Рӯзе, ки Имод ва модараш вориди сохтмони маҷлиси Эрон шуданд, умедвор буданд, ки барои муолиҷаи ин тифл аз вакилони парлумон кӯмаки зарурӣ дарёфт хоҳанд кард. Вале ин писарбачаи дусолаву модараш ногаҳон дар маркази ҳаводисе қарор гирифтанд, ки ҳеҷ интизораш набуданд: чаҳор марди мусаллаҳ ва бобмгузорон ба порлумон ҳамла ва ба тирандозии бебандубор шурӯъ карданд.
Имод ҳамроҳ бо волидону ду бародараш дар деҳаи дурдасти шаҳри шимолии Гургон дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад. Падараш Муҳаммад Ҳусейн Исмоилнажод, ки аз як пояш мелангад, пайваста бо мушкили дарёфти кору даромад рӯбарӯ аст.
Аксҳои Имод дар лаҳзае, ки бо кӯмаки амниятиҳо аз ошёнаи баланди маҷлис ба поён интиқол меёфт, дар расонаҳои ҷаҳонӣ нашр шуд ва таваҷҷӯҳи сартосариро ба сарнавишти ин кӯдак ҷалб кард.
Заҳро Хуросонӣ, модари Имод дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters гуфт, ки дар давоми моҳҳои зиёд тамоми захираву пулҳои хонаро барои табобати Имод сарф карда, ба қарз ғӯтидааст. Заҳро Хуросонӣ гуфт, ки дар ду соли зиндагиаш Имод се дафъа ҷарроҳӣ шудааст ва баъди харҷи пулҳои худ ва қарзи мардум, ҳоло дигар ҳеҷ кас омода намешавад, ки ба онҳо пуле бидиҳад.
Имод гирифтори бемории – мукополисахаридоз аст ва ба гурӯҳи бемориҳои метоболик шомил мешавад. Ин маризӣ боиси эҷоди нуқс дар бофтаҳои организми инсон мешавад. Ҳамон рӯз -- 7 июн, ки мусаллаҳон ба порлумон ҳамла карданд, падари Имод ба почта барои ирсоли номаи додхоҳӣ ба президенти Эрон рафта буд. Исмоилнажод мегӯяд, ҳамон рӯз дуо карда буд, ки мушкили писарашро ҳал кунад. Вай гуфт, аз Худо хоста буд, ки агар баъди ин ҳам касе ба додашон нарасид, дигар аз касе кӯмак нахоҳад хост.
Дар ҳамин ҳол, модар бо писараш ба порлумон рафт, то ки дар мулоқот бо масъулини Маҷлиси исломӣ, мушкили худро матраҳ кунад. Вай гуфт, муроҷиат ба маҷлисро касе аз наздикони ин хонавода машварат дод ва Заҳро бо таҳияи номаи расмӣ, ба Теҳрон омад. Лаҳзаҳое, ки модару писар дар даромадгоҳи маҷлис интизор буданд, маргталабон ва мусаллаҳон ҳамла карда ба сӯи мардум тир кушоданд.
Зан мегӯяд, ҳар кас дар фикри наҷоти ҷонаш худро ба чаҳор тараф мезад ва бархе тавонистанд ҷон ба саломат бурда, бархе аз тири ҳамлагарон кушта шуданд. Масъулияти ҳамла дар Теҳронро, ки 17 кушта бар ҷой гузошт, гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» ба ӯҳда гирифт. Мусаллаҳон ҳамзамон ба оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар ҷануби Теҳрон ҳам, ҳамлае анҷом доданд.
Ба гуфтаи Заҳро, азбаски гӯши Имод хуб намешунавад, ӯ тамоми даҳшати тиру таркишро нашунид, вале аз чашмон ва ҳам ҳаракатҳояш маълум буд, ки аз ин ҳама таҳаввулоту таҳлука ва фирорҳои мардум дар ҳайрат ва ҳолати тарс қарор дорад. Заҳро гуфт, писарро ба оғӯш кашида ӯ ҳам фирор кард. Дар яке аз роҳравҳои порлумон амниятиҳо ба тани модару писар ҷавшан ваё беостинҳои тирногузар пӯшонда, онҳоро аз дохили бино ба ҷои амн интиқол доданд.
Аксҳои Имод дар лаҳзае, ки бо кӯмаки амниятиҳо аз ошёнаи баланди маҷлис ба поён интиқол меёфт, дар расонаҳои ҷаҳонӣ нашр шуд ва таваҷҷӯҳи сартосариро ба сарнавишти ин кӯдак ҷалб кард. Баъди ин вазири беҳдошти Эрон волидонро ба ҳузур пазируфт ва ваъда дод, ки тамоми хароҷоти табобати кӯдакро ба ӯҳда мегирад.
Муолиҷаи кӯдак шурӯъ шуд ва вазорат гуфтааст, ки дар сурати зарурат, омода мешавад тифлро ба хориҷа ҳам фиристад. Исмоилнажод мегӯяд, ки ҳамин як акс беш аз нисфи мушкили онҳоро дар они воҳид ҳал кард. Мушкили дигар дар бекориву бехонагии хонавода аст, ки ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мемонад.