Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷӣ Мирзо: "Ҳазрати Алӣ гуфта буд, аз парчамҳои сиёҳ хонашин шавед"


Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов
Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, аз рӯҳониёни шинохтаи Тоҷикистон, дар як ҳамоиш дар шаҳри Кӯлоб гуфт, ки бар асоси таҳқиқи ӯ зуҳури гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро Ҳазрати Алӣ пешгӯӣ карда будааст.

Рӯҳонии маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Мирзо дар як гуфтугуӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, зуҳури гурӯҳеро, ки имрӯз аз он "Давлати исломӣ" ном мебаранд, ҳанӯз ҳазрати Алӣ пешгӯӣ карда буд ва ҳушдор дода буд, ки вақте ин гурӯҳ зери парчамҳои сиёҳ пайдо мешавад, мусулмонон бояд хонашиниро интихоб кунанд. "Вақте парчамдорони сиёҳро мебинед, мулозими хонашиниро интихоб кунед. Дили инҳо монанди оҳан аст ва ҳарчанд инҳо мардумро ба ҳақ даъват хоҳанд кард, худашон дар роҳи ҳақ нестанд." Бо зикри ин суханони, ба гуфтаи Ҳоҷӣ Мирзо "гуҳарбор"-и ҳазрати Алӣ, ки дастпарварди Паёмбари ислом буд, ин нақлро кардаст, ки ҳазрати Алӣ гуфтааст, замоне ки дар байни онҳо ихтилоф афтод, сипас аз хонаҳои худ бароед. "Ҳазрати Алӣ баъдаш гуфт, вақте ки дар байнашон ихтилоф боло шуд, баъдан шумо метавонед, ки аз хонаҳо берун шавед. Яъне, иншоаллоҳ, мо гумонамон ҳамин аст, сухани ҳазрати Алӣ ҳақиқат дораду ва байни инҳо зуд аст, ки ягон ихтилофе пайдо мешаваду гӯем, ҳамаи ҳамин бадбахтиҳое, ки дар инҳо ҳаст ва тамоми ҷаҳонро дар тарсу ҳарос боқӣ мондаанд, Худо хоҳад, ҳамаи ин бартараф мешавад," -- гуфт Ҳоҷӣ Мирзо.

Ин сӯҳбат дар ҳошияи нишасте ҷараён гирифт, ки ҳадаф аз он огоҳ кардани ҷавонон ва падару модарон аз хатари раҳгум задан ва ба "Давлати исломӣ" пайвастани бархе аз афрод дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.

Ҳоҷӣ Мирзо: Ҳазрати Алӣ ДОИШ-ро пешгӯӣ карда буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Дар ин ҳамоиш раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб аз афзоиши шумораи ҷавонони пушаймоншудае хабар дод, ки мехоҳанд, мақомот онҳоро аз ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба ватан биоранд. Дар як ҳамоиши 2 июн дар Кӯлоб, ки бо ибтикори нашрияи “Пайк” ва бо ширкати рӯҳониёни шинохта сурат гирифт, Шомиддин Шарифов -- раиси Кумитаи амнияти миллӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфт, ин ҷавонон барои бозгашт кумак мехоҳанд, зеро худашон имкони бозгашт надоранд.

Аммо ба гуфтаи ин мақоми баландпояи амниятӣ ниҳодҳои Тоҷикистон аз миёни сад муроҷиаткунанда метавонанд танҳо як ё ду нафарро аз қаламравҳои таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” берун бароранд. Ҷаноби Шарифов афзуд: “Мушкили асосӣ, ин аст, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ироқу Сурия таҳти назорати шадиди ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" қарор дошта, аз сӯи дигар онҳо ҳеч гуна ҳуҷҷату санад дар даст надоранд. Вақте онҳо ба хоки Сурия ва Ироқ ворид мешаванд, тамоми ҳуҷҷатҳояшонро нобуд мекунанд. Агар аз

қасди фирорашон касе бохабар шавад, зуд сари онҳоро мегиранд. Барои ҳамин, бисёр мушкил аст, берун овардани онҳо. Бояд пеш аз рафтану пайвастан дар ин бора биандешем.”

Бахши умдаи ҷавонон, ки аз ин сафари пурхатар пушаймон шудаанд, хоҳиши худро аз тариқи телефон ва бо иртибот дар шабкаҳои бо иҷтимоӣ баён доштаанд. Аммо ин мақоми амниятӣ дар масъалаи теъдоди талабгорони фирор аз “Давлати исломӣ” шарҳи бештар надод.

