Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанҷол" барои хона дар Тоҷикистон зиёд шудааст


"Ҷанҷол" барои хона дар Тоҷикистон зиёд шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:40 0:00
Ҷанҷол барои хона аз мавзуъҳои доғ дар Тоҷикистон аст ва додгоҳҳои кишвар ҳар рӯз чандин парвандаи марбут ба манзилро баррасӣ мекунанд. Як додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе 7-уми октябр ва дар рӯзи ҷаҳонии дастрасӣ ба манзил гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол фақат худи ӯ чаҳордаҳ парвандаи баҳси хонаро ба поён расондааст. Чанд сол пеш "Бунёди АвруОсиё" низ гуфта буд, ки тибқи пажуҳиши онҳо 80 дарсади муҳокимаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон ба масъалаи хона рост меояд. Баъзан чунин баҳсҳо дар додгоҳ ҳалли худро намеёбанд ва сокинон ночор дари расонаҳоро мекӯбанд. Ҳар рӯз ба камияш як нафар ба Радиои Озодӣ маҳз бо ҳамин мушкил муроҷиат мекунад ва ҳоло даҳҳо нусхаи аризаи шаҳрвандон дар дасти мо маҳфуз аст.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG