Ҳабси чанд ҷавон ва намоиши фаршшӯии онҳо бо ҷурми гаппартоӣ ваё дашноми занону духтарон бисёре аз сокинони пойтахтро эҳтиёткор кардааст. Ҳоло ҷавонҳо бо шӯхӣ ба якдигар "маслиҳат" медиҳанд, ки "агар ба духтаре гап партофтанӣ ҳастӣ, бояд аввал чӯбу латтаи фаршшӯиатро омода кунӣ".
Як-ду писар аз дохили мошини "Ренҷ Ровер" ба духтаре ҳар гап мегуфтанд. Духтар телефонашро бароварда, хост акс гирад. Бачаҳо аз тарс гурехта рафтанд
“Талхакаф шудаанд”
Ҳокимшо, як сокини ҷавони Душанбе, рӯзи 24-уми сентябр гуфт, ҷазо барои баддаҳонӣ гурӯҳе аз ҳамсолони ӯро "ба тарс андохт". "Баъди ин ҳодисаҳо талхакаф шудаанд. Мегӯянд, ки қонун баромадааст, мебаранд фарш мешӯӣ, ҷарима месупорӣ. Аслан ба духтарон гапи дағал намегуфтам. Ҳозир агар ягон дӯстам ин корро карданӣ шавад, барояш таъкид мекунам, ки метавонад ҷазо гирад", - афзуд ӯ.
Ба қавли мусоҳиби мо, худи духтарон ҳоло дар ин маврид каме боҷуръат шудаанд ва зимни луқмапартоӣ ё рафтори ноҷо аксуламал нишон медиҳанд. Ҳокимшо афзуд, "чанд рӯз пеш як-ду писар аз дохили мошини “Ренҷ Ровер” духтареро ҳар гап мегуфтанд, духтар телефонашро бароварда сурат гирифтан хост. Бачаҳо аз тарс гурехта рафтанд."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Дар ҳамин ҳол, баъзе фаъолони ҷамъиятӣ дар кӯчаҳои пойтахт як санҷиш гузаронданд. Онҳо бо либос ва ороиши гуногун ба кӯчаҳо баромада, аксуламалаи ҷавонҳоро нисбат ба худ фаҳмиданд.
Вазъ дар кӯчаи марказӣ 90% тағйир ёфтааст
Шаҳло Иброҳимова, яке аз бонувони фаъол, гуфт, бино ба мушоҳидаи онҳо гаппартоӣ дар кӯчаи марказии шаҳри Душанбе кам шудааст. “Дастрасонӣ ба бадани занон аслан набуд. Танҳо дар тарафи бозори “Саховат” ва маҳаллаи 46-ум вазъ зиёд тағйир наёфтааст”, - афзуд ӯ.
Шаҳло Иброҳимова ва ҳамақидаҳои ӯ ду моҳ қабл бо ирсоли як нома ба шаҳрдорӣ аз бадрафторӣ ва озори лафзиву луқмапартоии баъзе ҷавонҳо нисбат ба занон дар кӯчаҳои пойтахт шикоят намуданд. Худи Шаҳло, ки он замон аз бадрафторӣ шикоят мекард, гуфт, акнун ҷавонон дар муносибат бо духтарон эҳтиёткор шудаанд.
“Пештар, вақте аз назди хона ё кӯчаҳои шаҳр мегузаштам, гап мепартофтанд, даст мерасонданд. Ҳозир вазъ бисёр тағйир ёфтааст. Озодона аз кӯчаҳо мегузарам, Шабона ҳам барои ба мағоза рафтан наметарсам. Ҳозир дар дохили марказ 90 фоиз, аз марказ берун 80-70 фоиз беҳтар шудаст. Бо зӯрӣ ҳам бошад, эҳтиром нисбат ба занон бештар шудааст”, - афзуд ӯ.
“Вақте ҷинси дарида мепӯшам...”
Дар пайи шикояти духтарони ҷавон аз бадрафторӣ дар хиёбонҳои пойтахт, шаҳрдорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дод ва гуфт, рафтори мардонро дар кӯчаҳо 2700 дастгоҳи сабт назорат хоҳад кард. Илова ба ин, дар назди пулиси пойтахт назорати вижа аз шикояти бонувон дар ин замина роҳандозӣ шуд. Дар давоми як моҳи охир милисаи Душанбе аз муҷозоти ҳадди ақал се сокини пойтахт барои озори лафзии занон хабар дод. Аксу наворҳо аз ҷараёни иҷрои корҳои ислоҳии онҳо ҳам пайваста расонаӣ мешавад.
Бо вуҷуди онки нисбат ба гузаштаҳо ҳоло вазъ аз ин назар каме беҳтар шудааст, вале ҳанӯз ҳам ба гуфтаи аксар бонувони дигар, талошҳо дар ислоҳи вазъ ва рафъи бадахлоқӣ бояд ҷиддитар рҳандозӣ шавад.
Ҷанин Зейн, мусоҳиби ҷавони мо мегӯяд, ҳамоно ҳангоми сайругашт бо либоси каме кушодаву замонавӣ ба суроғаи худ суханҳои дағалу қабеҳ мешунавад. “Дар роҳ ҳоло ҳам ҳақорат медиҳанд. Чизе гуфта наметавонам. Метарсам, ки боз назананд. Вақте ҷинси дарида пӯшам, гапҳои безеб мегӯянд ё расида мегузаранд. Мехостам милисаҳо худашон нисбат ба ин масъала ҷиддитар бошанд. Онҳо худашон бояд намуна бошанд”, -афзуд ӯ.
“Бархе духтарон сӯиистифода мекунанд”
Дар ҳоле ки ба масъалаи бадахлоқӣ ва озори лафзии духтарон аз ҷониби ҷавонҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шудааст, гурӯҳе ба он таъкид мекунанд, ки бояд кӯшиш кард, то аз ин вазъ суистифода накунанд.
Бархе аз ҷавонписарон ҳам нимшӯхиву нимҷиддӣ аз он шикоят мекунанд, ки чаро занон барои сухану рафтори ноҷо нисбат ба мардон муҷозот намешаванд?
Ҷаҳонгир Шарипов мегӯяд, “аз як тараф хуб аст, ки аз ҳуқуқи зан ҳимоят мешавад. Вале бархе аз духтарон аз ин сӯистифода карда, бачаҳоро масхара мекунанд. Масалан, дар роҳ меравӣ, духтари зебо туро нигоҳ мекунад, ту ҳам маҷбур мешавӣ ӯро нигоҳ кунӣ. Духтароне ҳастанд, ки худашон дастдарозӣ мекунанд. Чанде пеш як духтар хост, телефонро барои як занг ба ӯ диҳам, баъди 20 дақиқа ба телефонам занг заду ба суҳбат шурӯъ кард.”
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ахиран дар нишасте бахшида ба ҷилавгирӣ аз ҳарасмент аз афзоиши муроҷиати занону духтарон дар мавриди бадахлоқӣ ва ҳамлаҳои лафзии мардон дар кӯча хабар дод. Ин ҳам ба гуфтаи масъулини вазорат баёнгари боҷуръаттар шудани духтарон аст.
Бонувоне, ки шикоят кардаанд, дар аксар ҳолат сабти аъмоли ношоистаи ҷавононро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё телефонҳои мобилии худ дар ихтиёри пулис гузоштаанд.