешуғлии ҷавонон аст. Дар вохӯриҳои мушоҳида мешавад, ки ҷавонон ҳам аллакай дарк мекунанд инро ва ҳодисаҳои мудҳише, ки бо дасти ин гурӯҳҳо рух медиҳанд, маҳкум мекунанд.”

Силсилавокунишҳои бесобиқаи давлатдорони Тоҷикистон дар робита ба марги даҳҳо кӯдак дар Покистонро дар ҷомеаи Тоҷикистон аксарият, қобили таҳсин медонанд ва ҳам талошҳои мақомот барои ҷилавгирӣ аз сафари ҷавонон ба Сурияро кори хуб арзёбӣ мекунанд. Аммо дар айни замон шеваи пешгирифтаи мақомот дар роҳи мубориза бо ин раванд, чандон муассиру бобарор дониста намешавад

Ғолибан мақомоти кишвар дар баробари ҳама падидаву тамоюлҳои манфӣ бо як шева ва аз рӯйи як барнома бархӯрд мекунад. Он ҳам роҳандозии маъракаҳои фаҳмондадиҳиву насиҳатгӯй. Дар мисоли Сурия ҳам, аз ҳамин таҷриба кор гирифта шудааст ва чанд моҳ аст масъулон дар ноҳияҳо ба чорабиниҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ сафарбар шудаанд. Аммо як далели аслии бобарор набудани ин роҳи пешгирифтаи мақомот ва афзоиши шумораи ҷавонон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон, ба андешаи пажӯҳишгарон, омӯхта нашудани омилҳои аслии зуҳури чунин равандҳо аст.

Ҷамшед Қуддусов, раҳбари созмони таҳқиқотии “Сотсервис” мегӯяд, вақте дар ҷомеа як раванд ё падидаи манфӣ рӯ мезанад, мақомоти масъули давлат бояд дар навбати аввал ба омӯзиши решаву омилҳои он таваҷҷӯҳ кунанд: “Ҳамаи он гапу омилҳое, ки шунида мешавад, ин ҳама фикру ақидаи шахсони алоҳида аст, ва ин омилҳо метавонад иштибоҳ бошад. Ва пешниҳоду роҳҳалро бояд фақат дар асоси омӯзиш ба роҳ монд. Ба фикри ман, ҳамин пайдоиши равандҳои нав нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон масъалаи гузаронидани таҳқиқот аз ҷониби давлат суст ба роҳ монда шудааст. Мо сари вақт аз пайи омӯзиши масъала намешавем, бинобарин доимо дар андешидани чораҳо ақиб мемонем.”

Аммо Ҷамшед Қудусов, ки масоили бекории ҷавононро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба вазъи бозори меҳнат ва сатҳи баланди бекориву бесаводӣ, ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ ва тарғибгарон афтидани ҷавонон кори хеле осон шудааст. “Чунки ҷаҳонбинии бачаҳо маҳдуд аст, ва мо ҳам ба онҳо кӯмак намерасонем, мо ба онҳо малакаҳои ҳаётӣ намедиҳем. Дар мактабу муассисаҳои дигари таълимӣ мо фақат як дониши умумӣ медиҳем ба онҳо. Як таҳқиқоте ҳам дар соли 2012 муайян кард, ки 27 дар сади ҷавонон ҳатто хатту савод надоранд.”

Дар зимн, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон омилҳои ҷалб шудани ҷавононро омӯхта, онро ба 3 гурӯҳ тақсим кардааст: Гаравгонони вазъ, ё онҳое, ки қонуншиканӣ кардаанд, фиребхӯрдаҳо ва “фанатик”-ҳо .

Дар Тоҷикистон, ки бино ба маълумоти расмӣ беш аз 300 нафар дар ҷангҳои Сурия ва умуман Ховари Миёна ширкат доранд, як сабаб мушкили иқтисодии ҷавонон гуфта мешавад.

Аммо Завқибек Солеҳов, хабарнигори тоҷик, ки ин мавзӯъро таҳқиқ ва аз хонаводаҳои “ҷиҳодиён” дидан кардааст, мегӯяд, ин андеша чандон қатъӣ нест: “Аз манзилу шароити зисти хонаводаҳое, ки мо дар рафти барнома дидан кардем, мушоҳида мешуд, ки камбағал ҳам нестанд, хонаи ягонтоаш вайронаву валангор набуд. Зиндагии миёнаҳолона доштанд. Ҳолате ҳам буд, ки модар мегуфт, фарзандаш 200 долларе, ки барои чипта қарз гирифта ба Русия рафта буд, бо гузашти 8 моҳ барнагардондааст. Яъне ин ҷавон дар ин муддат 200 доллар ҳам барои модари танҳояш нафиристодааст. Фикр мекунам Онҳо бештар бо роҳи динӣ тарғиб мешаванд ва аксарият ба хотири шаҳид шудан ва барои идеология меҷанганд.”

Мисолҳое ҳам ҳаст, ки “ҷиҳодиён” аз хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон кӯмаки молӣ мепурсанд. Бародарон Қосимовҳо ҳам, ки дар Душанбе ҳатто дӯкони тиҷоратӣ доштанд ва масҷиди деҳи худро дар Фархор аз пули худ бунёд кардаанд, ба таври мармуз тиҷорати кори худро партофта ба Сурия рафта, кушта шуданд.

Ҷасур Абдуллоев
Ҷасур Абдуллоев

Ҷасур Абдуллоев, хабарнигори дигари тоҷик ба ин бовар аст, ки пул ҷавононро ба ҷанги Сурия намебарад, балки ба қавли ӯ, омили аслии фирефтаи идеологияи тундравҳо шудани ҷавонон, набуди як идеологияи миллӣ ва муттаҳидкунанда дар Тоҷикистон аст: “Худи мақомоти мо ҳам эътироф кардаанд, ки имрӯз мо як идеяи миллӣ надорем. Президент ҳам хостори коркарди як идеяи миллӣ шуда буд, аммо то ба ҳол ба ин муваффақ нашудаем. Пешниҳодҳо ҳастанд, аммо кӯчак, масалан дар як соҳа ё як самтанд ва иттиҳоди бузургеро ба вуҷуд оварда наметавонад. Масалан, Роғунро гирифтем, хуб аст, аммо он идеяи миллӣ шуда наметавонад.”

Дар зимн, моҳе қабл Акрам Амонов, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, роҳи аслии ба ҷанги Сурия рафтани ҷавонони тоҷикро аз муҳоҷират, аз Русия гуфта буд. Вай масҷиди воқеъ дар хиёбони “Проспект мира” - и Русияро макони ҷалби тоҷикон ба Сурия хондаанд.

Аммо фаъол шудани гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ҷангҳои Сурияву Ироқ нигарониҳои амиқеро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус Тоҷикистон ба бор овардааст ва мақомоти ин кишвар ба шиддат аз зуҳур ва густариши фаъолияти ин гурӯҳ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ин аст, ки аз гузашта дида, мақомот барномаи густурдаеро алайҳи ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ ва ҳамин тавр рафтани онҳо ба “ҷиҳод” дар Сурия рӯи даст гирфтаанд. Ҳарчанд аз назари таҳлилгарон ин барнома муассир нест, аммо мақомот бар ин назаранд, ки умури фаҳмондадиҳӣ то андозае метавонад назари ҷавононро ба гунаи мусбат тағйир диҳад.

XS
SM
MD
LG