Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастрикин парвандаи Саидҷоновро таҳти назорат гирифт


Саид Саидҷонов
Саид Саидҷонов

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия парвандаи латукӯби шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби полисро зери назорати шахсии худ гирифтааст.

Муфаттиши парвандаи латукӯби шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон гуфтааст, ки Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия парвандаи Саид Саидҷоновро зери назорати шахсии худ гирифтааст. Ӯ ба тафтишот мӯҳлат додааст, ки на дертар аз моҳи сентябри соли ҷорӣ таҳқиқи ин парвандаро анҷом дода ба ӯ гузориш диҳанд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Михаил Кокорев, хабарнигори телевизиони ҷамъиятии Югра хабар дод. Ба иттилои ӯ, рӯзи 4 август вакили дифои Саидҷонов – Михаил Кучеров барои нахустин бор тавонист бо муфаттиши ин парванда дар Кумитаи тафтишоти шаҳри Хантӣ-Мансӣ мулоқот кунад.

Михаил Кокорев, ки ҳамчунин дар ин мулоқот ҳузур дошт, гуфт, ин мулоқот рӯзи сешанбе қариб 2 соат идома кард ва дар ин сӯҳбатҳо маълум шудааст, ки то ҳол ҳеҷ як аз муфаттише бо парвандаи латукӯби Саидҷонов аслан машғул нашудааст. Саид Саидҷонов, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар шаҳри Хантӣ-Мансӣ аз ҳисоби кор дар сохтмону таксиронӣ пул кор мекард, дар як ҳодисаи рӯзи 31 январ мавриди латукӯби шадиди ходими полиси роҳ қарор гирифт.

Ба гуфтаи Саидҷонов, Анатолий Макаров рӯзи 30 январ ҳуҷҷатҳои ронандагии ӯро гирифта, лейтенант Евгений Нарушев рӯзе баъд ӯро то даридани рӯдааш латукӯб кардааст. Дар парвандаи ҷиноии Кумитаи тафтишот танҳо исми Нарушев зикр шудааст, ки барои баромадан аз салоҳиятҳои корӣ муттаҳам мешавад. Саидҷонов, ки баъди амалиёти ҷарроҳии рӯдааш дар бемористон буд, бо қарори додгоҳ барои нақзи кодекси маъмурии Русия гунаҳгор бароварда шуд ва баъди 18 июн дар муассисаи нигаҳдошти муҳоҷирони марбут ба Хадамоти федеролии муҳоҷирати шаҳри Сургут нигаҳдорӣ мешавад.

Ӯро бояд ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Барояш ҳақи амалиёти дуюми ҷарроҳӣ дода нашудааст ва ӯ бо найчаи пайвастшуда ба рӯдааш дар боздошт боқӣ мемонад. Муфаттиши Кумитаи тафтишот хабар додааст, ки Нарушев ва Макаров ҳам ҳамроҳ бо вакилони дифои худ дар корҳои тафтишотӣ иштирок карда, талош доранд аз худ ҳимоят кунанд. Ба иттилои Кокорев, масъалаи аз боздоштгоҳи хадамоти муҳоҷират озод шудани Саидҷонов як масъалаи сангин шудааст, ба он хотир, ки баъди содир шудани ҳукми додгоҳ ва сипарӣ шудани мӯҳлати шикояти кассатсионӣ, қарори суд ба ҳукми иҷро даромадааст.

Ин ҳукмро танҳо мурофиаи нав дар додгоҳ метавонад бекор кунад, ки барои ин ҳоло бояд вакили дифоъ талош ба харҷ диҳад. “Печидагии масъала дар ин аст, ки аз рӯи қазияи нақзи кодекси маъмурӣ Саидҷонов гунаҳгор эълон шудааст, вале дар қазияи латукӯб ӯ ҷабрдида аст. Ҳоло вакил бояд роҳҳои қонунии ҳалли ин масъаларо ҳам барои озод шудани Саидҷонов биандешад”, мегӯяд Кокорев. Факти дигаре, ки дар сӯҳбати муфаттиш маълум шудааст, ин аст, ки ҳоло ходимони полис талош доранд латукӯби Саидҷоновро натиҷаи стресс, хастагӣ ва асабонияти шадид дар кор қаламдод кунанд.

Муфаттиш мегӯяд, воқеан ҳам ин мушкил ҷой дорад, ба он хотир, ки дар сохтори полиси роҳ кор бо ходимони полис аслан ба роҳ монда нашудааст, ҳаҷми кори ходимон зиёд аст ва ин чиз аз мудирияти бади раҳбарони полис далолат мекунад. Михаил Кокорев мегӯяд, баъди он ки барномаи телевизионии онҳо дар бораи латукӯби ғайриқонунии Саидҷонов нашр шуд ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо ирсоли нота ба унвонии Вазорати корҳои хориҷии Русия дархост кард, ки ин қазия мунсифона ва ҳамаҷониба таҳқиқ шавад, муносибати тафтишот ба парванда ҷиддӣ шуд.

Кто ответит за избиение Саидджонова в России?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:59 0:00

XS
SM
MD
LG