Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуфаттоҳи Ғоиб ва кормандонаш англисӣ меомӯзанд


Абдуфаттоҳи Ғоиб
Абдуфаттоҳи Ғоиб

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси 56-солаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ба омӯзиши забони англисӣ шурӯъ кардааст. Ин барнома ва, инчунин, омӯзиши имлои забони тоҷикӣ барои ҳамаи кормандону мақомоти сохтори зери раҳбарии ӯ пешбинӣ мешавад. Мақомот мегӯянд, ки кормандони гумрук бояд забони хориҷиро дониста, ҳуҷҷатгузориро тибқи имло ва бидуни хато дуруст кунанд.

"Забони англисӣ ҳар рӯз зарур мешавад"

Дар бархе ҳолат кормандони гумрук водор мешаванд, барои муошират тарҷумонҳоро даъват кунанд, ки ба харҷи вақт ва маблағ сабаб мешавад

Ҷамила Мирбозхонова, сухангӯи Хадамоти гумрук, рӯзи 25-уми август гуфт, ки омӯзиши забони англисиро раиси ин ниҳод Абдуфаттоҳи Ғоиб аз худаш шурӯъ кардааст. Ӯ гуфт, "раис аз кормандону зердастони дигар хост, ки ҳатман аз пайи боло бурдани сатҳи забондонии худ шаванд. Ӯ гуфт, масъулини бахши байналмилалии ин сохтор ба се забон ҳарф мезананд ва ҳоло навбати омӯзиши онҳое расидааст, ки дар марзҳо бевосита бо шаҳрвандони хориҷӣ сари кор мегиранд."

Дар такмили забони тоҷикӣ барои ходимони гумрук мутахассисони кафедраи забони тоҷикӣ ва назарияи забоншиносии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон кумак мекунанд. "Дар миёни кормандони дидбонгоҳҳои гумрукӣ, бахусус дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ ин мушкил эҳсос мешавад. Ҳамарӯза садҳо шаҳрванди хориҷӣ вориди Тоҷикистон мешавад ва муомила бо онҳо танҳо бо забони англисӣ имконпазир аст. Дар бархе ҳолат кормандони гумрук водор мешаванд, барои муошират тарҷумонҳоро даъват кунанд, ки ба харҷи вақт ва маблағ сабаб мешавад", - афзуд Мирбозхонова.

"Вақте Зарифӣ бо англисӣ гап мезад..."

Донистани забони англисӣ бахусус аз он кормандоне тақозо мешавад, ки дар гузаргоҳи марзии минтақаи Турсунзода кор мекунанд. Ин минтақа бо Узбакистон ҳамсарҳад аст ва гузаргоҳи марзиаш барои равуои шаҳрвандони оддӣ ва ҳам мошинҳои борбар истифода мешавад. Аз ин марз бисёр вақт тоҷирони хориҷӣ убур мекунанд, ки моли худро ба Тоҷикистон ворид мекунанд.

Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло

Бархе соҳибназарон мегӯянд, ки омӯзиши забони хориҷӣ дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон падидаи мусбат аст, чун тақозои замон аст, ки кормандони масъул на танҳо бо як забон, балки бо чанд забон кору муошират кунанд. Ҳоло ба назар мерасад, ба донистани забони хориҷӣ бештар қишри соҳибкор, фаъолони ҷамъиятӣ ва журналистону ҷавонон майл доранд - то кормандони собиқадори давлат.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж”, мегӯяд, забондонӣ як хусусияти муҳими раҳбарони муосир аст. Ӯ гуфт, “донистани забони англисӣ на танҳо ба раҳбарони вазоратхонаҳое ҳатмӣ бояд бошад, ки бо кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунанд, балки ба ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ зарур аст. Ёд дорам, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон вақте дар мулоқот нахуст бо забони англисӣ ҳарф мезад, ҳама онро ба хубӣ мепазируфтанд. Дар Хадамоти гумрук низ, ки фаъолияти кормандонаш бештар бо шаҳрвандони хориҷӣ вобаста аст, ҳама бояд забони хориҷиро бидонанд.”

