Вазорати корҳои дохилии Русия аз боздошти як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Ногински вилояти Маскав хабар дод. Исми ин шаҳрванд нашр нашудааст, вале гуфта мешавад, ки раҳбарии як гурӯҳи ҷиноӣ ва ҳам шӯъбаи маҳаллии Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ)-ро бар ӯҳда доштааст.
Пулиси Русия мегӯяд, аъзои гурӯҳи ҷиноии қавмие, ки аз зодагони Тоҷикистон иборат буду дар қаламрави шаҳру вилояти Маскав амал мекард, дар соли 2012 ба раҳбарии ин мард ба яке аз ширкатҳои Маскав ҳамла оварда, менеҷерашро захмӣ карданд ва 900 000 рублро, ки бо қурби он замон 30 000 доллари амрикоиро ташкил медод, ба ғорат бурданд.
Пулис мегӯяд, аъзои ин гурӯҳ бо автомати Калашников, туфангчаи травматикӣ ва васоили тирандозии бесадо мусаллаҳ буд. Дар пайи он ҳамлаи ғоратгарона 3 узви гурӯҳи ҷиноӣ дастгир ва маҳкум ба зиндон шуданд, вале раҳбари гурӯҳ тавонист фирор кунад.
Пулиси вилояти Маскав ахиран ин нафарро дар шаҳри Ногинск дастгир кардааст. Дар гузориши вазорати дохилаи Русия гуфта мешавад, ки амалиёти боздошти ин нафар, ки бо худ шиносномаи қалбакии шаҳрванди Тоҷикистонро дошт, бо кумаки ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия - сурат гирифтааст. Мақомот мегӯянд, ки ӯ ҳамзамон бо раҳбарии гурӯҳи ҷиноии қавмӣ “амир”-и яке аз шӯъбаҳои Ҳаракати исломии Узбакистон буда, "ба сурати фаъолона зодагони Осиёи Марказиро ба ҳамкорӣ бо ин созмони тундрав ҷалб мекард."
Худи боздоштшуда дар навори видеоии бозпурсиаш, ки шабакаи телевизионии "5 канал"-и Русия нашр кард, мегӯяд, дар ҳеҷ куҷо кор намекард ва танҳо ба падараш кумак мерасонд. Мақомоти Русия исми ӯро эълон накардаанд ва мегӯянд, ҷустуҷӯи шарикони ин нафар ҳанӯз идома дорад.
Ҳаракати исломии Узбакистон як гурӯҳи тундрави исломист, ки барои сохтани хилофати исломӣ дар Осиёи Марказӣ мубориза мебарад. Ин гурӯҳ ҳанӯз дар поёни солҳои 80 аз водии Фарғона бархоста, аъзояш баъди танг шудани ҷои пояшон дар Узбакистон дар авоили солҳои 90 ба Тоҷикистон фирор карда, дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ аз тарафи нирӯҳои мухолифин ҷангиданд.
Баъди имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон 2 дафъа талош карданд бо зӯри силоҳ ба қаламрави Узбакистон баргарданд. Аммо талоши аввали онҳо дар соли 1999 дар Дараи Ниҳони вилояти Сурхондарё ҷилавгирӣ шуду талоши дувумаш соле баъд дар вилояти Ӯши Қирғизистон ошкор шуд ва ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон ин бор ҳам маҷбур шуданд, аз ними роҳ баргарданд.
Баъди ин ду иқдом ҳузури ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба як мояи таниши сахт байни Тошканду Душанбе табдил ёфт ва як далели ба минакории марзҳояш бо Тоҷикистон шурӯъ кардани Узбакистон низ аз тарафи мақомоти узбак ҳамин кӯшиши пешгирӣ аз ҳамлаи гурӯҳҳое, чун Ҳаракати исломии Узбакистон гуфта мешуд. Душанбе таҳти фишори Тошканд дар ниҳоят ҷангиёни Ҷумъаи Намангониро маҷбур кард, якҷо бо ҳаводорони тоҷикаш ба Афғонистон бираванд.
Аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон дар Афғонистон бо Толибон пайвастанд, вале баъди ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ва оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон аз инҷо ба сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони шимолии Покистон паноҳ бурданд. Ҳоло бахши аъзами аъзои ин ҷунбиши ҷангҷӯ дар Покистон ба сар мебаранд ва дар канори толибҳои афғону покистонӣ ва гурӯҳҳои дигари наздик ба Ал-Қоида ва Толибон алайҳи нирӯҳои ҳукумати Покистон меҷанганд.
Ҳаракати исломии Узбакистон дар қариб 14 соле ки дар Афғонистону Покистон паноҳ мебарад, ба чанд шоха тақсим шуд ва аз ҷумла аъзои тоҷикаш гурӯҳи низ тундрави Ансоруллоҳро ташкил дода, дар солҳои 2009-2011 талош карданд, то бо роҳбарии фармондеҳи собиқи мухолифин Мулло Абдуллоҳ Раҳимов ба водии Рашт – ҷабҳаи асосии ҷанги байни давлат ва мухолифини тоҷик дар солҳои 90 – баргарданд.
Баъди кушта шудани Мулло Абдуллоҳ дар апрели соли 2011 ин талошҳо зоҳиран фурӯ нишаст. Вале хабарҳои расида аз шимоли Афғонистон ҳокист, ки ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон ва ҳамсафони онҳо талоши бозгашт ба саҳнаи Осиёи Марказиро то ҳол дар сар доранд. Дар ҷангҳои соли гузашта бо Толибон дар минтақаи Вардуч ва ҳафтае пеш дар минтақаи Юмгони вилояти Бадахшони Афғонистон, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар канори толибон ҷангиён аз Тоҷикистону Узбакистон низ зиёд будаанд.