Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 тан ба қасди терроризм ва ҷиҳод дар Сурия маҳкум шуданд (ВИДЕО)


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 11 сокини вилояти Суғдро, ки ба қавли додгоҳ, қасди роҳандозии амалиёти террористӣ дар Тоҷикистон ва иштирок дар ҷанги Сурия доштаанд, ба ҳабс маҳкум кард.

Рӯзи 18 декабр додгоҳи шаҳри Хуҷанд 11 сокини вилояти Суғдро, ки нияти анҷоми амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон ва иштирок дар ҷанги Сурияро доштаанд, равонаи зиндон кард. Ба гуфтаи додгоҳ, ин гурӯҳро, Мансур Бобоёров -- сокини ҷамоати Саразми Панҷакент таъсис дода, ба иттифоқи Элдар Ҳотамов, сокини шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен аъзои гурӯҳро барои сафари Сурия ба қасди иштирок дар ҷанг дар ин кишвар розӣ кардаанд.

Шӯҳрат Аҳроров, додраси додгоҳи Хуҷанд, ки бозбинии парвандаи ин афродро бар дӯш доштааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт: “Инҳо мақсад доштаанд ба ҷанги Сурия раванд. Эдар Ҳотамов як сокини ин маҳал ва сокини шаҳри Хуҷанд, Умед Ҷӯраевро ба сафари Сурия ташвиқ мекунад. Вай мегӯяд, ки он ҷо шароити хуб ва хонаву дар барояшон фароҳам хоҳанд кард. Онҳо мунтазири расидани маблағ будаанд, ки роҳ сӯи Сурия пеш гиранд. ”

Ба гуфтаи ҷаноби Аҳроров, Элдар Ҳотамов аз муҳоҷирати кории Русия баргашта, дар он кишвар низ ба тарғибу равон кардани ҷавонон ба Сурия машғул будааст. Ба гуфтаи додгоҳ, ин афрод дар пайи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ охири моҳи сентябри соли ҷорӣ аз тарафи кормандони мақомоти интизомӣ ва додситонӣ замоне дастгир шудаанд, ки ба роҳандозии амалиёти террористӣ дар Тоҷикистонро низ дар сар доштанд.

Дар Хуҷанд 11 фарди муттаҳам бо даҳшатафканӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Додрас Аҳроров афзуд: “Мансур Бобоёров дар ҷараёни мурофиа гуфт, ки онҳо қасди ҳамла ба маҳбаси шаҳри Панҷкент ба хотири озод кардани чанд маҳбуси ба қавли онҳо, бегуноҳро доштаанд. Онҳо ин мақсади худро тарҳрезӣ кардаанд. Онҳо аввал ба як қисми ҳарбӣ дар Панҷакент ҳамла карда, аслиҳа ба даст овардан мехостаанд. Баъд барои он, ки нерӯҳо аз марказ ба ёрӣ расида натавонанд, қасди тарконидани ағбаи Анзобро тарҳрезӣ кардаанд.”

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ин афродро мутобиқи бандҳои “таъсис” ва “иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ”, “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварона тағйири сохтори қонунии Тоҷикистон” ва “ҷалби сокинон барои иштирок дар ҷанг задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишварҳои хориҷӣ” гунаҳкор дониста, Мансур Бобоёров, созмондиҳандаи гурӯҳро ба 19 сол, Элдар Ҳотамов, сокини ноҳияи Спитаменро ба 12 сол ва 8 нафар сокини ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент ва 1 нафар сокини шаҳри Хуҷандро барои 9 сол ба маҳбас фиристод.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Панҷакент мегӯянд, то замони боздошт аз вуҷуди чунин гурӯҳ хабаре надоштанд. Дилнавоз Султонова, ҷонишини раиси ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз боздошти танҳо Мансур Бобоёров, сокини деҳаи Янгиқишлоқи ин ҷамоат хабар дорад, вале наздикон ва ҳаққу ҳасояҳои ӯ гуфтаанд, ки Бобоёров касеро барои рафтан ба Сурияву иштирок дар ҷанг тарғиб намекард.

Ба гуфтаи хонум Султонова, хабар надорад, ки ягон сокини деҳаи Янгиқишлоқи ҷамоати Сараз қаблан барои фаъолият дар ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ боздошт шуда бошад. Ҳамчунин то ҳол иштироки ягон сокини ин деҳа дар ҷанги Сурия ё кишвари дигар маълум нашудааст. Вале аз ин деҳа, чун дигар деҳоти Тоҷикистон мардони зиёд ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд ва бархе ҳам муддатҳои зиёд ба ватан наомадаанд: “Аммо аҳли оилаи онҳо мегӯянд, ки фарзанд ё шавҳарашон дар Русия ҳастанду занг зада, ҳамеша пул мефиристанд. Аз ин рӯ намедонем, ки онҳо дар ҳақиқат дар Русия ҳастанд ё ҷои дигар.”

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти додситонии Суғд мегӯяд, дар ҳоли ҳозир алайҳи ҳудуди 50 сокини минтақаи шимолии Тоҷикистон, умдатан сокинони шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Истаравшан, Конибодому Спитамен ва Исфара, ки қасди иштиро дар ҷанги Сурияро доштаанд, парванда боз шудааст ва гурӯҳи 11 нафарӣ аз ин гурӯҳ аст, ки бо ҳукми додгоҳи Хуҷанд маҳкум ба зиндон гардид.

XS
SM
MD
LG