"Ба тарҷумон ниёз доранд"

Ҳоло сатҳи донистани забони русӣ коҳиш ёфтааст ва дар баробари омӯзиши забони англисӣ бояд ба омӯхтани забони русӣ низ таваҷҷӯҳи бештар дода шавад. Зеро рушди Тоҷикистон бе Русия душвор ба назар мерасад
Баҳриддин Камолиддинов

Бархе аз журналистони дигар мегӯянд, сатҳи муошират, ҳунари баён ваё забондонии мақомоти тоҷикро аксар вақт аз нишастҳои матбуотӣ арзёбӣ карда мешавад. Дар ҳамин нишастҳо аз забону баёни бархе мақомдорон бармеояд, ки фикри худро на ҳамеша возеҳу рӯшан ва бо забони хуби адабӣ баён карда метавонанд. Забонҳои хориҷиро ҳам на ҳамаи онҳо балад ҳастанд.

Азизи Нақибзод, хабарнигори тоҷик гуфт, “метавонам бигӯям, ки ҳоло 90 дарсади мақомоти тоҷик наметавонанд озод ба забони адабии тоҷикӣ суханронӣ кунанд. Танҳо аҳён мақомотеро метавон номбар кард, ки тавонанд ба забони хориҷӣ, манзурам англисӣ сӯҳбат кунанд. Ба ин далел ҳатто дар мулоқот бо мақомоти Русия бархе аз раҳбарони Тоҷикистон ба тарҷумон ниёз доранд.”

Азизи Нақибзод
Азизи Нақибзод

Як хабарнигор, ки замоне дар ҳайатҳои ҳукуматӣ ҳамроҳ бо президент дар сафарҳои хориҷӣ иштирок мекард, гуфта буд, ки бисёр вақт маҳз ба хотири надонистани забон баъзе мақомдорон дар ин сафарҳо шонси пайдо кардани контактҳои муфиди тиҷоративу кориро аз даст медиҳанд. Дар ҳоле ки метавонанд бар асоси робитаҳои кории фаъолтар барои ҷалби сармояву ҳамкорҳои нав ба Тоҷикистон саҳмгузор шаванд.

"Бояд ба омӯзиши забони русӣ ҳам таваҷҷуҳ кунанд"

Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси тоҷик мегӯяд, дар солҳои баъд аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ сатҳи забондонии мақомоти тоҷик рӯ ба беҳбуд овардааст. “Дар солҳои Шӯравӣ танҳо ба донистани забони русӣ авлавият дода мешуд. Мутаассифона, ҳоло сатҳи донистани забони русӣ коҳиш ёфтааст ва дар баробари омӯзиши забони англисӣ бояд ба омӯхтани забони русӣ низ таваҷҷӯҳи бештар дода шавад. Зеро рушди Тоҷикистон бе Русия душвор ба назар мерасад”, - гуфт ӯ.

Камолиддинов мегӯяд, забономӯзиву пешрафти малакаи суханронӣ як протсеси тӯлонӣ, вале амалишаванда аст ва танҳо машқу кор мехоҳад.

Баҳриддин Камолиддинов
Баҳриддин Камолиддинов

Зимнан, мавзӯи забондонӣ ва ҳам саводи забони тоҷикӣ дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон аз солҳо қабл ба мавзӯи доғе табдил шудааст ва ҳатто дар сомонаҳои иҷтимоӣ корбарон ибораҳои нодуруст истифодашудаи мақомоти баландпояи Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор медиҳанд. Абдуҷаббор Раҳмонзода (Раҳмонов) соли 2004 вақте раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шуд, ғайриинтизор эълон кард, ки аз ҳамаи кормандони ин ниҳод ва шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатӣ иншо мегирад. Сабаби ин тасмим ҳам ноқаноатмандӣ аз савияи дониши забонии кормандон буд.

Шӯрои адлияи Тоҷикистон соли 2015 бо баргузории санҷиши ҳуқуқ ва забони тоҷикӣ барои ҳудудан 200 додраси коромӯз танҳо ба 49 нафари онҳо барои кор дар додгоҳҳои Тоҷикистон роҳхат дода буд.

XS
SM
MD
LG