Рӯҳониёни маъруфи Кӯлоб, ки дар ин ҳамоиш иштирок доштанд, ҷангҳои Сурия ва Ироқро фитна хонда, ширкати ҷавонони тоҷик дар ин ҷангҳоро бемаънову бемантиқ ва хилофи ҳадису ояҳои Қуръон донистанд. Домулло Маҳмадулло, имом-хатиби яке аз масҷидҳои Кӯлоб бо ишора ба наворҳои филме, ки дар ин ҳамоиш намоиш дода шуд, гуфт, ҳеч рафтори мусалмон дар аъмолу кори гурӯҳи “Давлати исломӣ” надидааст ва забонаш намегардад, то дар пайванд ба ин гурӯҳ калимаи поки исломро истифода барад.

Раиси амният: "Аз 100 як ё ду касро аз ДОИШ берун кашида метавонем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

Ин рӯҳонӣ гуфт, ҳеч одами солимақл то кунун ба ин гурӯҳ напайвастааст ва бештар дузду нашъамандон аз Тоҷикистон ба ин ҷангҳо рафтаанд. “Бештари онҳое, ки рафтаанд, ин ҷо дузду роҳзану ғоратгар буданд. Ҳатто нашъаманду нашъаҷалоб буданд. Инҳо як гурӯҳи ҷавонони соддаро ҳам бурдаанд, ки ҳоло гуфта мешавад, пушаймонанд. Як рӯҳонӣ он ҷо нарафтааст, зеро ҳадафи онҳоро хуб медонанд.”

Ҳарчанд бори аввал нест, ки рӯҳониён ҷиҳод дар Сурияро маҳкум мекунанд, аммо ин бор шеваи маҳкум кардани онҳо шадидтар буд. Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи ҷустуҷӯ аз қавли Хазрати Алӣ, наздиктарин фарди паёмбари Ислом, гуфтаеро дарёфтааст, ки ДОИШ-ро пешбинӣ ва маҳкум кардааст.

Ба қавли ӯ, “Ҳазрати Алӣ гуфтааст, рӯзе парчамбардорони сиёҳ пайдо шуда, мардумро ба ҳақ даъват мекунанд, вале худашон дар роҳи ҳақ нестанд. Дар идомаи суханаш гуфтааст, ки номи аксари онҳо бо куният бурда мешавад, мислеки Абухолид, Абуаҳмад, Абудовуд ва ҳамчунон мегӯяд, фомилҳояшон ба номи шаҳрҳо гузошта мешавад. Мисли Абухолиди Фаластинӣ, Абудовуди Мисрӣ ё Абухолиди Кӯлобӣ. Дар идома гуфтааст, муйҳои дароз доранд, мисли мӯйҳои зан, чигунае ки мо гуфтем, бисёре аз ҷавонони мо аз тариқи дуруст мондани ҳамон мӯйи сару риш ҳам огаҳӣ надоранд. Ҳатто мо мисол овардем як нафар риши жӯлида дошт, то мӯи сар ва риши ин ҷавонро дуруст накарданд, ӯро дар оғуш нагирифт, ҳатто ишораам намудааст, ки барои чӣ худатро мисли шайтон кардаӣ? Дар ин маврид Ҳазрати Алӣ дар охир гуфт, вақте дар байнашон ихтилоф боло шуд, баъдан шумо метавонед, ки аз хонаҳо берун шавед. Яъне, гумони мо ҳамин аст, ки сухани Ҳазрати Алӣ ҳақикат дорад ва байни инҳо ягон ихтилоф пайдо мешавад ва ҳамаи ин бадбахтиҳое, ки дар инҳо ҳаст ва тамоми ҷаҳон бо тарсу ҳарос ба сар бурда истодаанд, бартараф мешавад.”

Ҳоло тибқи иттилои расмии мақомоти интизомӣ аз минтақаи Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ 47 нафар қарор дошта, аз ин шумора шаш нафарашон ҷони худро аз даст додаанд. Ин шумора дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамоише дар шаҳри Кӯлоб гуфт, тибқи умури фаврӣ - ҷустуҷӯӣ, 386 шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, Афғонистон ва Покистон қарор доранд ва аз ин теъдод, 40 нафарашон зану фарзандонашонро ҳамроҳ бо худ ба ин кишварҳо бурдаанд.

Ба гуфтаи Раҳимзода, дар интиқол додани шаҳрвандони Тоҷикистон нафареро аз ноҳияи Ваҳдат дастгир кардаанд, ки сари ҳар шахс маблағи ҳангуфт дарёфт мекардааст. Ӯмегӯяд, ба ҳар ҷангандаи “Давлати исломӣ” дар як набард 3 ҳазор доллар дода мешавад, ва маротибаи сеюм, ки дар набард нафавтид ва ғолиб шуд, ӯро кушта маблағашро боз ба каси дигар медиҳанд.

Худи ҷангиёни тоҷик борҳо бо пахши навори видеоӣ ҳарфҳои рӯҳониён дар бораи онҳоро беасос дониста, сафашонро бештар аз ҳисобҳои мақомоти Тоҷикистон донистаанд. Онҳо ҳшудор додаанд, ҳадафашон бо Ироқу Сурия тамом нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG