Сипоҳи посдорони Эрон эълон кардааст, ки як маркази ба гуфтаи ин ниҳод "фармондеҳӣ ва пуштибонии террористҳои такфирӣ"-ро дар минтақаи Дайр Аз-Зури Сурия, мушакборон кардааст. Ба гузориши хабаргузории нимарасмии "Тасним", Сипоҳи посдорон эълом кардааст, ки ин ҳамла ҳамчун интиқом ба ҳуҷуми гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба порлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ, анҷом шудааст.
Тибқи гузоришҳо, ин мушакҳои миёнапарвози "Замин ба Замин" аз пойгоҳи мушакии нерӯҳои фазоии Сипоҳи посдорони Эрон дар вилоятҳои Кирмоншоҳ ва Курдистон, партоб шудаанд. Вилояти Дайр Аз-Зур дар марзи Сурия ва Ироқ ва дар атрофи дарёи Фурот воқеъ аст.
Мақомҳои эронӣ аз гурӯҳҳои ДИИШ ва Ал-Қоида ва ҳамчунин афроде, ки аз ҷиҳати ақидатӣ ба гурӯҳҳои салафӣ наздик ҳастанд, ҳамчуни "гурӯҳҳои такфирӣ" ном мебаранд.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи 19-уми июн гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро таҳдид кард, ки дар сурати идомаҳои ҳамлаҳояшон ба Эрон, мавзеъҳои онҳоро бори дигар ҳадаф қарор хоҳанд дод. Расул Саноирод, муовини сиёсии Сипоҳи посдорон гуфтааст, ки ҳамлаи мушакии сипоҳ ин паёмро ба "террористҳо" дод, ки ба гуфтаи ӯ, "агар бихоҳанд ба шароратҳояшон идома бидиҳанд, бо силлии (шаппотӣ) маҳкаме рӯбарӯ мешаванд."
Ба гузориши пойгоҳи хабарнигорони "Ҷавон", вай таъкид кардааст, ки ҳамлаҳои мушакии рӯзи якшанбеи Сипоҳ ба минтақаҳое аз хоки Сурия барои "интиқом" аз ҳамлаҳои 7-уми июни ду гурӯҳи мусаллаҳ ба оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ ва порлумони Эрон будааст. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти он ҳамлаҳоро, ки боиси кушта шудани 17 нафар ва захмӣ гардидани беш аз 50 каси дигар шуда буд, ба ӯҳда гирифта буд. Сипоҳи посдорон дар ҳамон рӯзи ҳамлаҳо таҳдид карда буд, ки аз омилони ҳамлаҳои Теҳрон интиқом мегирад.
Ин нерӯи низомӣ шоми якшанбеи 18-уми июн эълом кард, ки "қароргоҳи фармондеҳӣ ва маркази таҷаммӯъ ва пуштибонӣ ва сохти худравҳои интиҳории террористҳои такфирӣ дар минтақаи Дайр Аз-Зур дар шарқи Сурияро бо мушак ҳадаф қарор додааст. Оқои Саноирод гуфтааст, "бо таваҷҷуҳ ба навъи интихоби ҳадаф ва таҷаммӯи террористоҳои такфирӣ дар ин минтақа метавон мизони талафоти онҳоро пешбинӣ кард.
Муовини сиёсии Сипоҳи посдорони дар бораи "ҳамлаи нав" ба марказҳои таҷаммӯи "террористҳо" гуфт, "чунин иқдомро Шӯрои амнияти миллӣ ва Ситоди фармондеҳии кулли нерӯҳо ва Сипоҳ вобаст ба вазъият, рӯи даст мегирад". Сипоҳи посдорони Эрон мегӯяд, ки шаш фарванди мушаки миёнапарвози навъи "Зулфиқор", ки бурди онҳо байни 650 то 700 километр аст, ба пойгоҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" партоб шуд ва ин ҳамла "муваффақиятомез" будааст.
Амир Алӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳ ҳам гуфтааст, ки "мушакҳо аз Эрон партоб шуд ва аз Ироқ убур кард ва дар Сурия фуруд омад ва бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, ки аз атрофи Димишқ ба парвоз даромада буд, бар фарози Дайр Аз-Зур ҳадафҳоро ба таври ҳамзамон барои мо дар Эрон мухобира мекард."
Хабаргузории Садо ва Симо гузориш додааст, ки нерӯҳои ҳавоии Сипоҳ аксҳоеро аз ҳамлаҳои мушакӣ дар ихтиёри онҳо қарор дода ва ваъда додааст, ки ба зудӣ ин аксҳоро нашр хоҳад кард. Фаъолони суриягӣ, ки ахбори ин кишварро пайгирӣ мекунанд, гуфтаанд, ки маълумоти фаврӣ дар бораи хисорот ё талафоти ҳамлаҳои мушакии Эрон, дарёфт накардаанд.
Дар баёнияи Сипоҳи посдорони Эрон ба гурӯҳи ба гуфтаи ин ниҳод, "террористҳои такфирӣ" ва ҳамчунин кишварҳое, ки "ҳомиёни минтақавӣ ва фароминтақавии онҳо" хонда шудаанд, ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати такрори амалҳое монанди ҳамлаҳои Теҳрон, "ҷинояткоронро ба ҷаҳаннам раҳнамун месозанд".
Ин ниҳод гуфтааст, ки "барои ҳифзи амнияти миллӣ ва шикасти фитнаҳо ва падидаҳои зидди амниятӣ", аз ҳеҷ талоше даст нахоҳад кашид ва чораҳои муносибро истифода хоҳад бурд.
Бархе аз мақомҳои Эрон, аз ҷумла фармондеҳи Сипоҳи посдорон ва раиси Додгоҳи Эрон бидуни ироаи далеле, танҳо бо ишора ба суханони пешини вазири дифои Арабистони Саудӣ, ин кишварро ба даст даст доштан дар ҳамла ба порлумон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ, муттаҳам кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, як рӯз пас аз ҳамлаҳои Теҳрон, Ғуломалӣ Хушрӯ, намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳам дар номае ба дабири кулли ин созмон ва Шӯрои Амният хостори таваҷҷуҳ ба воқеаи "терростӣ" дар Теҳрон" шуд ва ба гунае Арабистони Саудиро ба даст доштан дар ин ҳамлаҳо, муттаҳам кард.